Ҳимоятгари ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем, мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки ҳар як порчаи он Ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст.

Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин кадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони ҷони худро дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада, ҳамаи ин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд.

Ин кофӣ нест, ки боз вақтҳои охир ба мисоли канаҳо ба ҷавонони бетаҷрибаи мо часпидаанд, то ин ки онхоро низ муртакиби ҳар гуна амали зишту ғайриинсонӣ менамоянд. Гирифтори коре, ки ҳеҷ ба ақли инсон рост намеояд аз бетаҷрибагии ҷавонон сӯиистифода намуда, эшонро ба куштору тарконидан ва ба маънои ҷиҳод дигар амалҳои хислати терористиву экстремистӣ дошта мубтало месозанд. Ҷавонон, ки ҳоло аз мавзӯъи садаи сипаришудаи миллати мо чизеро намедонанд, ба суханони хар марду номарди кӯрнамаке, ки дар ҳамин сарзамин зиндагонӣ намудаву аз ҳавои он  нафас мегирад, фармонбардору мутаккои хоҷагони беруна гашта, имрӯз аз  ободии кишварамон сарфи назар менамоянд гӯш медиҳанд ва дар фикри он ҳастанд, ки онҳо сари ҳар ваъдаи додаашон истодагарӣ мекунанду давлати моро аз имрӯзааш карда вазъияташро беҳ месозанд, яъне мехоҳанд, ки давлати моро исломӣ созанд.

Қаблан дар ҳамин ҷо як нуқтаро мехоҳам баррасӣ намоям, ки эй мардуми бошарафу бовиҷдон куллатон медонед ва бисёр хуб дарк менамоед, ки дар ягон холат шахси бегона омада давлати моро обод нахоҳад кард, ин қадар эътимоди комил нисбати як нафаре, ки чандон ношинос аст, барои чист ба манн нофаҳмост, моро мебояд, ки хаймаи хешро худи мо бо меҳнату заҳмат бунёд намоем, дуруст ба амсоли гузаштагони окилу хирадмандонамон!.

Ҳанӯз фоҷиаи даҳшатбори асри гузаштаро фаромӯш насохтаем, ки имрӯз ин падидаҳои бегона дар ҷомеа бо ном гурӯҳҳои тундрави террору ифротӣ ба зиндагии орому тинҷи мо таъсироти манфии худро расонида бо ҷангу ваҳшонияти ташкилоташон мардумро ба таҳлука оваранду вазъияти осоиштаи мамолики моро муташанниҷ соханд.

То ҳол гурӯҳҳои зиёди халки тоҷик аз таъсири он ҳодиса, ҳодисае, ки бар асари он миллати мо қариб бист-сӣ сол аз ҳоли рушду тараққиёт бозмонд аз ин ҳам бадтар он, ки модарони муштипару дуогӯйи мо ҳанӯзам дар ғами ҷигарбандонашон месӯзанду оҳ мекашанд, ашки кӯдакони бегуноҳи  ятиму бепадар монда ҳоло хам хушк нашудаву аз меҳру муҳаббати падар маҳрум мондаанд, дигар касе намехоҳад, ки чунин ҳолат ҳамвора дар кишвар рух диҳаду боз авзои миллати моро хароб созад, то ба дараҷае ин сарзамин бесоҳиб ҳам нест, ки кассе хоҳад ба миллати мо зарба занад, гузашта аз ин мардуми имрӯза ба мисли мардумони солҳои наваддум онқадар соддаву зудбовар ҳам нест. Онҳоро то имрӯз сабаки давлату давлатдорӣ додаанд, дигар эшон мутаккои ҳар гунна суханҳои ғайри қобили эътимод бовари надоранду дасисаҳои беасоси шахсони иғвогарони беҳадафро маҳкум менамоянд.

Мардум то ба имрӯз аз он нафароне, ки ба миллати мо чунин як зарбаи шадидеро интиҷор сохтанд, басо нафрат доранд ва пеши худ мақсад гузошта буданд, ки қувваи мухолифини давлатамонро бо фарҳанги бойи миллат ва иттиҳодии мардуми якдилу якзабони тоҷикон шикаст медиҳанд.

Муҳиддин Кабирии “гиромӣ” худро чандон овораю сарсон нокарда, ба тақдири худ тан диҳед, ки аллакай намояндагону аъзоёни ташкилотатон ҳамаи розу ниёзи шуморо як як ба рўи об бароварда истодааст, паси парда пинҳони амал намудан, хоси мардонагӣ нест. Аз ҳамин лиҳоз бас кунед, чунин рафторрову баста шудани фаъолияти ҳизбатонро қабл намоед, чунки асоси фаъолияти шумо ба ҳама маълум гардиду сабабаш ба худатон низ айён аст. Ба он беҳудагўие, ки аз минбарҳои созмонҳои гуногун бо пуштибонӣ аз хоҷагони фармондеҳатон мекунед, хотима бахшед. 

Шукри даврони истиқлолият аст, ки мардумони миллати мо соҳиби фарҳанги бойи адабиёту санъат ва дигар арзишҳои миллӣ ҳастанд ва бисёр мехоҳам қайд намоям, ки нафарони зиёде ба хотири муқаддас доштани ин мамлакат корҳои хотирмонеро паси сар намудаанд ва як анъаноти некеро ба имрӯзиён ҳадя сохтаанд, ки дар роҳи ба озоди баровардани ватани маҳбубамон заҳмату меҳнатро на барои шӯҳрату номи воло доштан ба хотире, ҷоннисори намоянд, ки ояндагон аз он баҳра баранд ва боиси ибрати онон гардад, ки ватандӯстиву ватанхоҳӣ мароми мост.

    

Муҳаррам Темирова,

мудири шуъбаи тарбияи  ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд