Хобгоҳи ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст буда, пешбинӣ шудааст.

 

Ҳаҷми умумии хобгоҳ –            м2

Ҷойи умумӣ дар хобгоҳ - 600

 

Суроға: ш. Хуҷанд, хиёбони исмоили Сомонӣ (собиқ кӯчаи Ленин 226). Паҳлӯи меҳмонхонаи Эҳсон.

 

Хобгоҳ аз 4 ошёна иборат аст ва шакли ҳуҷраҳо блокӣ мебошад. Ҳар як блок аз 2 ҳуҷра иборат буда, дорои нуқтаи шустушӯӣ ва душхона мебошад. Дар умум хобгоҳ 8 ошхона дорад (дар ҳар як ошёна 2 ошхона).

 

Хобгоҳ бо системаи назорати видеоӣ ва сигналдиҳаки бехатарии зиддисӯхторӣ ҷиҳозонида шудааст.

 

Дар ҳар як ҳуҷра мавҷуд аст: кати хоб, миз, курсӣ, ҷевони либос, ҷевонча, рафи китоб, пойафзолмонак, рахти хоб, кӯрпа, ҷойпӯш, болишт.