Маълумоти мухтасар дар бораи Консепсияи миллии тарбия

Донишкада роҷеъ ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти №94  оид ба “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”фаъолона корбарӣ мекунад. Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан ҷавонон муайян мекунад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсият инсони комил муайян мекунад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, зебопарастӣ, сарфаю сариштакорӣ, масъулиятшиносӣ ва созандаю эҷодкорӣ вобаста аст. Яке аз вазифаҳои муҳими устодони донишкада ин тарбияи донишҷӯён буда, дар он масъалаи Консепсияи миллии тарбия фаро гирифта мешавад.

Маводҳои иловагӣ:

1. Барномаи давлатии тарбияи насли наврас

2. Китоби мактаби олӣ

3. Консепсияи миллии тарбия

4. Қонун дар бораи забони давлатӣ

5. Қонун дар бораи масъулияти падару модар

6. Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим

7. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Стратегияи мубориза зидди коррупсия

9. Стратегияи сиёсати ҷавонон