14.12.1977

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Ашт, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: МТМУ №5 ба номи К. Маркс. Хатмкардаи факултети механикии Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2000). Устои калони шабакаҳои барқии ноҳияи Ашт  (с.2000-2003), ассистенти кафедраи электротаъминкунии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с.2003-2008), аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Душанбе (с.2007), сармуаллими кафедраи электротаъминкунии Филиали хуҷандии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с.2008), муовини декани факултети муҳандисӣ-энергетикии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2010), аз моҳи январи соли 2019 муовини декан оид ба илми факултети информатика ва энергетикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Соли 2013 рисолаи номзадиро аз рӯйи ихтисоси 01.04.14 - физикаи гармӣ ва назарияи гармотехникӣ дар шӯрои д. 01.09.402 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дифоъ намуд. Бори аввал тағйирёбии хосиятҳои гармофизикии моеъҳои магнитӣ дар зери таъсири ҳарорат, фишор ва майдони магнитӣ омӯхта шудааст.

Соҳиби 10 патент барои ихтироот.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 2 монография, 4 маводи таълимӣ, зиёда 100 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2010.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.