19.12.1983

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №17. Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2006), Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (с.2015), магистратураи Донишгоҳи политехникии Валенсия (с.2013). Унвонҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (с.2013-2017), ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (с.2006-2008), ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (с.2008), омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (с. 2018 - 2019), аз соли 2019 омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми забоншиносӣ масъалаҳои нобаробарии гендериро дар китобҳои дарсии забони англисӣ таҳлил намудааст. Аз лиҳози назариявӣ татбиқи механизми тавсифи категорияҳои семантикӣ ва роҳҳои ифодаи онҳоро дар забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар доираи лоиҳаи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо барномаи байналхалқии Erasmus Mundus ғолиб омад, дорандаи якчанд сертификатҳои байналҳалқӣ мебошад.

Муаллифи 1 дастур ва маводи таълимӣ, 14 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.