01.04.1961

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №19 ш. Душанбе. Хатмкардаи факултети механикӣ-технологии Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабуки ш. Тошкент  (с. 1983). Усто  ва сардори сехи бофандагии комбинати шоҳибофии ш. Душанбе (с.1983-1987), ассистенти кафедраи технологияи саноати бофандагии филиали Институти политехникии Тоҷикистон  (с. 1987), аспиранти Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабуки ш. Тошкент, номзади илмҳои техникӣ (с.1993), омӯзгори калони кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ (с.1994),  мудири кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии ФХДТТ (с. 1995),  муаллими калони кафедраи дизайн ва меъмории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (с. 2010), сардори маркази тестии донишкада (с. 2014), аз соли 2018 сардори маркази мартабаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш. Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Мукаммалгардонии ҷараёни ҷудокунии нахҳои сатҳи пилларо  бо мақсади нигаҳдории сифати қабати болоии пилла мавриди тадқиқ қарор додааст ва аввалин номзади илми техникии соҳаи коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Натиҷаи тадқиқоти илмӣ дар самти коркарди пилла ва мукаммалгардонии автоматҳои аз нахҳо тозакунии сатҳи пилла дар комбинати абрешими ш. Хуҷанд татбиқ шуда,  боиси баланд шудани сифати ресмонҳои абрешим ва ҳосилнокии меҳнат гаштааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Ҳамчун мутахассиси соҳаи истеҳсоли нах, ресмон ва матоъ тайи солҳои зиёд дар тарбияи  муҳандис-технологҳои ҷавон саҳм мегузорад. Ба  ҳайси сардори маркази мартабаи донишкада барои баланд бардоштани савияи касбии донишҷӯён ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ҳиссагузор аст.

Муаллиф  ва мураттиби бештар аз 40 корҳои илмӣ ва таълимӣ-методӣ, инчунин 1 ихтирои илмӣ мебошад. 

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Хуҷанд, соли 2015;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.