10.12.1979

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: МТУК №23. Хатмкардаи факултети технология ва тарҳрезии маҳсулоти дӯзандагии Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ (с.2001). Ассистенти кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабуки Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с.2004-2010), омӯзгори калони кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабуки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.2010- 2018), дотсенти кафедраи дизайн ва меъморӣ, аз моҳи сентябри соли 2018 муовини декан оид ба таълими факултети муҳандисӣ – технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ доир ба механизми ҷойивазкунии матои мошинаи дарздӯзӣ тадқиқ шуда, механизми нави ҷойивазкунии матоъ ихтироъ гардидааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи 1 монография, 1 китоби дарсӣ бо тасдиқи Вазорати маориф ва илми ҶТ, зиёда аз 15 дастур ва маводи таълимӣ, 31 мақолаю тезисҳои илмии дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ интишорёфта мебошад. Дорои 2 патент барои ихтироот, 1 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 патенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи ҲХДТ дар вилояти Суғд, соли 2016;

“Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои соли 2015-2016”, соли 2017.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.