Докторантура яке аз шаклҳои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгории баландихтисос  (тахассуси олии илмӣ) мебошад

Докторантҳо аз рўйи ихтисос аз курсҳои таҳсилоти назариявӣ мегузаранд ва мустақилона таҳқиқоти илмиро амалӣ менамоянд, ки хусусияти мубрам, навоварӣ ва аҳамияти амалӣ доранд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар шакли диссертатсияи докторӣ аз рўйи ихтисос ба танзим дароварда шуда, дифои он аз рўйи тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.

Вазифаҳои докторантура аз рўйи ихтисос чунин аст:

  • тайёр намудани докторони ватанӣ аз рўйи ихтисос, ки дар бозори дохилӣ ва байналмилалии меҳнат рақобатпазиранд;
  • ҳамгироии барномаҳои миллии докторантура аз рўйи ихтисос бо фазои ҷаҳонии таҳсилот;
  • ба ҷараёни таҳсилот ворид намудани технология, метод ва воситаҳои муосир ва мубрами таълим, ки ба рушди инфиродии шахсият, қобилияти вай ба худинкишофёбӣ, худмуайянкунӣ ва худомўзӣ равона карда шудааст;
  • таъмини пайдарпайи барномаҳои таълимии сохтори бисёрзинагии таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

Барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисос - маҷмўи барномаҳои таълимӣ ва илмию таҳқиқотии мунтазам таҷдидшаванда, ки аз рўйи он самти ҳаракати таълимии докторант аз рўйи ихтисос муайян гардида, бо дифои бомуваффақияти диссертатсия ба анҷом мерасад.

Докторантура аз рўйи ихтисос - шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии "доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос" барои шахсоне, ки дорои дараҷаи академии "магистр" мебошанд .

Доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос - дараҷаи илмие, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори шўрои диссертатсионӣ баъди дифои диссертатсияи докторӣ аз рўйи ихтисос ба докторанте дода мешавад, ки талаботи барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисосро иҷро кардааст ва маҷмўи имтиҳонҳои ҷамъбастиро бомуваффақият супоридааст.

Қисмҳои таълимии барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисосро номгўи фанҳои омўхташаванда ташкил медиҳад, ки аз қисмҳои ҳатмӣ ва қисмҳои интихобӣ, ки мувофиқи самти тайёр намудани докторант аз рўйи ихтисос таҳия гардидаанд, иборат мебошад. Фанҳои интихобиро докторант аз рўйи ихтисос мустақилона аз рўйи феҳристи фанҳои интихобӣ интихоб мекунад ва метавонад онҳоро дар давраи дилхоҳи таҳсил омўзад.

 Қисми илмии барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисосро корҳои илмию таҳқиқотӣ (таҷрибавию амалӣ), таҳияи мақолаҳои илмӣ ва навиштани диссертатсияи докторӣ аз рўйи ихтисос ташкил медиҳад.

Барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисос ва муҳтавои он дар асоси стандарти давлатии таҳсилот таҳия гардида, аз нақшаи таълимӣ, силлабус ва маҷмўъҳои таълимию методии фаннӣ, барномаҳои таҷрибаи касбӣ (илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ё илмию педагогӣ) ва барномаи инфиродии корҳои илмию таҳқиқотӣ иборат мебошад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии иҷрогардидаи докторант дар нашрияҳои илмии дохили донишкада, ватанӣ ва хориҷӣ нашр мегардад,  инчунин, доир ба дастовардҳои илмии онҳо дар конференсияҳои илмии байналмилалӣ ва ватанӣ маълумот дода мешавад.

 

Дарси устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идора  д.и.и., профессор Авезов А.Х

 

Ҷараёни дарси аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос PhD аз фанни методикаи таълим дар мактабҳои олӣ