10.05.1979

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: мактаб-гимназияи №12 ш. Хуҷанд. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд (с. 2001). Ассистенти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ (с.2001–2006), муҳандис-технологи сехи дӯзандагии корхонаи ҶДММ “Коттеджпроектстрой” (с.2006–2009), омӯзгори ҳамкор дар кафедраи бофандагӣ, расм ва дизайни Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с. 2008 – 2010), омӯзгори кафедраи технология ва тарҳрезии маҳсулоти дӯзанадагии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с. 2010-2013), коромӯзи илмӣ дар кафедраи амсиласозии бадеӣ, тарроҳӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагии Донишгоҳи давлатии дизайн ва технологияи ба номи А.Н. Косыгин дар ш. Москва (с. 2013-2014), аспиранти донишгоҳи мазкур (с. 2014-2017), аз соли 2017 инҷониб омӯзгори калони кафедраи дизайн ва меъмории Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи  академик М.С. Осимӣ дар ш. Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳо:

Cоли 2017 бо дифои рисолаи номзадӣ дар мавзўи «Разработка метода проектирования эргономичной одежды с использованием трехмерного сканирования» дар шўрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии дизайн ва технологияи ба номи А.Н. Косигини шаҳри Москва ба гирифтани дараҷаи номзади илмҳои техникӣ ноил гардид.

Муаллифи 11 мақолаҳои илмӣ,  1 ихтироот ва 2 шаҳодатномаи қайдии базаи маълумотӣ (БД) мебошад.