Ҳар як нафар пеш аз ин, ки афкори баён мекунад, бояд як бор суханонашро бияндешад. Чун ҳар сухане ба фикр омад онро вирди забон кунӣ, хандахарешӣ мардумон мегардӣ. Дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ, ҷаноби Кабирӣ то чи андоза «ба ин ватану халқ муҳаббат доштанашонро», бо воситаи табрикоташон ба муносибати 27-умин солгарли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Варшава истода баён намудаанд. Дар ҳақиқат баробари хондани табрикоти Кабирӣ дар ҳайрат афтодам, кич и тавр инсон то ин дараҷа дурӯяги мекунад.

Ҷаноби Кабирӣ ин Шумо нестед, ки барои валангор намудани миллати мо ҳар лаҳза саҳм гирифта истодаед. Ин Шумо нестед, ки ҳар руз мардумро ищво меангезед ва ин Шумо нест, ки ҷавонони моро гумроҳ намуда, роҳи ноҳамвореро барояшон нишон дода истодаед. Ва акнун ин табрикот барои кӣ ва барои чӣ? Ба фикрам аз суханони гуфтаатон худ дарак надоред, ки ҳатто дар мавриди баёни табрик низ мардумро ба тафриқа андохта, миллатчигӣ менамоед. Гӯё тоифае истиқлолхоҳ, босмачиён, щуломиён  ва озодандешон.

Бояд тазаккур дод, ки он босмачиёни тӯдакашро Шумо аз равшанфикрони он замон воло донистед. Ин чи тавр тахайюлот намефаҳмам. Магар бо ҷомеаи босмачӣ чи тавр метавон истиқлолро ба даст овард. Дар асл намояндагони Шумо, ва худатон дар қатори ҳамон босмачиён ҳастед ва ин истиқлолро нахостеду истиқлолхоҳону озодандешонро бад мебинед.

Мо бидуни ҳамкориҳои Шумо роҳи расидан ба истиқлолиятро тай намудем, ба ин восита ба сулҳ ва ваҳдату ягонгагӣ низ соҳиб гардидем. Ин роҳи тай кардаи мо мардуми шарафманди диёр роҳи мурод, роҳи расидан ба ормонҳои чандинасраи мардуми сарфарози тоҷик буд, роҳе буд, ки тоҷику Тоҷикистониёнро дар арсаи баландпояи ҷаҳонӣ шукӯҳу шаҳоматашро боло намуд.

Шумо нагӯед, ки бо ҳамкориҳои шумову намояндагонатон миллати тоҷик ба истиқлоли воқеи мерасад. Ин истиқлол барои ҳар як фарди баору номуси миллати тоҷик арзиши хос дорад. Ҷаноби Кабирӣ донед, ки ин истиқлолият ба маънои томаш ҳақиқист. Ва он бо ҷонбозиҳои ҳазорон нафар мардони шуҷову ҷасур ба даст омад. Имрӯз ин истиқлоли воқеиро танҳо чашми нобиноӣ Шумо намебинаду халос.

Ҳамин пирӯзии нобаҳангоми ибрознамуди Кабирӣ, маҳз бо вайронкориҳои ин ҳизбиён ба дер ба даст омад. Хушбахтона дер ҳам бошад, ба даст омад, бар қасди онҳое, ки миллатро ба вартаи ящмо бурдани буданд дер ҳам бошад ба даст омад. Ва ин боиси болидахотириву соадатмандии кулли мардуми тоҷик гашт. Истиқлоли ба даст омада, ягон тоифаи одамонро ба гурӯҳҳо ҷудо накардааст ва ягон нафарони истиқлолхоҳро зиндони накардаву зери шиканҷа қарор надодааст. Ин ақидаи кардаи Кабирӣ, ки замоне барои ба даст овардани истиқлол нафарони хизмат намуда, дар зиндон қарор доранд, комилан нодуруст. Зеро имрӯз  ҳукумати мамлакат барои сохтмони як бино ва як ташкилот чи қадар дастгириҳо мекунад, ин ба ҳама маълум аст. Пас чаро он нафароне, ки брои расидан ба озодӣ саҳм доранд онҳоро зиндонӣ кунад.

Кабирӣ инсон агар сухан донаду бамаврид гӯяд, хуб аст ва агар ҷоиз сухан нагӯяд пас хомӯширо пеша кунад, то аз ин хомӯши дигарон ибрат гиранд.

Тоҷикистон мулки соҳибихтиёр, демократи комилҳуқуқ ва ягона мебошад. Сулҳи он пойдор ва ваҳдату ягонагиаш бо талошу заҳматҳои мардуми башардӯсташ устувору ҷовидон хоҳад монд. Зеро ин сарзамину мулки соҳибдилону равшанзамирон аст, мулки озоду обод аст, мулке аст, ки бар ивази ҷони ҷасурмардону ватандӯстон ба мустақилияти воқеи шарафёб гардадааст.

А. Рашидов,

номзади илмҳои кишоварзӣ,

устоди кафедраи химия ва технологияи хӯрокворӣ