Мо, коллективи устодон ва донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт дар ҳамовозӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ, созмонҳо фаъолияти ғайриқонунии ҳизби террористиву экстремистии ҲНИТ-ро хориҷ аз кишвар маҳкум намуда, гуфтанием, ки ягон қувва ва нерӯи марказгурез наметавонад, оромии ҷомеаи имрӯзаи кишварро халалдор созад. Зеро шаҳрвандони кишварамон, хосса ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон осудаҳолона пайи таълиму тарбия ва ҳунаромӯзӣ буда, дар иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар саъй меварзанд.

Дар кишвари мо озодии баёни фикр, тоату ибодат фароҳам буда, ба шарофати сиёсати ояндабинонаи роҳбари муаззами кишвар ҳама ҷурмҳои гурӯҳ ва нафарони сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шуд. Дар кишвар садҳо масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ арзи вуҷуд карданд. Мардум, хоссатан насли ҷавон озодона ба масҷиду муассисаҳои таълимии динӣ мерафтанд. Китоби муқаддаси «Қуръон» бо ҳуруфоти криллӣ бо ҳидояти Сарвари давлат баргардонида шуд. Дар сатҳи ҷаҳонӣ бузургдошти алломаи дин Абӯҳанифа таҷлил карда шуд. Ва муҳимаш барои фаъолияти бомароми ҲНИТ, ки ҷанбаи динӣ дошт, давлат шароити хуб муҳайё намуд. Аммо ҳизби мазкур ин ҳама некиҳои давлатро нодида гирифт ва тайи солиёни дароз нақшаи табадуллоти давлатиро кашида, мафкураи ҷавононро нисбати дину дунявият дигар намуд. Дар натиҷа қариб буд, ки хатари ҷанги шаҳрвандӣ дубора рух диҳад. Аммо ба бахти миллати тоҷик ин ҳодиса ба вуқуъ напайваст. Зеро халқ заршинос аст. Ва сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад.

Имрӯз ин ҳизб бо фирориёни худ бо сарвари Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад бо ҳамдастии хоҷагони берунаи худ ба амнияти миллии мо халал ворид кунад. Ва гуфтаҳои «Ин бор бо музаффарият хоҳем баргашт» воқаен ҳам даъват ба ҷанг аст. Тавре дар боло гуфтем вақте миллат сарҷамъ аст, сорбони он оқилу хирадманд ва муҳимтар аз ҳама ҷасуру бебок аст, моро ягон қувва ноором нахоҳад кард. Зеро мо як муштем.

А. Акрамов, Н. Маъмуров, З. Раҳмонов, Ш. Алиев, М.Холиқов, Б. Фатҳиддинов, М. Саидов, Ш. Усмонов, И. Башиков, У. Мухаммедов, Н. Хайруллоева, Т. Бобоева,  М. Султонова, А. Насруллова, С. Хатамова, Т. Тоҳиров, Х. Қаримбоева, А. Икромова, А. Бӯриев   

 

 

  Мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо дар фазои тинҷиву осоиштагӣ, сулҳу субот, озодона зиндагӣ намуда, кору фаъолият дорем. Албатта солхои охир дар даврони соҳибистиқлолии  ҷумҳури корҳои ободониву созандагӣ ру ба таназзул оварда аст.

  Халқи тоҷик, дар охири қарни гузашта бисёр ҳам лаҳзаҳои ҳассоси зиндагониро паси сар намуд ва ин рӯзҳои вазнину сангин ҳеҷ аз ёди мардуми кишвар нахоҳад рафт.  Рӯзҳои сахте, ки мардуми кишвар аз сар гузаронид бояд  дар хотири миллатамон боқӣ бимонад, зеро аз ин ҳолати вазнини рӯҳиву ҷонӣ баромадан корнамоиҳои сарвари ҷонфидои миллати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон басо назаррасу ибратангез аст. Ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва соҳиби ғуруру иродаи қавӣ, ватандусту сулҳпарвари мо аллакай лаззати бесарусомонӣ ва муҳоҷиратро чашидаааст, имрӯз тамоми халки меҳанпарасту қавииродаи  мо аз имтиҳони душвори зиндаги гузаштаем, таълимоти асили диниро аз идеологияҳо ва пешвоёни онҳо, ки дар зери пардаи муқаддасоти инсонӣ-исломӣ одамро аз ҳуқуқу озодиҳо маҳрум карданӣ мешаванд, бо шууру тафаккури инсонияти хеш  ба осонӣ дар тафовут гузошта метавонем. Дар ҷараёни фоҷиае, ки халқи мо аз сар гузаронд, мардум дарк намуд, ки иғвову дасисаҳои байни бародар бо бародар ва кӯшишҳои қувваҳои тафриқаандозони пасипардагӣ, талошҳои тоҷикро ба асил ва ғайриасил, мусулмон ва номусулмон ҷудо кардан чӣ гуна бадбахтиҳо ба бор оварда метавонистанд, хушбахтона барои бахти кишвари мо фарзанди барӯманди халқи тоҷик баҳри наҷоти имрӯзиён худованд фардеро фиристод, ки давлати тоҷиконро аз нав эҳё намуд.   Ба  хотири ба истиқлолият баровардани давлат, кӯшиш намуд, тамоми чораҳоро андешида, маҷбур гардид, ки кулли кору фаъолиятро аз аввал оғоз намояд. Конститутсияи кишвари мо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардумро ҳамҷун давлати соҳибихтиёру комилҳуқуқ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон менамояд. Бо шарофат ва хирадмандиву зиракии Пешвоии миллат имрӯзҳо сатҳи муқаддасоти ахлоқии халқи тоҷик бениҳоят дар арсаи баландтарин қарор дорад.

Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест гуфтаанд. Мардуми кишвари мо худ гувоҳанд  дар даврони истиқлолият чӣ қадар роҳҳо автомобилгард,  корхонаҳои нав бунёд гардид,   ҷойҳои кории нав пайдо гардид, музди меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баланд гардид. Асосаш он аст, ки сулҳу ваҳдат дар кишвари мо танинандоз аст. Имрӯзҳо агар аз ҳар як сокини кишвар пурсон шавӣ аз тинҷиву оромии кишвар ва тараққиёти он шукргузор ҳастанд.

  Лекин баъзе аз хоинони ватан бо чашми ҳасад ба оромии кишвар нигариста ба ин тинҷиву осоиштагии мардум халалҳо ворид менамоянд. Яке аз ин халали воридшуда аз тараффи муовини вазири мудофиаи ҶТ Ҳоҷи Ҳалим Назарзода ва ҳаммааслакони ӯ,  раиси ҲНИТ   Мухиддин Кабирӣ ки таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ нияти бад доштанд, ва нисбати халқу ватан хоинона рафтор намуданд.  Бояд онҳо шукронаи ин даврон намуда барои ободии ватан камари  ҳиммат мебастанд, чунки дар мансабҳои идоракунанда кору фаъолият доштанд.

   Чӣ хеле ки маълум аст, ҲНИТ яке аз ҳизбҳои фаъолиятбурдаистода баҳисоб мерафт, ки барои пешрафти ҶТ бояд мекӯшид.

Сад афсус ки баромади ин хоинони ватан аз минбархои баланд на барои ободии ватан будааст, балки барои теша задан ба решаи миллат будааст. Корнамоиҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти кишвар пеши роҳи ин нохалафонро гирифта теша ба решаи онҳо зад. Афсус  ки онҳо ба рӯйи худ ниқоб кашида чандин ҷавонони гумроҳро аз хонаву дар ва зану фарзандашон маҳрум сохтанд. Аслан  дини ислом ки худ дини покиза буда барои якдили, якдигарфаҳмии мардум ва  барои мардумро ба роҳи рост ҳидоят кардан мебошад. Ин хоинон бошанд ба номи ислом доғ оварданд, чуноне ки мегӯянд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Мусулмони ҳақиқӣ он аст, ки барои ободии хона, диёр ва ватани хеш камари ҳиммат бандад.

Мо мардуми кишвар имрӯзҳо шукргузори сулҳу ваҳдати миллӣ буда худро пайравони Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садридин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва  Эмомалӣ Раҳмон меҳисобем ва заррае бошад баҳри пешрафт ва гул-гулшукуфоии ватанамон саҳми хешро дареғ намедорем.

 

 

                                                                                                                                            Мазбуд Холиқов ,муовини декани факултети               

                                                                                                                                            сохтмон ва нақлиёти ДПДТТ

 

 

 

Дар мусоҳибаи охирини худ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву террористии ҲНИТ бо хабарнигорон дар сомонаи “Паём нет” қайд кардааст, ки Ҳукумати кунунии кишвар барои фаъолияти ҳизб монеаҳо эҷод карда, роҳбарон ва тарафдорони онро бегуноҳ ба маҳкама шинондаанд. Ин “олими саршинос” дар посух ба саволҳои хабарнигор дар мавриди хомушӣ ба изҳороти тезу тунди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон сухане гуфта натавонист. Балки бо суханбозиву ҳарфи “муҳаббат” ба обу хоки диёри кишвар хизматҳои худро замони дар Парлумони кишвар буданаш ёдовар шуд.

Ин ман – маниҳои абёти зеринро ба хотир меоварад:

Воизон к-ин ҷилва бар болои меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд

ҲНИТ воқеан ҳам аз замони зуҳур карданаш то ҳозир маблағҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷиашонро сарф мекунанд. Агар солҳои пешин бо баҳонаи ҷалби аъзо ва пайравон ин маблағҳоро мегирифтанду онро  сарфи хонаву дар, моншинҳои гаронарзиш ва маишати худ намуда, халқи бечораро бо азёди чанд пора аз оятҳои “Қуръон”-ӣ тарсонда, ба сафи худ ворид мекарданд. Дар асл ҷавҳари ин нафарон танҳо аз разолату кина пур буд. Ин нафарон мехостанд дар кишварамон табаддулотро барпо намуда, ҳокимияти кунуниро сарнагун созанд. Ягона касб ва ҳунари онҳо гуфтани сухани хуб ва ҳукуматро дар ҳама ҳолат мавриди танқид қарор додан  буд.

Дар сӯҳбатҳои мардуми оддӣ мепурсем, ки барояш чӣ чиз аз ҳама қимматар аст? Онҳо мегӯянд. Хотири ҷамъу дили шод. Магар ҳамин неъматро давлат ва ҳукумат таъмин накард. Магар мо  зиндагии талхи мардуми Афғонро аз ёд фаромӯш кардем. Дар ин кишвар низ мардум ба “суханҳои волои” 4 нафар саладорон ворид шуда, имрӯз зиндагонии вазнинро паси сар намуда истодаанд. Маҳз ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015  парда аз рӯи мақсад ва ҳадафҳои ҲНИТ бардошта шуд. Давлат ва Ҳукумати кишвар 24 сол ба ин ҳизб имконият дод, то бо идеяҳои милливу созандаи худ кишварамонро пеш барад. Аммо ҳамон “устодон” ва “донишмандони илми динӣ” барои пешравии миллат чӣ кор карданд? Мо мегӯем ягон кор. Магар ин нафарон набуданд, ки ба сафи ҳизби худ муллоҳои кӯрсаводро ҷамъ намуда, бо дамсозию дамбозӣ ба иффати занону модарони мо дастдарозӣ намуданд. Магар ин саркардагон набуданд, ки ҷавонони гумроҳи мо ба хотири бунёди давлати исломӣ бо мақсади “шаҳид” шудану ба “ҷаннат” рафтан ҷони ҷавони худро дар майдонҳои давлати Сурия ва Ироқ қурбон намуданд. Магар ҳамин “падарони руҳони”-и мо набуданд, ки масҷидро  ба ҷойи ибодат ба макони таблиғоти зиддиҳукуматӣ табдил доданд. Магар ҳамин “роҳбарони олимақом” набуданд, ки ба мактаб рафтани духтарони беҳиҷобро куфр дониста, ҷои талабагонро дар масҷидҳо дидан мехостанд. Мо агар аз рӯи гуфти ин нафарон кор мекардем ҷомеаи мо аз як мутаассибхона беш намешуд.

Мо бо азмияти том гуфтем ва мегӯем, ки дигар мардум мардуми солҳои навадум нест. Ва сияҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Бале мо бояд иқрор шавем. Дар ҷомеа камбудиҳо ҳастанд, ҳанӯз вазъи иқтисодӣ на ба он сатҳ ҳаст, ки мо мехоҳем. Вале инро танҳо давлат ва ҳукумат бартараф намекунад. Мо бояд дар атрофи Сарвари муаззами худ сарҷамъ оем. Идеяи миллии худро дошта бошем, то тавонем ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳем.

Хайринисо Темирова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Имрӯз  ҳар як фарди солимҷомеа нисбати сулҳу  субот ва амну осудагии Тоҷикистон бефарқ нест. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муассисаҳои динӣ имконият ва озоди ато намуд. Имрӯз ҳодими дин дар вазъи солими маънавию сиёсӣ ва озод аз таъқибот қарор дорад. Ҳатто парастиши  хурофот ба мамонияте дучор намешавад. Гузашта аз ин  ҳатто равшанфикрон дар ин бора эътироз намекунанд. Ин аломати  сатҳи пастии рӯзгори иҷтимоӣ ва савияи фарҳангии маънавию сиёсист. Мисли солҳои пешин касе ба озодона ба ҷо овардани расму оини динӣ мамониат наменамояд. Дин аз ҳуқуқҳои сиёсӣ бархудор аст ва кор ба дараҷаи  инкори дунявият расидааст.

Ба вуҷуд омадани ақидаҳои дунявӣ тасодуфӣ нест. Аз ибтидо муқовимати ғоявӣ миёни ақидаи динӣ ва дунявӣ вуҷуд дошт. Дунявият динро не, балки, пеш аз ҳама, ҳурофоту таасуби динро маҳкум менамояд. Давлати дунявӣ давлатест, ки  он дину мазҳаби  расман давлатиро, ё худ миллиро соҳиб нест. Давлати дунявӣ дахолати мазҳабиро намепазирад. Афрод бошад, дар эътиқод озоду соҳибихтиёранд. Тоҷикистон, ки худро узви ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин эълон доштааст, ба мақомоти динию мазҳабӣ ба кори давлатдорӣ садд мегузорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии фикрӣ ва ҳуқуқҳои инсонро ҳифз менамояд. Дар пайравӣ, ибодат, таълими дин фишори манъавӣ вуҷуд надорад. Нагуфта намонад, ки ғоя дар қуръони шариф низ таъкид шудааст: «Ло икроҳа фи–д–дин» (дар дин иҷборият вуҷуд надорад) (сураи «Бақара, ояти 256»). Тамоюли  барангехтаи адоват миёни динҳо ва равандҳои динию мазҳабӣ, ки имрӯзҳо ба назар мерасад, амнияти ҷомеаро зери хатарӣ ҷиддӣ қарор медиҳад.

Таҷрибаи таърихи навини Тоҷикистон исбот намуд, ки ҳама гуна кӯшишҳои бо роҳи зӯри бунёд намудани  давлати исломӣ сабаби  аз байн рафтани  Тоҷикистон шуда метавонад.

Дар солҳои 90–ум  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро ба фаъолияти  пардохтани ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, созмони “Растохез” ва даҳҳо созмонҳо, бӯҳрони ҳамагониро дар ҷумҳурӣ қадре ҳам паст накардааанд, балки боиси хурӯҷӣ он гардидаанд. Онҳо дар раҳна гардидани пояи давлатдорӣ, аланга додани ҷанги бародаркушӣ, гаравгонгириҳо басе фаъол буданд.

ҲНИТ ҳамчун як ҳаракати ҷавонони мусулмон 20 –уми апрели соли 1973 ба таври пинҳонӣ тасис ёфта, то соли 90 бо ҳамон услуби пинҳонкорӣ амал кард.

Аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳое, ки ливои демократӣ баромад мекарданд, ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ нопухтаро ба арсаи муҳорибаҳои муссалаҳона зидди сохтори конститутсинонӣ кашидаанд. Аз ҳамин сабаб Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 1993 ба ҳукми худ ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократии Тоҷикистон, ва ҷабҳаҳои халқии «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон» – ро  бо назардошти ҳамаи ҷинояту хиёнаташон хилофи қунун эълон намуда, фаъолияти онҳоро боздоштанд.

Дар ибтидои солҳои 90 – уми асри ХХ таи ду сол пажуҳишгоҳи тадқиқотӣ иҷтимоии Маскав ҳамроҳи сотсиологҳои ҷумҳурӣ оиди масъалаи тарафдорони ҲНИТ дар ҷумҳури тадқиқот гузаронидаанд. Маълум шуд, ки ҷонибдорони ҲНИТ дар Тоҷикистон дар марҳилаи  аз июни соли 1991 то ноябри 1992 аз ду то панҷ фисадро ташкил медоданд. 75 ‒ 95  фисади шаҳрвандони ҷумҳурӣ роҳи тараққиёти демократии дунявиро тарафдорӣ мекунанд.

Роҳбарони ҲНИТ чанд фоиз будани ҷонибдоронашонро хеле хуб медонанд, вале мехоҳанд ба сари ҳокимият оянд. Дар ҳамаи ҳолатҳо мақсади ниҳоии наҳзатиён барпо намудани давлати исломист.

Давлати исломӣ бошад хоҳ – нохоҳ маҳдуд кардани озодиҳои  намояндагони дигар  маҳзабҳо ва ашхоси ба ягон мазҳаб нагаравидаро ба бар меофарад.

Лозим ба қайд аст, ки  ақидаҳои  бунёдгарона, ки наҳзабиён ҷонибдори онҳо ҳастанд, ҳеҷ гоҳ мардумро ба мақсад намерасонад, баръакс  ба нокомиҳо рӯ ба рӯ мекунад. Дур намеравем, ду давлати ҳамсояро мисол меорем: Соли 1979 инқилобӣ исломӣ дар Эрон ғалаба карда, режими шоҳиро сарнагун сохт. Аммо  то имрӯз ҳадафҳои эълом доштаи рӯҳониён  ҷомаи амал напӯшидаанд. Дар ин бобат бетартибию ҳамоишҳои мардуми Эрон зидди фасорзадагии ҳукумтдорон ва боло рафтани  нархи навои, моҳи охир Эронро фаро гирифтааст, шаҳодат медиҳад. Ё гирем, Афғонистону Покистонро. Ҳаракати толибон, ки мисли наҳзатиёни Тоҷикистон ҷонибдори исломи бунёдгаро ҳастанд, на танҳо бехатарии давлатро, балки тамоми минтақаҳоро зери суол гузоштаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари аҳолиаш мусулмон ҳаст, роҳи бунёди давлати дунявиро пеша кардааст. Дар баробари ин арзишҳои исломӣ дар рушди маънавиёти кишвар, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ макоми шоистаро ишғол менамоянд.

 Бобоҷонова  Назира, устоди  ДПДТТХ

      ба номи академик М.Осимӣ                              

 

 

Ҳодисаҳои чанд моҳи охир дар сарҳади давлатӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон рух дода, собит намуданд, ки дар самти пурзӯр намудани интизом ва тақвияти нерӯҳои сарҳади корҳои зиёде бояд ба анчҷом расонида шавад.

Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, яке аз масъалаҳои муҳим, ки имрӯз дар назди ҷомеаи мо истодааст, ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад.

Бинобар он насли ҷавон вазифадор аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ бо зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди хуқуқӣ барои инкишофи Ватани аҷдоди, ваҳдати миллӣ таъмини сулҳу осоишу амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоиштаи мардум, таҳкими истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусҳои созанда барои ободонии ватани маҳбуб саҳмгузор бошанд.

Ҳимояи марзу бум аз вазифаҳои муқаддаси ҷавонон маҳсуб меёбад. Ғурури ҷавонӣ, муҳаббат ба ватани аҷдодӣ ва касби хеш, масъулият барои боварии Сарвари давлат ва Пешвои миллат баҳри ҳифзи сарзамини хеш ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум насли ҷавонро водор менамояд, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанд, фидокорона меҳнат ва садоқатмандона хизмат карда, ба шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб саҳми сазовор гузоранд.

Ба дасисабозиҳои ҲНИТ, ки мехоҳанд дубора кишварамонро ба гирдоби ҷанг ворид созанд, фирефта набояд щуд. Зеро онҳо заррае ҳам дилашон ба ин обу хок намесӯзад. Онҳо як мақсад доранд, таъсиси ҷомеи фундаментлӣ ва бозгашт ба даврони сатрпӯшиву таассуб. Аз ин рӯ худро орӣ аз ҳама гуна ташвиқу тарғиби беасоси «мубалиғон»и онҳо гирем. Зеро фардои дурахшон миллати моро интизор аст.

Устодон ва шогирдони факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ

 

 

 

 

Даврони кӯдакӣ мо дар бозии тирпарронӣ тарафи муқобилро немис мехондему худро бо лафзи «совет» ном мебурдем. Ҳоло бошад ба ҳаёти мо ду мафҳум «террорист-шаҳид» ва «камарбанди шаҳид» ворид шудааст. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки ин мафҳумҳо оғози худро аз куҷо мегиранд?

Оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

   Бояд гуфт, ки истифодаи террористони худкуш марбут ба дину оини алоҳида набуда, чунин шакли террорро ҷараёни марксистиву ленинии Ҳизби коргарии Курдистон, Ҳизби коммунистии Ливан, Ҳизби миллии Сурия ва ғайра низ фаровон истифода мекунанд. Барои мисол ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» дар истифодаи чунин навъи террор рекорд гузоштаанд ва аксаран сарони давлатҳоро нест кардаанд. Чунончӣ дар соли 1991 террористзани худкуш худро бо ҳамроҳии сарвазири Ҳиндустон Раxив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши террористи худкуш ба ҳалокат расид. Бори аввал зерсохтори аз террористони худкуш иборатбуда бо номи «Палангони сиёҳ» дар ҳайати ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама»  ба вуxуд омадааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Террористони худкуш моли асри бист набуда, балки реша дар давраҳои қадим дорад. Ба ҳадде, ки дар даврони паҳншавии дини насронӣ онро ташкилоти яҳудии «сикариҳо» алайҳи амалиёти ғосибонаи Рим истифода намудааст. Ё худ дар асрҳои миёна ҳаракати «Исмоилия» тавассути террористони худкуш ду маротиба сарварони Хилофати Бағдодро аз байн бурдааст. Дар асри 18 бошад, террористони худкуш дар ташкилотҳое пайдо шуданд, ки дар Ҳиндустон, Филиппин ва Индонезия фаъолият доштанду бар зидди истилогарон мубориза мебурданд. Амали террор бо роҳи худкуширо онҳо дар байни истилогарони аврупоӣ ба кор меандохтанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

Сари шакли терроризм ва хусусияту характери фаъолияти гурӯҳҳои тахрибкор назар кунем, мебинем, ки онҳо аз лиҳози назариявӣ ба чунин намудҳо тақсим мешаванд:

-байналхалқӣ;

-дохилидавлатӣ.

Аз рӯйи асосноккунии мантиқӣ бошад, се хел мешаванд:

-сиёсӣ;

-миллӣ;

-динӣ.

а) Терроризми сиёсӣ замоне мудҳиштарин намуди ба ҳалокат расонидан ба шумор мерафт. Он амалиёти эътирозии гурӯҳҳои гуногун алайҳи сохтори амалкунанда буд. «Дастаи сурх» дар Италия, «Артиши муттаҳидаи сурх» дар Ҷопон, «Гурӯҳи Биадеру Майнкоф» дар Олмон аз қабили чунин гурӯҳҳо ба ҳисоб мерафтанд.

б) Терроризми миллӣ. Ин муборизаи қавму халқиятҳое, ки замоне соҳиби истиқлолият ва давлати xудогона буданд. Муборизаи курдҳо дар Туркия, Эрону Ироқ, баскҳо дар Фаронсаи Ҷанубӣ ва Испанияи Шимолӣ (ташкилоти ЭТА), муноқишаҳои созмони «Артиши Ҷумҳурии Ирландия» дар Британияи Кабир барои мухторияти Ирландияи Шимолӣ намунаи терроризми миллӣ мебошад.

Аслан амалҳои террористонаи «Артиши Ҷумҳурии Ирландия»-ро метавон чун динӣ низ маънидод кард. Яъне, муборизаи католикҳо бар зидди протестантҳо. Католикҳо протестантҳоро чашми дидан надоранд ва мехоҳанд, ки аз ҳайати Англия баромада, ба Ирландия ҳамроҳ шаванд. Ин дар ҳоле, ки католикҳо кам ҳастанду протестантҳо зиёд ва мавриди террор қарор гирифтани протестантҳо аз тарафи ақалият ногузир шудааст. Барои ҳамин ҳам экстремистони католик «Артиши Ҷумҳурии Ирландия (ИРА)»-ро созмон додаанд.

в) Терроризми динӣ. Ин аз ҳама фоҷеабортар ва мудҳиштарин намуди шакли зуҳури терроризм мебошад. Ин амалиёти тахрибкорона ва марговарест, ки дар зери ниқоби дин панаҳ шудаасту бо ливои он мубориза мебарад. Намунаи барҷастаи он муборизаи фаластиниҳо алайҳи исроилиҳост. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида»  - пайравони як дин ва тарафи «ғосиб» пайравони дини дигар маҳсуб меёбанд. Аксаран ин амалҳои террористӣ зери мафҳуми «ҷиҳод» манзури ҷаҳониён карда мешаванд. Дар ҳоле, ки он аз ғаразу манфиати ташкилот ва шахсони алоҳида холӣ нест.

Дар ин росто Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳз ба ҳамин гурӯҳ дохил мешавад. Зеро мақсади ниҳоии ин ҳизб ғасби ҳокимият бо роҳи эҳсоси динии мардум ва дар зери ниқоб  мебошад.

Яъне, метавон хулоса кард, ки терроризм стратегия ва тактикаи мубориза мебошад. Аз он истифода намудани ташкилотҳои фоҷеаовар ҷой дорад. Барои ҳамин ҳам пеш аз ҳама барои истифода нашудан аз ин тактика чорае бояд андешид. Ин чора муборизаи дастҷамъона алайҳи гурӯҳҳои тахрибкор ва характери террористидошта мебошад. Дар натиҷаи чунин амалиёти муташаккилона як қатор давлатҳои ҷаҳон имрӯз тавонистанд, ки «майдон»-ро барои гурӯҳҳои ҷангҷӯй танг намоянд. Барои робита ва муттаҳидшавии ин гурӯҳҳо роҳ надиҳанд.

Аминем, ки дар ояндаи наздик ин гуна ташкилотҳо аз беху бун нест карда хоҳанд шуд ва дурахши офтоби сулҳу амният саросари ҷаҳон нурпошӣ хоҳад кард.

Фаррух Аминов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

   Дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағйиротҳои сиёсӣ аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандешӣ, парлумони касбӣ, интихоботҳои алтернативӣ  ва дигарҳо дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақши хоса гузоштанд.

Ҳангоми сӯҳбати видеоӣ раиси ҳизби мамнӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо хабарнигори «Паём–нет» ибрози назар карда мегӯяд, ки давлат ва хукумат фаъолияти онхоро нодида мегирад. Аммо  мушаххас дар бораи саҳми созмони сиёсии худ дар 40 соли соли гузашта ва баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии халқ ва ҳалли дигар масъалаҳои иқтисодию ва фарҳангию сиёсӣ  ҳарф назад.  Беҳтар мешуд, ки ӯ аз дастгириҳои ҳизбаш нисбати халқи оддӣ мегуфт. Чун дар ин росто иқдоме наварзидааст, ҳарфи хомӯш бар лаб зад. Дар баромад танҳо насиҳату нуктаи назар ва муносибати субъективии раиси яке аз аҳзоби сиёсӣ шунида шуду халос.

Ҳамчун сардори ҳизби сиёсии босалоҳият айбдор кардани ниҳодҳову мақомоти ҳукумат бо «рафтори ноҷавонмардона» барои ӯ амали шоиста нест. Эроди мӯҳтарам М. Кабирӣ дар  бораи фаъолияти мақомоти қудратӣ беасос аст.

Аз рӯи ақидаи М. Кабирӣ чунин бармеояд, кӣ фақат онҳое ки ба  аъзои ҲНИТанд, равшанфикру дилашон ба ин миллату халқ месӯхта мебошад.   Ин ҷо  паст задани қадру қиммати дигар ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони ғайриҳизб дида мешавад. Зеро онҳо низ бар алайҳи ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза бурданро  мақсади худ қарор додаанд.   Ба фикри мо ҳар як ҳизбу созмон ва номзадҳо бояд бо эҳтирому таҳаммул нисбати рақибони худ мулоҳиза ронананд, ки ин нишонаи маданияти баланди сиёсӣ мебошад.

Ғозиева М.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Аз сомонаи «Паём нет» мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро тамошо кардаму хостам чанд андешаҳои худро перомуни он рӯи саҳифа орам. Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамон шеваи «адабигӯи»-и худ ба саволи хабарнигор вобаста ба муносибати сарди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҲНИТ  посух дод, ки ҳоло, ки ҳукумат душман надошт, рамзан ҲНИТ-ро душмани рамзии худ ҳисоб кард. То замони ҲНИТ душмани рамзии кишвар Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд. Бо баробари ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати Тоҷикистон бо Ӯзбекистон гарм шуд ва акнун душмани рамзӣ ҲНИТ гардид.

Аммо ин олимтароши воқеан ҳам душмани миллат бехабар аз он, ки Тоҷикистон дар симои Ӯзбекистон ягон вақт душмани худро намедид. Агар чунин мебуд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маросими ҷанозаи Президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов намерафт. Агарчи баъзе аз роҳбарон бо адои дуою фотеҳа Самарқандро тарк гуфтанд, роҳбари давлати мо то сари хок рафта, сари қабри Ислом Каримов бо қироати ояте аз Қуръони маҷид  руҳи ин сиёсатмадори Ӯзбекистонро шод намуд.   Ҳатто худи шаҳрвандони Ӯзбекистон иқрор мешаванд, ки бо вуҷуди роҳҳоро бастану минакории сарҳад, қимат кардани гази табиӣ ва дигар муносибатҳои сарде, ки тӯли беш аз 20 сол миёни ин ду давлат дошт, Сарвари давлати тоҷикон ин ҳамаро таҳаммул кард, ягон ҳарфи баде дар ҳаққи ҳамсоягон нагуфт, баръакс дар ҳама конференсияву ҳамоишҳои байналмиллалӣ омодагии худро барои ҳамкории самарабахш иброз дошт. Махсусан дар самти дастрасӣ ба неъмати неъмати бебаҳои табиӣ- об Сарвари давлат гуфта буданд, ки ҷониби Тоҷикистон ягон вақт намегузорад, ки ҳамсоягон бе об монанд.  Маҳз Кабирӣ ва дастандаркорони ӯ мехоҳанд, бо ин посухи «ахмақона»-и худ равобити ин ду миллати ба ҳам наздикро канда созанд. Дар мавриди он, ки воқеан ҳам давлат дар симои «ҲНИТ» душмани худро мебинад, розӣ шуда наметавонам. Зеро ҲНИТ барои халқи тоҷик чӣ кореро анҷом додааст, ки ҳукумати кунунӣ аз он тарс дошта бошад. Ба ҷузъ аз ғайбату бӯҳтон, истифодаи нодурусти дину имон, тафриқандозӣ байни мусулмонон хизмате ба ин миллат накардаанд. Он рақамҳое, ки гуё шумораи наҳзатиён аз 25 ҳазор гузашта буд, дурӯғ аст. Ба ҷузъ аз «вазнгӯён»-у, муаббирон, хушомадгӯёну косалесони Кабирӣ дигар аъзоён худ намедонистанд, ки аъзои ҲНИТ ҳастанд.     

Суҳбати хабарнигор Носирҷони Маъмурзода бо  Сайҷалол Сияҳаков, ки чанде пеш дар сомонаҳо интишор шуда буд,  парда аз рӯи дасисабозии дастандаркорони ҲНИТ бардошт. Зеро тавре аз гуфтугузори ин нафари калидии масъули амнияти ҲНИТ бармеояд, ки роҳбарони олимақоми ҲНИТ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар кӯшиши барҳамзадан ва таъсиси як кишвари ба номи исломии шиапарастро доштанд. Ҳамонтавре ки дар мақола омадааст, нақшаҳои гурезагон низ ҳам дар ин тарафи Тоҷикистон ва ҳам дар мулки Афғон маҳз кори дасти наҳзатиён будааст. Ҳайфам меояд ба чунин «родмардони ҳақиқии ватан», ки зери ниқоби ислом  аз манфиати халқ сухан мекарданд. Худи Кабирӣ дар мусоҳибаи худ иқрор шудааст, ки вақти ҷанги шаҳрвандӣ ҳини дар мулки Афғонистон қарор доштани қувваҳои мухолифини кишвар аз ҷониби хоҷагони берунӣ кӯмакҳои молӣ мегирифтаанд.

Воқеан бо он, ки баъзе аз роҳбарони Ҷумҳурии  Исломии Эрон душмани миллати мост то лаҳзаи охирин бовар надоштам. Вале пас аз он, ки аз ҷониби Мурод ном корманди ташкилоти  байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар», ки аслан худ зодаи Эрон асту бо супориши роҳбарони ин кишвар чӣ тавр хоинони миллати мо дар Эрон машқу тамрин намудаанд, бовар намудам, ки худи ҷониби Эрон ҳавасманди табадуллот дар Тоҷикистон будааст. Бо гузашти беш аз 26 сол  имрӯз ҳақиқат рӯи об баромад.

Гурӯҳи мухолифин то ҳадде дар ташвиқот он давра бо кӯмаки хоҷагони Эронӣ пурқувват будаанд, ки собиқ корманди амнияти кишварро ба доми худ даровардаанд. Мо Саидабдуллоҳи Нуриро яке аз чеҳраҳои илм  ва маърифати кишвар мешинохтем. Аммо айён шуд, ки маҳз бо супориш ва хизматгорони он кас бо дасти ҷаллодони эронӣ даҳҳо шахсиятҳо ба марг мувоҷҷеҳ шудаанд. Мисоли барҷаста куштори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов мебошад.

Аз домуллотарошони ҲНИТ, ки ҳамагӣ аз номи Ислом бар зиди Ислом кор мебурданд, тавассути ин мусоҳиба ошно гардидам.  Қатлу кушторҳо, ки  Сайҷалол Сияҳаков дар мусоҳибааш овардааст, бори дигар ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ будани ҲНИТ-ро исбот намуд. Дар паси ин ҳама беадолатиҳо хоҷагони Эронӣ дар симои Муродӣ меистад.  Ҳар он кӯшише, ки имрӯз наҳзатиён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ худро сафед мекунанд, дурӯғи маҳз аст.

Акнун худ қазоват кунед, кӣ банди нафс асту, ки хоин?

 

Турсун Холматов, муовини директор

 оид ба илм ва инноватсияи ДПДТТ

 

Гузашти маҳу сол инсонро солортару ботамкин менамояд. Ин ҳарфҳоро дар ҳаққи кишвари офтобии мо низ метавон гуфт. Ҷумҳурии мо аз 27- умин баҳори соҳибистиқлолии худ гул мечинад. Ва тавре аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ин давлат аз сол ба сол месабзад ва шукуфон мешавад. Дигар ин миллату халқият пойбанди ин ё он мафкураи бегона нест, балки ҷойи онро ҳуввият ва ифтихори миллӣ гирифтааст.

Пас аз изҳоротҳои паёпайи ҷавонон, коркунони соҳаҳои мухталиф ва ҳатто собиқ сарварони бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру навоҳии кишвар гуфтаҳои ман исботи худро ёфтанд. Халқ хосса, ҷавонони огоҳи миллат накӯро аз бадӣ ҷудо карда истодааст. Кадомин роҳ дурусту кадомин роҳ ба каҷӣ мебарад, худ интихоб карда истодааст. Ва он андешаи ботил, ки барои ҷавонон фардои ин миллат бефарқ аст, комилан ғалат аст.

Ҷавониро давраи бебокии умр меноманд ва ҳар яке шаҳди ин аёмро чашидааст, лаззати онро медонад. Таззодро бубинед, ҷавоне илм андӯхт, роҳи донишгоҳро гирифт, маълумотро олӣ кард ва имрӯз пешгоми ҷамъият аст. Дигаре аз паи фанди дигарон шуд. Бо ришу фаши расида, олудаи ҳамаи чиркиниҳо, дар дашту даман гуруснаву ташна силоҳ дар китф ҳар лаҳза ғами ҷонашро мехӯрад. Бехабар аз он ки амали ноҷояш  натанҳо худашро маҳв мекунад, балки ба наздикону пайвандонаш ва миллаташ зарбаи ҷонкоҳе мерасонад. Шумо гумон мекунед, ки ҷангиёни тоҷике, ки имрӯз дар Сурия ҷангида истодаанд, бо амри дил рафтаанд. На, хато мекунед. Зеро таълимоти нодуруст, нотавонбинӣ, ҷоҳилӣ онҳоро ба ин кӯи навмедӣ бурдааст. Дар кишвар ҳазорҳо нафар донандагони дини мубини ислом сукунат доранд, аммо на ҳамаи онҳо дар зеҳну шуури хеш ҷиҳодро ҳамон тавре ки ин ҷавонон мефаҳманд, ҷо додаанд.

Дар гузари мо домуллое зиндагӣ мекунанд, бо номи Аълохоҷа ҳама ба ӯ эҳтиром доранд. Боре нафаре аз мубаллиғони ҳизби назҳати ислом наздашон омада, он касро талқин кардаанд, ки шомили ин ҳизб шаванду дигаронро низ ба ҳизб талқин намоянд. Дар ҷавоб ин марди донишманд гуфтааст, ки  яке аз сабабҳои ба масҷид нарафтани ман ҳамин аст. Имрӯз сад «олими диншинос» баромада, ин ё он ҳадисро ба таври худ шарҳ дода, мардумро ба кӯчаи гумроҳӣ мебарад. Ман ин ҳизбро эътироф намекунам ва кардани ҳам нестам. Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад. Ва мардум худ муҳаббат ва асолати дини мубини исломро тӯли ҳазорсолаҳо чун як ҷузъи фарҳанг ва имони хеш қабул карда омадааст  ва давлат дуруст кардааст, ки динро аз давлат ҷудо намудааст.

Воқеан ҳам агар Муҳиддин Кабирӣ ба қувваву нерӯи ҳизби худ боварӣ медошт, се сол қабл ҳаргиз дар интихоботи президентӣ занро пешбарӣ намекард, балки чун як сиёсатмадор номзадии худро мемонд. Коршиносон мегӯянд, ки ин амали сарвари ҳизб обрӯ ва нуфузи ӯро дар назди ҳамҳизбиёнаш коста гардонд. Ҳар он касе, ки худро мубалиғи ҳизби Ислом медонад, ба умеди дарёфти мансаб ва дастгирии хоҷагони худу дар асл бегонаро дар зиндагӣ умедвор аст. Оне ки дили пок дорад, динро аз таассуб ҷудо карда метавонад, ҳаргиз ба ҳизби Ислом шомил намешавад.

Аминам, ки халқи олишон ба қадри тинҷиву осудагӣ мерасад  ва роҳи дурустро интихоб кунад. Ва роҳи дуруст ҳамон тавре, ки дар боло ишора шуд, ин ҳамон роҳест, ки Президенти мамлакат бо сиёсати созандааш пеш мебарад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ  дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Ҷаҳони имрӯзаро ифротгаройиву тундравӣ фаро гирифта истодааст. Мутаассифона, ангезаи ин падидаи номатлубро ба мардуми мусалмон нисбат медиҳанд, ки комилан хато аст. Аммо ба ном «исломгароён» дар қабои дини мубини ислом дар гӯшаю канори олам ба акту террор даст мезананд. Ин амали онҳо миёни мардум тарсу ваҳмро ҷо намудааст.

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори дунё лаҳзае нест, ки мо аз тарконида шудани мошине ё ҳамлаи ҷангиёни бо номи муҳофизи ислом хабардор нашавем. Дар ҷаҳон муборизаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳ назири мухолифони давлатҳои Афғонистон (ал Қоида, Толибон) Сурия (мухолифони тундраваш), ҳукумати Туркия (курдҳо) табдилшуда ба ҳаракатҳои тундгароӣ, ки дар пай террор ва даҳшатафканиҳоро ба дунбол доштаанд. Як гурӯҳи ҷангҷӯи ба ном «исломӣ» дар Сурия бо номи Ироқу Шом таи чанд соли охир бо мақсади бунёди хилофат ва ташкили ҷаҳони ислом  ҷони ҳазорон ҳазоронро рабуданд.

Рӯз ба рӯз шеваи муборизаи ин гурӯҳҳо дар ҷаҳон тағйир ёфта, боз мардум шаҳди ин даҳшатафканиҳоро мечашанд. Гузашта аз ин шумораи зиёди ҷавонон, ки гумроҳона ба ин ҳаракат шомил мешаванд, рӯз аз рӯз зиёд мегарданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ кам нестанд.  Ин нафаронро бо баҳонаи нишон додани  садоқати худ ба дини мубини ислом ва гирифтани дастмузди беш ба ин ҳаракатҳо шомил месозанд, ки комилан ин амали онҳо ғалат аст.

Бузургтарин олимон ва донишмандони улуми ислом борҳо таъкид доштаанд, ки даҳшатафканию террори шахсиятҳо ва мардуми оддӣ ҳеҷ рабте ба исломи воқеӣ надорад.

Бино ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ мусалмонон дар Испания, Марокко, Лубнон, Миср, Фаронса бо тарафдорони дигар адён паҳлӯ ба паҳлӯ тақрибан 800 сол бидуни ҳеҷ муноқишае зиндагӣ намудаанд. Ин нишонаи эътиқод ва самимияти ростини мусалмонон мебошад. Дар ҳеҷ як сарчашма зикр нашуда, ки муътақидони ислом бояд даст ба куштор ва ноамниҳои ҷомеа зананд. Гуфта мешавад, ки бояд марди мусалмон ҳамеша дасту дилаш поку дар хидмати бародари мусалмонаш бошад. Вақте як нафари тундгаро бо дурӯғ фардеро мефиребад, ба сӯи торикӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолат мебарад, пас ҳеҷ гоҳ ҳамсӯҳбати ӯ ва атрофиёнаш ҷомеаи солимро бунёд карда наметавонанд.

Дар яке аз шумораҳои нашрияи «Чархи гардун» дар бораи терроризм ва экстеремизм маводе нашр гардида буд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «…бо таваҷҷӯҳ ба ҷараёнҳои тунгароӣ шоҳ Абуллоҳи 2 Бини Ал Ҳусейн соли 2004 пешниҳод карда буд, ки идеяи мусалмон-террорист ё мусалмонон паҳнкунандаи террор бояд дар ҷамъият роҳ наёбад. Дар ин маврид Абдуллоҳи 2 таъкид доштааст, ки ҳар гуна куштори дастаҷамъона ё барқасдона бо номи ҳимоят аз ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Вай ин ин гуна рафторро маҳкум карда, гуфтааст, ки ислом ниёз ба ҳимояти мардуми террорист надорад. Раҳбарони давлатҳои Эрон, Афғонистон, Покистон низ ба шиддат аз нафарони тундгаро ва даҳшатафкан интиқод намудаанд».

 Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон аз ҷумла дар як хитобааш ба Шӯрои амнияти СММ гуфта буд, ки мусалмонон набояд бо ин гуна ҳимоят аз ислом (террор) номи мусалмон ва ҷомеаи мусалмониро доғдор намоянд. Албатта, дар ҷомеае, ки он ҷо фарҳанги мардуми мусалмон дар сатҳи лозим нест, талоши гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадашон зиёд мешавад.»  Вале ба ҳар сурат набояд чунин пиндошт мубориза бо ин гурӯҳҳо танҳо хоси мақомоти қудратӣ ва мансабдорони давлатист. Хатари тундгароӣ бозгӯйи он аст, ки ҳеҷ сарҳад ва пулиси сахтгири ҷаҳон наметавонад, дар баробари он ба танҳои истодагарӣ намояд. Имрӯз тасавуроти маҳдуди ҷавонон дар бораи тунгаройӣ ва наворҳои  сомонаҳои интернетӣ мафкураи ин қишри ҷомеаро тамоман дигар кардааст. Имрӯз тавоноӣ дар доштани яроқу аслиҳа нест, балки бузургтарин нерӯ ва қувва ин пур кардани фазои холии иттилоотӣ мебошад. Маҳз чунин шева ё бархӯд дар ҷомеа ба сар задании ҷангҳои ақидавӣ оварда мерасонад, ки гурӯҳҳои тунгароӣ ба осонӣ аз он ба манифати худашон истифода мебаранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш «Масъулият барои фардои миллат» таъкид медорад, ки «баъзеҳо бар он ақидаанд, ки ба терроризм ва ифротгароӣ танҳо бо усули низомӣ пирӯз шудан имкон дорад. Ба чунин ақида розӣ шудан мумкин нест, зеро ҳалли низомии ин масъала ҳанӯз нокифоя мебошад. Он тамоми омилҳоеро, ки чун қоида боиси пайдоиши терроризм ва ифродгаройӣ мегарданд, пурра нест карда наметавонад».

 Собиқ президенти Русия Д.Медведев (ҳоло сарвазир) дар ҳамоише аз донишмандони Чеченистон даъват кард, ки бо роҳи фаҳмондадиҳӣ аз амалҳои даҳшатафканӣ пешгирӣ намоянд. Президенти он вақтаи Русия Д. Медведев ба мақомот тавсия дод, ки барои фаҳмонидани хатарҳои тундгароӣ ва даҳшатафканӣ дар мактабу донишкада ва муссисоти дигар бо ширкати уламои шинохта семинарҳо баргузор намоянд. Ин пешниҳоди Д. Медведев дар кадом сатҳ амалӣ гашт, ба мо рӯшан нест. Аммо аз чунин як бархӯрд бармеояд, ки мубориза бо тундгароӣ проблемаи тамоми кишварҳои минтақа мебошад. Имрӯз дар Осиёи марказӣ ҳарчанд, ки мубориза бо гурӯҳҳои тунгаро амсоли ҲИУ ва Ҳизбу таҳрир зиёд шуда, аммо амалҳои пинҳонкоронаи онҳо низ кам нагардидааст. Ҳаракатҳои тунгароӣ мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ таъсири бевосита дошта, бо амалҳои тахрибкоронаашон мардумро ба ваҳшат меафкананд. Дар ҷомеаи ҷаҳон роҳҳо ё василаи мубориза бар зидди тунгароӣ ва ифродгароиро меҷӯянд. Ҳар кишваре дар ин мубориза консепсияи хоси худро дорад.

Дар тамоми ҷаҳон имрӯз ҳаракатҳое ба монанди «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра амал мекунанд, ки бо шаклу шеваи хоси муқовимату мубориза давлатҳои худро ором намегузоранд. Ба ин гурӯҳи ҳаракатҳои террористӣ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ шомил гардида, бо амалҳои нангини худ хостанд кишвари моро низ ҷангзада кунанд. Ин ҳизб ва дигар ҳизбҳои ба ном исломӣ ҳамагӣ як даъво ҳимоя аз манифатҳои ислом дошта, аммо то ҳанӯз мушаххас накардаанд, ки чаро муламонон аз дасти нафарони тунгарои ин гурӯҳҳо ҳалок мешаванд. Агар ҷомеа бар зидди тунгароӣ дар ҷамъият коре карда натавонад, пас амнияту осоиштагии башарият барқарор гаштанаш мушкил аст.

Моро зарур аст, ки аз ҳар гуна ақидаҳое, ки гӯё ислом ин гуфаасту он гуфтааст дас кашида, балки худамон аз рукнҳои исломӣ огоҳӣ пайдо намоем. Ба ақидаи Орифҷон Байзоев, ноиби раиси шӯрои уламои дини вилоят дини мубини ислом ба ҳодисаҳои Шарқи наздик  ягон дахл надорад. Танҳо кӯрдилон, беимонҳо аз номи ислом бар зидди ислом кор карда истодаанд. Дар “Қуръон”- и азимушшанъ омадааст, ки ҳар касе ки қасдан ҷони дигар инсонро мегирад, ҷояш абадуддаҳр дар қиёмат аст ва он касе ки саҳван ҷони дигареро меситонад, пас ӯ бояд ба ин амалаш ҷуброн диҳад. Амалҳое, ки имрӯз ба номи гурӯҳи исломистон нисбати инсон ва қадри он мекунад, на ба фармудаҳои Худо рост меояду на ба талаботҳои қонуни он кишвар. Инсонро гӯсфандвор сар гирифтан магар аз “мусулмони асил” будани мо шаҳодат медиҳад, албатта на.

Пас моро мебояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, оқибатҳои ин амалҳои нангинро дар мизони ақл санҷида, баъд рафтор намоем. Зеро тангназарӣ, зиёдаравӣ бар манфиати кор нест.

 

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд