30.05.1945

Доктори илмҳои биологӣ, профессор

 

Тав.: деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби № 2 (с.1951-1961), техникуми зооветеринарии Навободи ноҳияи Ғарм ва Совхоз – техникуми ба номи В.В. Куйбишев, бо дипломи аъло (с.1961-1965). Веттехники ноҳияи Конибодом (с.1965-1966).  Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (с.1966 – 1968). Хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи ш. Душанбе, гирандаи  стипендияи ленинӣ (с.1968 – 1973). Духтур – ординатори кафедраи анатомия ва гистология, ассистенти кафедраи микробиология ва эпизоотология, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи анатомия ва гистологияи факултети ветеринарии Донишкадаи хоҷагии  қишлоқи ш. Душанбе (с.1973 – 2000), дифои рисолаи номзадӣ дар шӯрои диссертатсионии Донишкадаи тиббии ветеринарии ш. Ленинград (с. 1983) ва ҳимояи рисолаи докторӣ дар шӯрои диссертатсионии Академияи  тиббии ветеринарии  ба номи академик К.И. Скрябини ш. Москва (с. 1997), мудир, профессори кафедраи агротехнологияи ФХДТТ (с. 2000-2010), аз соли 2010 инҷониб профессори кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Муаллифи зиёда аз 150 корҳои  илмӣ ва методӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Бо шогирдон дар мавзӯи “Хусусиятҳои пӯсти қутосҳои экотипи Помири Тоҷикистони Шимолӣ” корҳои илмӣ-тадқиқотиро давом дода истодааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ифтихорномаи Вазорати  саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.