Ҳар як падару модар бо  умеди он, ки ниҳоли умрашон бебор намонаду ҳаёташон бемақсад нагузарад, бо ҳазорон орзуву ормонҳои нек фарзанд ба дунё меоранд, ки номи онҳоро зинда нигоҳ дорад. Дар дами пирӣ асои дасташон бошаду бо ватанпарастиву башардўстӣ ба номи онҳо раҳмат биёварад. Барои пойдории авлодашон бо ному нишони нек насл ба дунё орад, хулоса номбардору аламбардори модару Ватан бошанд.

Сад афсўс, ки имрўз дар байни ҷавонони мо пайдо мегарданд, нафароне, ки ба рўи падару модаронашон, ба рўи мардумони халқ ва якпорчаи муқаддаси Ватани азизашон хок пошида, он орзуву ормонҳои парваридаи волидонро пушти по мезананд. Рўзи гузашта тариқи оинаи нилгун филми омода намудаи ВКД тамошо намудам, ки дар он дастгиршудагони қотилони саёҳони хориҷӣ нивор гирифта шуда буд. Кош гуфтам ба Худо, ки ҳеҷ гоҳ ин воқеа сар намезаду ҳоло мардум низ чунин манзараи мудҳишеро тамошо намекарданд. Кош ин фарзандони кўрнамаки хиёнаткор модарро дар чунин вазъияти ногувор гирифтор намекард. Кош, ки ин ҷавонон раҳгумзада, ба доми фиреби роҳбарони ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ Корӣ Носирӣ Худозада намеафтоданд. Ва сад таасуф, ки даст ба чунин ҷинояти махсусан вазнин, яъне қатли инсон намекарданду имрўз паси панҷараи ҳабс намеафтоданд. Вале боз аз ин нохалафон, ки худ бо хоҳиши худ ба чунин гўрўҳҳои иртиҷоӣ шомил гаштанд, нафратам меояд. Ҳангоми тамошои ин барнома лаҳзаи аз ҳама таъсирбахштарин дар он буд, ки дар дили модари бародароне, ки ба куштори саёҳони хориҷӣ саҳм доштанд, оташи пурсўзе аланга дошт. Ва он оташи аз оҳи зори ин модари аламдор баромада рўзе мешавад, ки аз гармии худ решаи чунин гурўҳҳои ифротгароро сўзонида ба хокистар мубаддал мегардонад. Суханони бо дарду алам гуфтаи модар, ки: «охир ман фарзанди терорист таваллуд накарда будам, ман фарзанди одамкушро ба дунё наоварда будам» то ҳанўз дар гўшам салавот дода, чашмони аз оби  дида пур гаштааш: «лаънат ба ин Кабирӣ ва он қорӣ Носири бадбахт, худо кунад, ки дар оташи дили ман сўзию хокистар гардӣ» аз пеши назарам, ҳеҷ дур нарафта истодааст. Барояш албатта мушкил аст,  фарзанде , ки замоне худ нахўрдаву напўшида ўро ба мисоли гавҳараки чашм нигоҳубин кард, имрўз терорист, қотил ва маҳбус гаштааст.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти намояндагони ТТЭ ҲНИ бо унвони «мавҷи шиканҷа барои маҳбусони сиёсӣ»-ро ба риштаи муҳокима кашида будам. Дар он ҷо ин нохалафони ватанфурўш идао намудаанд, ки гўё барои дастгиршудагони намояндагони ТТЭ ҲНИ мавҷи шиканҷа барои маҷбуран эътироф намудани гуноҳҳо ва бардурўғ додани баёнот дар пайравии нафароне, ки ба гуноҳашон иқрор гардида, ҳамаи сирҳои ҲНИ –ро фош намуданд. Акнун худ қоил хоҳанд, гашт, ки то чи андоза иғвою дасисаҳои онҳо бемавриду бемаъност. Баробари дидани ин барнома воқиф гардидам, ки дастгиршуда, худ бо «забони тоҷикӣ» иброз намуд, ки таҳти фармони роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ин амалиёт сурат гирифт ва барои рўпўш намудани гуноҳи Кабирӣ давлати исломии Эрон, яъне қори Носир гуноҳро ба гардан гирифт. Ҳоло маълум гашт, ки принсипи кори шум очи тавр ҷараён дорад, амадҳои даҳшатоварро содир намуда, гуноҳро ба гардани дигарон бор мекунед. Куҷост оини мардигарии Шумо «ҷаноби Кабирӣ» ? дидем, ки то чи андоза «сиёсати боқувват доштаед».

Хушбахтона мо имрўз давлати соҳибистиқлол ва Пешвои муаззами миллатро дорем, ки ҳамеша барои амнияти кишвар камари ҳиммат бастааст. Кормандони давлатиро дорем, ки бо таҷрибаи бою кордонии хеш чунин нафарони ба мардум зиёноварро дастгир намуда, осудаҳолиро таъмин менамоянд.

 Ҳар суханронӣ, ҳар мулоқот, ҳар амали Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ, хоҳ дар хориҷи он намунаҳои дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардўстӣ ва сулҳҷўӣ мебошанд. Дуруст аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозабунёд мебошад ва он дар ислоҳоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аввалин қадамҳои худро мегузорад, вале ҷолиби таваҷҷўҳ он аст, ки ин ҳама навсозиҳо бо дили пур ва камоли бовари Президенти кишвар сурат мегиранд. Дар ин росто, қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад ва бунёдгузори рушди он, бешубҳа, пешвои миллат аст.  Моро зарур аст, ки  ба қадри ҳар як пораи хоки ин сарзамин бирасем ва онро ҳифз намоем. Нагузорем, ки ба ин хок чунин нафарои хиёнаткор реша давонанд ва  дарахтеро, ки онҳо ба ин хок шинонидани мешавад, бо якдиливу якдастӣ теша ба решааш занем.

Маърифат Мавлонова,

котиби масъули  нашрияи «Меҳвари дониш»-и ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд