Ташкилоти ибтидоии собиқадорони донишкада  дар асоси оинномаи «Ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ки 11 октябри 1996 дар конференсияи 3-юми Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд. Мақсади таъсиси ташкилот мусоидат намудан  ба ҳама гуна ҳуқуқу манфиатҳои ветеранҳо мебошад.

     Ташкилот барои ба ин мақсадҳо  расидан вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • одамони таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхтаро ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва байналмиллалӣ , хизмати ҳарбӣ, ҳушёрии сиёсӣ ҷалб менамояд;
  • мусоидат дар беҳтар намудани шароити манзилӣ, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо;
  • мусоидат дар кори дуруст нигоҳ доштани лавҳаҳои ёдгорӣ, тахтасангҳо ва ғайраҳо;
  • мусоидат ва дастгирии кӯҳансолон, маъюбон, беморон, ятимон ва  аёдати онҳо;
  • мусоидат ба гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ветеранҳо;
  • ба амал баровардани дигар намуди фаъолият дар асоси иҷозатнома, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад 

          Бо ин мақсад аёдати беморон, нафақахӯрони аз кор монда,  вохӯриҳо ва мулоқотҳо  бо шахсони намоён, мутахассисони варзида,  собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни муҳорибаҳо гузаронида мешавад. Фаъолияти ТИС-и донишкадаро бюрои ташкилот мебарад, ки дар маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ 30 марти 2016 интихоб гардидааст.

 ВОХӮРИҲО БО ВЕТЕРАНҲОИ  ҶАНГУ МЕҲНАТ

Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба. Дар доираи таҷлили 74- умин солгарди Рӯзи Ғалаба алайҳи Германияи фашистӣ бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони донишкада санаи 8 – май дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо ҷанговарони интернатсионалистӣ доир гардид.

Содиқов Комилҷон, раиси Шӯрои иттифоқи интернатсионалистони вилоят зимни баромад зикр дошт, ки 30  сол қабл ба мулки Афғонистон дар қатори садҳо ҷавонони шӯравӣ ҷавонони тоҷик низ ба ҷанг рафта, 87 нафар дар ҷангҳо қурбон шуданд.  Аз миёни фиристодаҳои вилоят 67 нафар соҳиби ордену медалҳо гардида, як нафар, Набӣ Акрамов аз шаҳри Истаравшан бо унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуд.

 Мусобиқаи шоҳмот. Бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони донишкада бахшида ба Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мусобиқа оид ба шоҳмот байни устодон ва кормандон баргузор гардид. Дар мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони донишкада ширкат варзиданд ва барои ғолибият ҷидду ҷаҳд намуданд. Пас аз ҷамъбасти мусобиқа маълум гардид, ки устоди донишгоҳ дотсент Бӯриев Абдуқаҳҳор Бӯриевич сазовори ҷои якум, декани факултаи информатика ва энергетика дотсент Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич мақоми дуюмро ишғол намуд. Устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Акбаров Акбар Аслонович ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар байни факултаҳо ҷои аввал насиби факултаи сохтмон ва нақлиёт, ҷои дуюм насиби факултаи информатика ва энергетика ва ҷои сеюм насиби факултаи муҳандиси иқтисодӣ гардид.