17.09.1956

Номзади илмҳои кишоварзӣ

 

Тав.: ҷамоати Хистеварзи ноӽияи Б. Ғафуров, вилояти Суғд, аз оилаи коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №4. Хатмкардаи факултети гидромелиоратсияи Донишгоӽи аграрии Тоҷикистон (с.1978). Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти илмӣ-тадқиқотии хокшиносии Академияи кишоварзии Тоҷикистон (с. 1981-1983), корманди хурди илмӣ (с.1978-1985), корманди калони илмӣ (с.1985- 1994), омӯзгори калони кафедраи механикаи Филиали Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд (с.1988-1994), омӯзгори калони кафедраи геометрияи тасвирӣ ва механикаи назариявӣ (с.1994-1996), омӯзгори калони кафедраи графикаи муӽандисӣ ва геодезия (с.1996-1998), дотсенти кафедраи графикаи муӽандисӣ ва геодезия (с.1998 – 2007), муовини декани факултети механика (с.2000-2007), мудири кафедраи сохтмони саноатӣ ва шаӽрвандӣ  ФХДТТ (с.2007-2010), и. в. мудири кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с.2010 -2011), и. в. мудири кафедраи меъморӣ (с. 2011-2012), дотсенти кафедраи сохтмон (с.2012-2018). Айни ҳол дотсенти кафедраи технология ва конструксияӽои сохтмонии Донишгоӽи давлатии Сургути Федератсияи Россия.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар шароити заминӽои санглохи массиви Ашти калон элементҳои техникаи обмонии пахта ва дигар зироатӽои техникиро тадқиқот гузаронида, усулӽои самараноки техникаи обёриро барои истеҳоли маҳсулоти кишоварзӣ тавсия намудааст. Дар асоси дастовардӽои илмӣ – тадқиқотӣ дар шароити заминӽои навкорами Ашти калон даӽӽо ӽазор гектар боғӽои мевадиӽанда бунёд гардидааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ, 15 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011;

Сипосномаи раиси вилояти Суғд, соли 2004;

Ифтихорномаи Вазорати кишоварзӣ барои иштироки фаъолона дар тадқиқоти илмӣ-кайҳонӣ дар қаторкӯҳҳои Тян-Шон “Интеркосмос Тянь-Шянь -1988”, соли 1988.

Робита: nasrulloev Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.