Ҳамкорони бурунмарзӣ

Erasmus + ин барномаи Иттифоқи Аврупо доир ба дастгирӣ ва рушд, таҳсилот, варзиш барои ҷавонон дар Аврупо мебошад. Буҷаи лоиҳа дар ҳаҷми 14,7 миллиард евро буда, имконияти  беш аз 4 миллион нафар донишҷӯёнро фарогир будан бо маълумоти олӣ, гузаштани тренинг ва омӯхтани таҷриба дар хориҷаро дорост.   Erasmus +, ки то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, 7 барномаи пешинаро дар бар мегирад, ки на танҳо барои донишҷӯён, балки ба шахсони гуногун ва кормандони ташкилотҳоро низ имконият медиҳад. 

GIZ ҳамчун таҳвилгари хизматрасониҳо дар доираи рушди устувор кӯшиш мекунад, ки ҳаёти арзандаро дар 120 давлати ҷаҳон ба миён орад. Таҷрибаи васеи GIZ  дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон талаботи зиёд дорад. GIZ рушди иқтисодӣ ва ҷамъиятиро аз соли 1995 дар Тоҷикистон дастгирӣ намуда, соли 1996 фаъолияти  худро дар пойтахти кишвар - Душанбе оғоз намудааст. Офисҳои лоиҳа дар Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ фаъолияти кории GIZ -ро дар ноҳияҳо дастгирӣ менамояд.

Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ бо 189 давлатҳо-аъзоён, 170 давлати ҷаҳон ва офисҳои худ дар 130 нуқта  ҳамкорӣ дорад. Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳамкори глобалӣ ва уникалӣ мебошад: 5 муассиса, ки барои ҳалли устувори муаммо  фаъолият бурда, бо қашшоқӣ мубориза мебарад ва зиндагии беҳтарро дар кишварҳои мутараққӣ ташкил медиҳад. Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳамаи соҳаҳои рушд фаъолият мебарад. Он маҷмӯи васеи маҳсулотҳои молиявӣ ва ёрии техникиро пешниҳод мекунад, донишҳои инноватсиониро дар амал тадбиқ намуда, муаммоҳои давлатҳоро, ки бо он рӯбарӯ шудааст, устоворона ҳал менамояд. 

 

ҲАМКОРОНИ БУРУНМАРЗИИ ДОНИШКАДА (муфассал)