1. 02. 1983

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №1 н. Хуҷанд (ҳозира Б. Ғафуров). Хатмкардаи факултети технологии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с. 2004). Аспиранти Донишгоҳи давлатии Чувашияи Федератсияи Россия  ба номи  И.Н. Улянов (с. 2014-2019), ассистенти кафедраи электротехника ва автоматикаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (с. 2004-2010), аз соли 2010 омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ ва автоматикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба дар  соҳаи электроэнергетика муаммои баландбардории эътимодияти хатҳои интиқоли барқи баландшиддатро аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ тадқиқ намуда, муодилаи вобастагии садама дар хатти интиқоли барқ аз омилҳои эксплуататсионӣ ва табиӣ пешниҳод карда шуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 7 дастур ва маводи таълимӣ, 26 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Робита: shukrona14 01 Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.