30.04.1961

Номзади илмҳои химия, дотсент

 

Тав.: ҷамоати Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ноҳияи Б. Ғафуров), аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 14 ноҳияи Хуҷанд (с.1968-1978). Коргари сехи №2 иттиҳодияи истеҳсолии таъмири пойафзол ва касонадӯзии "Базеб"-и шаҳри Хуҷанд (с.1978-1979). Хатмкардаи факултети табиатшиносию география, шуъбаи биология–химияи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. Киров (ҳозира ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) бо дипломи сурх (с.1984).  Омӯзгори мактаби миёнаи № 14, аспиранти Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии химияи Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (с.1984-1987), сарлаборант, ходими илмии  лабораторияи химияи пайвастаҳои синтетикии аз ҷиҳати биологӣ фаъоли Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии химияи АФ ҶТ (с.1987-1993), дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи "Синтез ва табдилдиҳии 2-амино-5-алкилтиоэтил-1,3,4-тиадиазолҳо" (с.1992), ходими илмӣ ва ходими калони илмии лабораторияи химияи маркази илмии Хуҷанд (с.1994-1995), омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедраи химия ва технологияи маводи хӯрока, ҷонишин ва сардори департаменти технология, дотсенти кафедраи химия ва технологияи маводи хӯрокаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1995-2010), дотсенти кафедраи химия ва технологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2010-2014), айни ҳол дар нафақа.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи собиқ ИҶШС (ВДНХ СССР) иштирок намуда, сазовори медали биринҷӣ гардидааст (с. 1986).

Зиёда аз 110 моддаҳои нави химиявии қатори 1,3,4-тиадиазолҳо ва аналогҳои конденсиронидаи онро ҳосил намуда, аз қайди давлатӣ гузаронидааст.  

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи бештар аз 80 корҳои илмиву методӣ, аз он ҷумла 55 корҳои илмӣ, 20 корҳои методӣ, 7 корҳои илмиву оммавӣ ва 2 ихтироот мебошад. Дастурҳои методии ӯ ҳамчун адабиёти дарсии мактабҳои олӣ аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст.

Шогирдонаш зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои 3 гардидаанд (с. 2011, 2012).

Дар Донишгоҳи шаҳри Линколни штати Небраскаи Амрико такмили ихтисос намуда, соҳиби 4 сертификати Донишгоҳи UNL гардидааст (с. 2001, 2003).

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи фахрии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, соли 2001;

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002;

Ифтихорномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, соли 2006.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.