08.02.1972

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Ленинободи (ҳозира Хуҷанд) вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи № 33 ноҳияи Б. Ғафуров. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 1994). Муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 26 ноҳияи Б. Ғафуров (с.1994 - 2001), ассистенти кафедраи забонҳои Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (с. 2002 - 2010), сармутахассиси шуъбаи аспирантураи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2011-2012), мудири шуъбаи магистратура ва аспирантураи ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ (с. 2012-2015), мудири шуъбаи тайёркунии кадрҳои илмии ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2015-2016), аз моҳи феврали 2016 омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми забоншиносии тоҷик хусусиятҳои гуногуни забонии «Шоҳнома»,  масъалаҳои алоҳидаи лексикология мисли истифодаи калимаҳои арабӣ аз тарафи Фирдавсӣ, хусусиятҳои воҳидҳои луғавии алоҳидаи истифоданамудаи шоир, хусусиятҳои маъноиву услубии калимаҳои сермаъно, луғати ҳарбии «Шоҳнома», корбурди муродифот, тағйироти маъноии калимаҳо,  масоили гуногуни ба забону услуби баъзе достонҳои «Шоҳнома» бахшидашуда, каломи фасеҳу ширини Фирдавсӣ, ифодаҳои маҷозии асар, робитаи забони ҳамосаи мазкур бо забони зиндаи гуфтугӯии халқи тоҷик, пасвандҳои калимасоз ба маънои хосса истифода шудани калимаҳои мураккаб мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 6 дастур ва маводи таълимӣ, 23 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2007.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.