10.01.1970

Номзади илмҳои кишоварзӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №18 ш. Хуҷанд. Хатмкардаи факултети агрономи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур ш. Душанбе (с. 1993), аспиранти Филиали суғдии Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (с.2007-2011), агроном-энтомолог, сарагроном ва раиси комиссияи тафтишоти хоҷагии Сир Дарё (с. 1993 - 2007), аъзои хоҷагии деҳқонии Сартуқай (с. 2007-2012), ассистенти кафедраи химия ва технологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2012-2013), омӯзгори калони кафедраи агротехнология (с. 2013-2015), дифои рисолаи номзадӣ (с. 2015), мудири кафедраи агротехнологияи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с. 2015-2016), омӯзгори калони кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология  (с. 2016-2019), аз моҳи августи соли 2019 мудири кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнологияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.  

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми кишоварзии тоҷик масъалаҳои назарӣ ва амалии парвариши ангур бо усули ҷуфтӣ, мондани дастакҳо ва чашмакҳо мувофиқи қувваи сабзиши ангур ва технологияи буридани онҳоро баррасӣ намудааст. Аз лиҳози назарӣ масъалаҳои бехатарии озуқавориро барои ба даст овардани ҳосили баланди растаниҳои кишоварзӣ мавриди тадқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар озмуни донишкадавии инноватсионӣ шогирди ӯ ба ишғоли ҷойи 2 ноил гардид (с. 2017).

Муаллифи 2 монография, 28 дастур ва маводи таълимӣ оид ба технологияи парвариши растаниҳо, 65 мақолаҳои илмӣ  ва 4 патент барои ихтироот мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Соҳиби 18 сертификатҳои байналмилалӣ ва дохили кишвар мебошад.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.