10.04.1980

Номзади илмҳои физика - математика, дотсент

 

Тав.: шаҳри Исфараи вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: литсейи №1 ба номи А.Азизов шаҳри Исфара. Хатмкардаи факултети технологияи ФХДТТ (с.1997-2002). Аспиранти ДТТ (с.2005-2008), ассистенти кафедраи барномасозӣ ва технологияҳои информатсионии  ФХДТТ (с. 2002-2006), омӯзгори калон (с. 2006-2010), мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2010-2013), мудири кафедраи низомҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёт (с. 2013-2015), мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с. 2015-2018), аз соли 2019 дотсенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар доираи тадқиқоти илмӣ бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усмонов З.Ҷ. бори аввал дар илми тоҷик синтези овози тоҷикиро аз рӯйи матн (Tajik Text to Speech) барои талаффузи матни забони тоҷикӣ дар компютер коркард намудааст.

Дар ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии MicroSoft ва кормандони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ модули TajSpel - пакети барномаҳоро барои тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо барои барномаи MS Office коркард кардааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Китобҳои дарсӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расонидааст.

Дар лоиҳаҳои инноватсионӣ байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шогирдони ӯ ба гирифтани ҷойҳои якум (с. 2012 ва 2014) мушарраф гардиданд.

Муаллифи 2 монография, 46 мақолаҳои илмӣ, 21 шаҳодатномаи моликияти зеҳнӣ ва захираи иттилоотӣ, 9 китоби дарсӣ, 7 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Дорандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, соли 2006;

Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, соли 2009;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011;

Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, с. 2011;

Дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни “Олимони ҷавон”, соли 2012;

Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, с. 2013;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014;

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд,  соли 2017;

Дипломи дорандаи ҷоизаи АИ ҶТ  ба номи академик С. Умаров дар соҳаи илм ва техника, Президенти АИ ҶТ,  с. 2017;

Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми в. Суғд, с. 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. сомона www.tajlingvo.tj