20.09.1958

Номзади илмҳои физика - математика, дотсент

 

Тав.: шаҳри Исфара, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби №12-и шаҳри Хуҷанд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо тахассуси математики соҳаи математикаи амалӣ (с.1980). Коромӯз – муҳақкиқ,  корманди илмии Маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон (с.1996–1980), омӯзгори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (то соли 1990) ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1990–1996), сармуаллим, мудири кафедраи барномарезӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, сардори идораи таъминоти сифат, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ ва дизайни Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 1996-2010), декани факултети технологӣ-иттилоотӣ, сардори маркази банақшагирии стратегӣ ва идораи сифат, дотсент, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2010-2015), аз соли 2015 муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бо иштироки бевоситаи ӯ бисёр ҷабҳаҳои фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (инчунин Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) компютеризатсия шуда, оид ба автоматизатсияи қариб ҳама равандҳои таълим барномаҳои компютерӣ сохта шуданд, ки натиҷаи ин корҳо системаи иттилоотии идоракунии донишкада мебошад. Яке аз ташаббускорони гузариш ба низоми кредитии таҳсилот маҳсуб гашта, дар ҳайати ҳамаи гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати татбиқи ин низом дар филиалу донишкада ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзидааст.  

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Ӯ координатори (инчунин муаллифи) асосии ҳамаи лоиҳаҳои грантии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба барномаи аврупоии ТЕМПУС буд ва ин лоиҳаҳо ба арзёбии филиал (донишкада) ҳамчун яке аз беҳтарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кардаанд. Яке аз натиҷаҳои асосии ин лоиҳаҳо низоми дохилидонишгоҳии таъминоти сифати коркардаистода мебошад. Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи ӯ нақшаҳои таълимии таҷрибавии низоми кредитии таҳсилот барои ихтисосҳои вобаста бо технологияҳои иттилоотӣ (с.2007), нақшаҳо ва стандартҳои таълимии давраи нави ба компетенсияҳои хатмкунанда нигаронидашудаи ихтисосҳои бо технологияҳои иттилоотӣ вобастаи бакалавриатура (с.2010, 2016) ва магистратура (с.2012, 2017), низомномаҳо оид ба муайян кардани сарбории устодон, бақайдгирӣ ва назорати дастовардҳои таҳсилии донишчӯён ва ғайраҳо таҳия шудаанд, ки ин ба тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар арсаи байналмилалӣ мусоидат карда истодааст.

Аз соли 2015 баъди ба вазифаи муовини директор оид ба таълим гузаштан ӯ бевосита барои рақобатпазир гаштани хатмкунандагони донишкада дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва берун аз он, ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик шудани мундариҷаи таълим хизмат карда истодааст. Зери роҳбарии ӯ мазмуну мундариҷаи барномаҳои таҳсилоти (стандартҳои давлатии таълим, нақшаҳои таълим ва силлабусҳо) ҳамаи ихтисосҳои зинаҳои таҳсилоти бакалавриат ва магистратура пурра нав карда шуд. Дар натиҷаи навовариҳо дар раванди таълим оид ба таҳия ва назорати сарборӣ, назорати иҷрои рисолаҳои хатм бо ёрии системаи иттилоотӣ, самаранокии кори омӯзгорон беҳтар гардид.

Баробари ин, Мақсудов Х.Т. бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, роҳбари мавзӯи илмии кафедра мебошад. Ӯ беш аз 120 кори илмӣ чоп намуда, 10 китоби дарсӣ навишта, соҳиби 35 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ва дар бораи бақайдгирии давлатии захираҳои иттилоотӣ шудааст, ки онҳо ба масъалаҳои гуногуни информатика, геометрияи компютерӣ, технологияи барномарезӣ, ташкил ва автоматикунонии раванди таълим ва таъмини сифати он марбутанд. Шогирдони ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии фанни информатика ва барномарезӣ 6 маротиба ҷойҳои 1 ва 2 – ро соҳиб шудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ифтихорномаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд;

Ифтихорномаи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.