07.01.1948

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент

 

Тав.: д. Шоҳони н. Ғончии (ҳозира Деваштиҷ) вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 28 ш. Душанбе (с.1955- 1963), мактаби миёнаи №1 н. Зафаробод (с.1969–1970). Хатмкардаи факултети забони русии ДДП ба номи С.М. Кирови ш. Ленинобод (с.1976). Аспиранти ДДП ба номи Т.Г.Шевченкои ш. Душанбе (с.1980-1983), омӯзгор, сармуаллими кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии факултети забони русии ДДП ба номи С.М. Кирови ш. Ленинобод (с.1976-1990), мудири кафедраи забонҳои Институти такмили омӯзгорони вилояти Ленинобод (с.1990-1996), мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва забони муосири рус (с.1996-2000), дотсенти департаменти фанҳои гуманитарӣ (с.2000-2002), мудири кафедраи забонҳо (с.2002-2008), сардори идораи таъмин ва назорати сифати таълими ФХДТТ (с.2008-2010), дотсенти кафедраи забонҳои  ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2011- 2018), аз соли 2018 и. в. мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ

Дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Кори фразеологӣ дар дарсҳои забони русии мактабҳои миллии самти чуқуромӯзии фаннӣ» (Москва), соли 1989. 

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ

Муаллифи 12 дастур ва маводи таълимӣ, 37 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон, соли 2009.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.