“Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем”.

Эмомалӣ Раҳмон, 01.09.2019с.

 

ФОТО

Мудири шуъба: Турсунова Матлуба Иброгимовна

  

Е-mаil:Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. 

Телефон:+992 92 752 53 64

 

Шуъбаи тайёрии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз соли таъсисёбии донишкада бо иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Ҳадафи асосии шуъба ин тайёр намудани довталабон  барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф кормандони шуъбаи тайёрӣ кори худро моҳи сентябр оғоз намуда, дар  мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо хатмкунандагон  корҳои ташвиқоту тарғиботӣ мебаранд. Дарсҳо дар курсҳои тайёрӣ аз моҳи октябр то моҳи июн давом мекунад. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ довталабон аз рӯйи кластер ва ихтисоси интихобкардаашон ба гурӯҳҳо равона карда мешаванд. Ба курси тайёрӣ шахсони дорои таҳсилоти умумӣ, инчунин хонандагони синфи 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда мешаванд.

Шахсони ба курси тайёрӣ қабулшаванда ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

  • ариза ба номи директор;
  • маълумотнома аз мактаб;
  • 2 дона расми андозааш 3х4;
  • нусхаи шиноснома (1 нусха);
  • нусхаи шиносномаи волидайн;
  • лифофа;
  • парвандаи шахсӣ (скоросшиватель).

Барномаи таҳсилот дар курсҳои тайёрӣ дар асоси барномаи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, шунавандагонро аз рӯйи ҳамаи кластерҳо тайёр мекунад. Фанҳо ва миқдори соатҳои пешбинишуда барои шунавандагони курси тайёрӣ мувофиқи кластери интихобкардаашон  гузаронида мешавад (мундариҷаи фан дар ҷадвал оварда шудааст).

 

Кластери 1 Миқдори соатҳои академӣ Кластери 2 Миқдори соатҳои академӣ Кластери 3 Миқдори соатҳои академӣ Кластери 4 Миқдори соатҳои академӣ Кластери 5 Миқдори соатҳои академӣ
1 Забони тоҷикӣ 32 Забони тоҷикӣ  32 Забон ва адабиёти тоҷик 32   Забони тоҷикӣ  32 Забони тоҷикӣ  32
2 Математика 96 Математика 96 Таърих 35 Биология 45
3 Физика 45 География 36 Таърих 25 Ҳуқуқ Химия 45
4 Химия 45 Забони англисӣ 24 Забони англисӣ 24 Забони англисӣ 24 Физика 45
5 Нақшакашӣ барои ихтисоси меъморӣ (69.01.01) 20                    

Вазифаи асосии шуъба банақшагирӣ, ташкил, таъмини илмӣ-методии ҷараёни таълим ва таъмини дарс бо омӯзгорони баландихтисос мебошад. Барои гузаронидани дарсу машғулиятҳо дар курси тайёрӣ ғайр аз омӯзгорони баландихтисоси донишкада аз мактабҳои шаҳру вилоят ба монанди омӯзгори муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Нур» Ҳоҷибоев М., Назарова С.Ҳ. ва аз литсейи донишкадаи политехникӣ Юлдошбоева М.Х. даъват карда мешавад. Мушоҳидаҳои солҳои гузашта нишон медиҳад, ки баъд аз хатми курсҳои тайёрӣ савияи дониши довталабон нисбатан баландтар шуда истодааст. Баҳодиҳии асосии сифати кори шуъбаи тайёрӣ – ин бомуваффақият супоридани имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дохил шудани довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Соли таҳсили 2019-2020 100% - и шунавандагоне, ки дар курсҳои тайёрии донишкада таҳсил намудаанд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуданд, ки ин асоси устуворӣ ва обрӯи донишкада мебошад. Ба шунавандагон пас аз хатми курси тайёрӣ гувоҳнома дода мешавад.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба қабули шунавандагон барои таҳсил дар курси тайёрӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олии Тоҷикистон бо воситаи Маркази миллии тестӣ омода аст.