10.05.1944

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

 

Тав.: шаҳри Ленинобод (Хуҷанд), аз оилаи зиёӣ. Хатмкардаи шуъбаи кибернетикаи иқтисодии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (с.1967). Аспиранти Пажӯҳишгоҳи иқтисодию математикии АУ Иттифоқи Шӯравӣ (Москва, с. 1969-1972), роҳбари шуъбаи банақшагирии оптималӣ ва идоракунӣ, бахши иқтисодиёт ва сотсиологияи меҳнати Пажӯҳишгоҳи иқтисодии АУ ҶТ (с. 1972-1981), роҳбари шуъбаи ҳосилнокии меҳнати бахши тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии меҳнати Кумита оид ба меҳнати Иттифоқи Шӯравӣ (Душанбе, с.1981-1985), мудири кафедраи менеҷмент ва информатика, менеҷмент ва соҳибкорӣ, аввалин ташкилкунандаи комплекси аудиовизуалии компютерии ДАТ дар Осиёи Миёна ва дувумин дар Иттиҳоди Шӯравӣ (с.1985-1998), мудири кафедраи менеҷмент ва соҳибкории ФХДТТ (с.1998-1999), ташкилкунанда ва роҳбари Маркази тайёркунии коркунони мунитсипалӣ (с.1999-2015), профессори Институти технологияи иттилоотӣ ва менежменти ДДХ (с. 2005-2010), аз соли 2011 профессори кафедраи иқтисодиёти соҳавии  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Таҷрибаомӯзӣ ва ширкат дар барномаҳои байналхалқӣ доир ба асосҳои иқтисодиёти бозоргонӣ ва соҳибкорӣ дар Донишгоҳи Техасси ИМА (с.1995), Институти миллии соҳибкории Ҳиндустон (с. 1995), Институти бизнеси миёна ва хурди Туркия (с.1997-2002). Аъзои гурӯҳи экспертии ҶТ оид ба масъалаҳои мукаммалкунии низоми мақомоти идоракунӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Осиёи Марказӣ.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти педагогӣ:

Дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда усули таҳлили таъсири омилҳои иқтисодию иҷтимоиро ба ҳосилнокии меҳнат дар асоси татбиқи усулҳои моделсозии нави иқтисодию риёзӣ ва техникаи компутерӣ коркард намудааст. Тадқиқот ва коркарди модули таълимии баланд бардоштани савияи ихтисоси коркунони мунитсипалиро дар низоми мақомоти идоракунӣ ва худидоракунии маҳаллӣ васеъ ҷорӣ кард, инчунин асосгузори коркарди методологияи тартиб додани банақшагирии стратегӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 11 номзад, 2 докторҳои илми иқтисодиёт тайёр карда шудааст.  Муаллифи зиёда аз 180 асарҳои илмӣ ва методӣ-таълимӣ, аз он ҷумла 11 монография ва 12 китобу дастурҳои таълимӣ.

Иштирокчии конфронсу ҳамоишҳои байналхалқӣ (Коллеж-Стейшен-/ИМА, 1995; Деҳлӣ/Ҳиндустон, 1995; Анталия/Туркия, 2003; Москва, 2007).

Мукофоту ҷоизаҳо:

Грамотаи Маҷлиси Олии ҶТ, соли 1991;

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994;

Академики Академияи улуми байналхалқии мактабҳои олӣ, соли 2006;

Профессори фахрии Донишгоҳи Техаси ИМА, соли 1995;

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, соли 2014;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.