14.01.1985
Номзади илмҳои иқтисодӣ
Тав.: ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд, аз хонадони хизматчӣ. Таҳсил: гимназияи №5 ҷамоати Хистеварз. Хатмкардаи факултети муҳандисӣ-иқтисодии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2006). Омӯзгори фанни информатикаи мактаб-парваришгоҳи махсуси шаҳри Хуҷанд (с.2004-2007), аспиранти Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои ш. Москва, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2007-2011). Ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои шаҳри Москва аз рӯйи ихтисоси 08.00.14 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ (с.2011). Омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2013-2016), омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2016-2019), аз моҳи апрели соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:
Муаллифи зиёда аз 25 интишороти сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла 2 монография ва 2 китоби дарсӣ мебошад. Курсҳои гуногуни омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзиҳоро дар кишварҳои хориҷӣ гузаштааст ва дорандаи дипломи байналхалқии PhD дар самти иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад.
Робита: e-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.