20.09.1947

Номзади  илмҳои химия, дотсент

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи рақами № 4 шаҳри Хуҷанд (с. 1965 – 1970). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (с.1970 – 1973). Лаборанти калони лабораторияи фторидҳои Институти химияи АФ Тоҷикистон (с. 1973 – 1982), аспирант ва корманди хурди Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии ба номи Н.С. Курнакови АФ ИҶШС (с.1982 –1984), омӯзгори кафедраи химияи умумии Донишкадаи давлатии ба номи Т.Г. Шевченко (с.1984 –1995), сармуаллим ва дотсенти кафедраи химияи умумии Донишкадаи давлатии ба номи Т.Г. Шевченко (с.1995–1996), омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумиилмии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с.1996 – 2010), дотсенти кафедраҳои химия ва илмҳои ғизоӣ, химия ва технология, маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с. 2010-2018), аз соли 2018 то ҳол дотсенти кафедраи физика ва химияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Муаллифи 1 шаҳодатномаи зеҳнӣ ва 60 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни химия шогирди ӯ ба гирифтани ҷойи 3 мушарраф гардид (с. 2012).

Муаллифи 3 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Лауреати мукофоти комсомоли Ленинӣ дар соҳаи илму техника, соли 1978;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1987;

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2014;

Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: тел: +992 92 704 48 66