Муҳтарам хатмкунандагони соли 2017, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳ техникии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои педагогӣ ва технологияи компютерӣ хатм намудаед!

Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.         

Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунадагони муассисаҳои  таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кӯмак хоҳад кард.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то санаи 15 октябри соли ҷорӣ ба  саҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда,  пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:

Телефон: 488884042

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Қаблан ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.

Имрӯз дар ҷараёни фаъолияти давлати  соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявии Тоҷикистон рисолати ваҳдати миллӣ олитарин арзишест, ки  дар роҳи мустаҳкам ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат намудааст. Қайд кардан зарур аст, ки сулҳи тоҷик ба ном ва кӯшишу ғайрати бевоситаю ҷоннисории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии зич дорад.

Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллии бадастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ рӯ ба тараққӣ намуда истодааст. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдусти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф гардида, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад шуд.

Рисолати ваҳдати миллӣ, ки мақсаду мароми тамоми ҷомеа гардидааст, имрузҳо торафт тавсиа ва густариш меёбад. Вай дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа зуҳур ёфта, амалан барои тараққиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад. Имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд бошад.

Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши назарраси ҷавонони кишварро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба инобат гирифта, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд. Ҳамагон медонем, ки имрӯзҳо ин пешниҳоди Сарвари давлат аз ҷониби ҷомеаи кишвар, алалхусус ҷавонон, ҳамовозии гарм пайдо кардааст. 

Дар маросими ифтитоҳи яке аз муассисаи таҳсилоти умумӣ ва мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи  вилояти Суғд президенти кишвар таъкид намуданд:

 “Бояд ба таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти босифат, таъминот бо китобҳои дарсӣ, воситаҳои электронӣ, фарогирии хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои фосилавӣ дар таҳсилоти касбӣ диққати зарурӣ дода шавад.”

Ҳар як ҷавон барои муайян намудани мавқеи худ дар ҷомеа андеша карда, барои дар рушду ободии ҳамаҷонибаи кишвар ҳиссагузор шудан бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққат диҳад. Ба туфайли ғамхории сарвари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон шумораи донишгоҳу донишкадаҳо дар кишварамон зиёд гаштааст.

Имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, дониши замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибмаърифативу соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии шумо - ҷавонон вобаста аст.”

                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Бо фарорасии асри бисту якум дар тамаддуни башарӣ рушди давраи нав- давраи ҷомеаи иттилоотӣ, ки бо паҳншавии босуръати технологияҳои иттилоотӣ тавсиф карда мешавад, оғоз гардид. Асоси  технологии ҷомеаи иттилоотӣ шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ аст, ки Интернетро ифода мекунад. Инқилоби телекоммуникатсионӣ имкониятҳои нави мусоидро барои ташаккул ва рушди сохторҳои шабака дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, илм, маориф ва  фарҳанг  ташаккул медиҳад.  Шароити нави рушди иҷтимоӣ тайёр намудани мутахассисони нав, истифодаи технологияҳои нави таълим, ки ба  талаботи ҷомеаи иттилоотӣ ҷавобгӯ аст, талаб мекунад. Имрӯз усулҳои таълими анъанавӣ бо методҳои нави таълим дар асоси истифодаи Интернет, шабакаҳои электронӣ- компютерӣ ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ, пурра карда мешаванд.   Дар ин замони муосир талабот нисбати чунин  таҳсили муттасил дар тӯли ҳаёт пайдо мешавад, ки бо воситаи он   ба шахс  захираҳои ҷаҳонии иттилоотӣ ва базаи маълумотҳо  дастрас мешавад,  ва ҳар як фард метавонад мунтазам дар давоми ҳаёти худ малакаи касбии хешро баланд кунад.  

Яке аз принсипҳои асосии таҳсили фосилавӣ  таҳсил барои ҳама (барои сокинони минтақаҳои дурдасти кишвар, шахсоне, ки имконияти  иштирок дар шакли рӯзони таҳсилро надоранд, ҷои кории худро тарк карда наметавонанд, шахсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ саломатиашон маҳдуд) мебошад.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ соли шашум аст, ки таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад. Гурӯҳҳои фосилавӣ барои таҳсилоти якум аз рӯи се ихтисос: 1_40.01.02 Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дар иқтисодиёт, 1_25.01.04  Молия ва қарз, 1_25.01.07 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо, 1_43.01.03.-Таъмини барқ, 1_44.01.01-Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ ва барои ихтисоси дуюм аз рӯи ҳамаи ихтисосҳои дар шакли рӯзонаи таҳсил мавҷуда фаъолият мебарад. Ин гурӯҳҳоро яке аз сохторҳои донишкада маркази таҳсилоти фосилавӣ идора мекунад.     Марказ сомонаи омӯзишии худ www.fosilavi.tj  – ро дорад, ки он саҳифаҳои мушаххаси дорои маводҳои таълимӣ-методӣ дошта, ҳамаи имкониятҳо барои устоду донишҷӯ фароҳам оварда шудааст.    Таъминоти барномавии сомонаи омӯзишӣ, ки ба шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ Интернет насб шудааст, аз тарафи кормандон-барномасозони донишкада тартиб дода шудааст. Ҳамаи маводи зарурии таълимию методӣ бо истифода аз  воситаҳои мултимедӣ (видео ва аудиофрагментҳои дарс), шаклҳои гуногуни санҷиши дараҷаи дониши донишҷӯён дар сомона амал мекунад.  Донишҷӯёни мо дар минтақаҳо дурдасти кишвар, инчунин, дар мамлакатҳои хориҷа (Амрико, Чин, Руссия ва ғ.) кор ва фаъолият бурда якҷоя таҳсилро давом медиҳанд. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар таҳсилоти фосилавӣ дарсҳо дар реҷаи “on-line” –вебинар ташкил карда шудааст. Дар ин дарсҳо донишҷӯ дар вақти воқеӣ бо воситаи барномаи махсус ба дарс даромада бо устодаш ва ҳамгурӯҳҳонаш  дар алоқа мешавад ва тариқи он маълумоти худро оиди фан пурра мегардонад.

Донишҷӯёне, ки дар донишкада дар шакли рӯзонаи таълим  таҳсил мекунанд ва зарурияти фавран сафар намудан, ба ягон минтақа пайдо мешавад, имконият доранд, ки дар муддати муайян таҳсили худро тариқи фосилавӣ давом  диҳанд.

Инчунин, барои онҳое, ки барои давом додани таҳсил дар шакли рӯзона имконият надоранд, маҷбуранд фаъолияти касбии худро оғоз намоянд, метавонанд аз шакли рӯзонаи таҳсил ба шакли фосилавӣ гузаранд, ки ин ҳам дастгирии донишкада барои давом додани таҳсил аст.

Донишҷӯён бо воситаи почтаи электронии дохили сомонаи омӯзишӣ на фақат бо устод, балки байни якдигар  ва  бо кормандони маркази таҳсилоти фосилавӣ дар алоқа мебошанд. То имрӯз таҳсилоти фосилавӣ се хатмро ба анҷом расонид ва 97 нафар донишҷӯ соҳиби диплом гардиданд.

Таҳсили фосилавӣ ба асри 21 ҳамчун усули самараноки тайёр намудани кадрҳо дохил шудааст, зеро вай ду принсипи асосии таҳсили муосирро дар ҳаёт татбиқ мекунад, ки ин ҳам бошад “таҳсил дар тӯли ҳаёт” ва “таҳсил барои ҳама” аст.

         Ҷавонон бояд ба омӯзишу такмили донишу малакаи худ диққати ҳамаҷониба диҳанд, чунки Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтаҳсилоту ташаббускоре ниёз дорад, ки мувофиқи талаботи иқтисоди бозорӣ вусъати рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамонро таъмин менамоянд.  Мо устодон боварӣ дорем, ки ҷавонон бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди диёру сарзамини хеш саҳми арзанда мегузоранд.

Исомаддинова Раънохон Мирзохамдамовна, 

номзади илмҳои физика ва математика,

сардори маркази таҳсилоти фосилавии ДПДТТХ

Оғози соҳибистиқлолии кишвар кудратталабон ва рўҳониёне, ки солҳои зиёд андешаи ба даст овардани ҳокимиятро дар дил доштанд, якбора ба муборизаи ошкоро бархостанд. Ҳисси носолимии маҳалгароӣ, тухми кинаву адоватро байни мардум пошид ва ба парокандагии миллат сабаб гардид. Рушди инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ боздошта шуданд. Сатҳи зиндагии халқи тоҷик поён рафт, ахлоқи ҷомеа тағйир ёфта, умеду орзуҳои мардум нимкора монд. Дар давоми ҷангҳои дохилии мо сарватҳои ҷонӣ ва иқтисодиро аз даст дода бошем ҳам, мамлакатро бо қувваҳои худӣ ва мадади ёру дўстон аз байни оташ, вартаи ҳалокат, касодии рўзгор баровардем.

 Дар фазои сулҳу осоиштагӣ  мардум бо шукргузорӣ аз ваҳдату ҳамдилӣ  барои ободии диёр, таҳкими давлатдорӣ ва болотар аз ҳама барои рушду нумуъ ёфтани меҳани хеш сол аз сол кӯшида истодаанд. Аммо, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгаро – амсоли  ТЭТ ҲНИ бо аъзову пайравони худ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, ҳадафҳои муғризонаи хешро болои миллати мо таҳмил намоянд..

Мо тавассути ду нафар аз чеҳраҳои саршиноси наҳзатиён, Аёмиддин Сатторов  ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, ки дар охир аз раъйашон гашта, сиру асрори ҲНИ-ро фошо карданд, фаҳмидем, ки хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро ҷиҳати тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ  чи қадар кӯшиш ба харҷ додаанд . Мавсуф он чунон амалҳои ин палидон ва душманони миллатро возеҳу ошкоро ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, дигар наҳзатиҳо намедонад, ки сари худро аз шарм дар куҷо андозанд ва даъвои дардашонро аз кадом ҷой пайдо кунанд.

Албатта, аксари сокинони кишвар мусалмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард ва динро воситаи пешбарандаи барномаи худ қарор дод. Маҳз бо ин роҳу восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебурд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқаангезӣ манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард.

Бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ, мутаасифона, боз баъзе ношукроне ҳастанд, ки ба қадри осоишу ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназири даврони навини давлати Тоҷикистон намерасанд. Дар ин бобат гуфтанием, ки

Нури истиқлол чун ҳар гўшаи кишвар гирифт,

Давлати моро ҷаҳон ҳам зери болу пар гирифт..

Дар чунин ваъияти зудтағийрёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар фарди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз асли хеш бохабар бошанду ва ба фиребу дассисаҳои иғвоангезонаи чунин гурӯҳҳои терроритӣ дода нашаванд ва ҳамагӣ нерӯи худро танҳо ва танҳо баҳри таҳкимбахшии пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона намоем.

 

Абдуқаҳҳор Бӯриев, устоди ДПДТТ номзади илмҳои физика ва математика

 

Диёри арҷманду саодатмандам, ту бароям неъмати бузургтарини олам файзи Истиқлолро додиву зиндагамро нусрат бахшидӣ. Ман ҳамеша ифтихор аз ту доштаму бо ному ту менозамқ меболам. Медонам, ки барои ба даст овардани арзишҳои милливу маънавии ту ҳазорон нафар сарсупурдагони миллат ҷонфидоиву ҷонбозиҳо кардаанд. Медонам, ки ту барои тамоми шаҳрвандони баору номусат арзиши беш аз ҳарвақта дорӣ. Ба хотире, ки ту муқаддасӣ, хоки покат муқаддас аст. Ту биҳиштосову дилрабоӣ, зебоманзару дилнишинӣ.

Бо шарофати Истиқлолият ва ваҳдату ягонагиат туро дар арсаҳои баландпояи ҷаҳонӣ шинохтанду туро ҳамчун давлати мутамаддин ва сулҳшиор донистанд. Зеро ташаббусҳое, ки аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод мешаванд, ки бо ин иқдомҳои наҷибонаи давлату Ҳукумат оламиён моро ҳамчун мардумони босаодту башардӯст шинохтаанд. Зеро дар ин баробар ба мушоҳида мерасад, ки давлати мо дар якчанд муаммоҳои глобалии рӯз, вабои аср пайдошавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуби қарни нав, афзоиши ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир масъалаҳои ҳалталабе аз ҷониби мо пешниҳод гардидааст. Албатта дар вазъияти ҷаҳони навин рӯз то рӯз паёмади ҷидиде тавлид гаштаву оламиёнро ба ташвиш овардааст. Дар ҳамин раванд мо мардуми ваҳдатсаро ин вазъро нодида нагирифта, баръакс тадбирҳоеро барои мубориза бар зидди чунин падидаҳои номатлуб андешида истодаем. Тоҷикистон яке аз он давлатҳое мебошад, ки имрӯз дар мубориза бо тероризму эсктремизм роҳеро интихоб намудааст, ки бояд онро решакан созад, то амнияти мардум таъмин карда шавад. Барномаҳое, ки вобаста ба ин муаммо дар миллати мо амал мекунад, онро ҳамаи созмонҳои умумиҷаҳонӣ пазируфта, дар вобастаги ба масъалаи рӯз яъне афзоиши ташкилотҳои тундраву ифротгаро дар як чанд мамолики олам пешниҳоди саивақти ва тадбири судманд арзёбӣ гардидааст.

 Мо сарфароз аз онем, ки дар Ватане зисту зиндагони менамоем, ки дар он фазои ободу озоди зиндагонӣ, Истиқлолият ҳукмрон аст. Мо ифтихор мекунем, ки миллати мо таҳти роҳнамоии Пешвои миллат ва дар пайравии дастури суполришҳои ин марди ҷасур барои хеш роҳу равишеро дар зиндаги пеша кард, ки шоистаи саодатмандию обрӯмандӣ бошад.

Худоё Тоҷикистонро нигоҳ дор,

Ту ин боғи гулафшонро нигоҳ дор.

Барои ман барои миллати ман,

Ҳамеша Тоҷикистонро нигоҳ дор.

Муаттара Раҳматова, устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ