28.06.1985

Номзади илмҳои филология

 

Тав.: шаҳраки Курушкада, ш. Истаравшан, вилояти Суғд, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: литсей-интернат (с.1992-2003). Хатмкардаи факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2008), таҳсил дар аспирантура (с. 2009-2011). Омўзгори кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ (с. 2009-2012), номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи забони англисии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (с. 2012-2013). Айни ҳол омӯзгори калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар ш. Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот:

Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, 3 китоби илмӣ ва 15 дастури таълимӣ-методӣ.

Соли 2018 монографияи илмӣ таҳти унвони «Ҷамҳарат-ул-амсол»-и Абўҳилол ал-Аскарӣ ва аҳамияти илмиву арзиши адабии он» дар ҳаҷми 230 саҳифа, соли 2018 монографияи илмӣ таҳти унвони “Абухилал ал-Аскари. Книга о халифах, представших перед судьями. Издание и перевод” ва соли 2019 таҳқиқоти илмӣ зери унвони «Джамхарат ал-амсал» Абухилала ал-Аскари и его литературно-художественные особенности» ба табъ расид.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.