28.10.1973

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: ҷамоати Ҳ.Усмонов, ноҳияи Б. Ғафуров, вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №15 ш. Ленинобод (ҳозира ш. Хуҷанд). Хатмкардаи факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с.1995). Муҳандиси трести сохтмон дар колонаи механиконидаи сайёр №115 (с.1995-1998), ассистенти кафедраи конструксияҳои сохтмон, богазугармитаъминкунӣ ва ҳавотозакунии ФХДТТ (с.1998-2008), муаллими калони кафедраи кафедраи конструксияҳои сохтмон, богазугармитаъминкунӣ ва ҳавотозакунии ФХДТТ (с.2008-2010), муовини декани факултети сохтмон ва нақлиёти ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд (с.2010-2011), корманди хурди илмии ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2011-2012), муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ (с.2012-2015), и.в. мудири кафедраи сохтмони ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  (с.2015-2017), мудири кафедраи сохтмон (с.2017-2019), аз моҳи январи соли 2020 муовини директор оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд. 

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон усули баҳодии комплексии микроиқлими гармӣ дар ҳуҷраҳои биноҳои истиқоматӣ, ки бо индекси гармиҳискунӣ (PMV) ва дараҷаи дискомфортии (PPD) инсони дарҳуҷрабуда асос ёфтааст, истифода бурдааст. Дар шароити Осиёи Миёна минтақаи оптималӣ ва вобастакунии ҳарорати бароҳатии имконпазир ва намии нисбии ҳаворо дар ҳуҷраҳо барои давраи хунукӣ ва гармии сол пешниҳод намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Соли 2007 дар Донишгоҳи католикии Лёвени давлати Белгия, соли 2011 дар Донишгоҳи политехникии Валенсияи давлати Испания, соли 2014 аз рӯйи лоиҳаи EU-TEMPUS MAPREE дар Донишгоҳи технологии ш. Инсбруки давлати Австрия, соли 2016 аз рӯйи барномаи Еразмус Мундус Ҳамкории Евро-Осиё дар Донишгоҳи Лилли давлати Фаронса такмили ихтисос намудааст.

Муаллифи 20 дастур ва маводи таълимӣ, 61 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Сертификат аз  лабораторияи физикаи сохтмони Донишгоҳи Лёвени Белгия, соли 2007;

Диплом  “DAAD” (German Academic Exchange Service), соли 2009;

Дипломи дараҷаи сеюм аз рӯйи “Технологияи сарфаи энергия ва ихтироот - 2010”. Намоиш-конкурси байналмилалӣ, Чкаловск, соли 2010;

Сертификати байналмилалӣ аз рӯйи “Моделкунонии рафтори гармӣ дар бино ва энергияи гармии офтоб”,  Донишгоҳи технологии ш. Инсбруки Австрия, соли 2014.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.