01.06.19511951

Номзади илмҳои педагогӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз оилаи коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №3. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Институти давлатии омӯзгории ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод  (с.1976). Омӯзгори мактаби миёнаи №7 н. Спитамен (с.1970-1979), муаллими мактабҳои №1,15, гимназияи 24-и ш. Хуҷанд  (с.1979-1993), директори мактаби миёнаи №16, гимназияи №3-и ш. Хуҷанд (с. 1993-1996), директори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи вилояти Суғд (с.1996-1999), сардори идораи маорифи вилояти Суғд (с. 1999-2001), сардори идораи таҳияи сиёсат дар соҳаи маорифи ВМИҶТ (с. 2001- 2004), ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони маорифи ВМИҶТ (с.2004-2006), директори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи вилояти Суғд (с. 2006-2010), мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш. Хуҷанд (с. 2010-2013), аз соли 2013 омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Мавзӯи таҳқиқоти илмӣ ба баррасии муаммоҳои таълими адабиёти классикӣ дар синфҳои ибтидоӣ бахшида шудааст. Дар давоми фаъолият он муаммоҳоеро, ки барои донишҷӯёни ғайритоҷик дар донишкада пеш меояд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор додааст. Муаллифи китоби “Забони тоҷикӣ” барои синфи 6 мебошад, ки бо супориши ВМИҶТ таҳия ва нашр гардидааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ дар тарбия намудани шогирдони зиёд муваффақ гардидааст. Хонандагони ӯ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори медали тилло ва нуқра гардиданд. Дастпарваронаш дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Муаллифи 1 монография, 18 дастур ва маводи таълимӣ, 60 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1986;

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 1996;

Ифтихорномаи раиси вилоят, соли 1999;

“Медали сулҳ”, соли 2001;

Ифтихорномаи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001, 2006, 2014;

Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, солҳои 2014 ва 2015;

Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соли 2015;

Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012, 2013, 2015, 2018;

Медали ҷашнии 20-солагии ҲХДТ дар вилояти Суғд, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.