Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози солҳои навадум марҳилаи сахтум сангинро паси сар намуд.  Танҳо иқболи баланди миллат боис бар он шуд, ки мо роҳи саодатро бо сарварии оғози давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёфтем ва онро собиққадамона пеш мебарем.

Аммо таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама даву замон нафарони ношукр, барои даъваӣти бемақсадноқ муқобили ҷараён мебароянд. Онҳо бо чашми бино сохтмони истиқлолро намебинанд. Бо ҳар розу восита мехоҳанд аз паша фил созанд. Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни “динӣ”, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд.

Ҳамзамон, дар ин давра иддае аз нотавонбиноне ҳастанд, ки тамоми дастоварди давлату милати тоҷикро нодида гирифта, ба пешравии Тоҷикистон ҳасад мебаранд. Яке аз чунин афроди бешараф Муҳаммадиқболи  Садриддин мебошад, ки амалу кирдорҳояшро мо борҳо таиқи барномаи “Паёми муҳоҷир” мебинем.  Ӯву зархаридони хоҷагони хориҷиашон ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  фитнаангезӣ намуда, афкори муғризонаю саршори дурӯғу тӯҳматҳои бофтаи худро иброз медоранд.

Аммо мардуми ваҳдатшиори Тоҷикистон бо ҳисси огоҳӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ҳеҷ гоҳе фирефтаи фитнаангезиҳо намешаванд. Аз сӯи дигар, халқи Тоҷикистон ва наслҳои ояндаи он ҳеҷ гоҳ он кирдорҳои разилонаи онҳоро фаромӯш нахоҳад кард, ки чӣ рӯзҳои сахтеро бар сари мардуми мо оварда буданд. Бинобар ин, имрӯз ҳамаи моро зарӯр аст, ки ба хотири ҳифзи оромии ватану миллати худ, пойдории истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ камари ҳиммат бубандему зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.

Пешвои миллат  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоки ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштаанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ, хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла, давлатҳои соҳибистиқлоли Осиёи Миёна ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои мушаххасро талаб менамояд.

Мо миллати соҳибиқболем ва барои ҳифзи ҳар пораи он кӯшиш хоҳем кард. Чунин заҳҳоксифатон ҳаргиз дар фитрату зеҳни мо чун дӯсти воқеӣ қал намегарданд. Зеро онҳо сияҳдиланд ва чунин хоҳанд монд.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд