Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон ва тарбияи ғоявӣ, сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии насли наврас чорабиниҳои тарбиявии гуногун ба нақша гирифта шуда, дар баргузории ин чорабиниҳо созмонҳои ҷамъиятии донишкада,  деканатҳо оид ба тарбия ва донишҷӯёни бомаҳорат ва пешқадами донишкада ҳиссагузорӣ менамоянд. Ҳадаф аз ин вохӯриҳо бо амояндагони, РВКД-ии ҶТ дар  вилояти Суғд, намояндагони Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Прокуратураи вилояти Суғд, Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар в.Суғд баландбардории тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ,  масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон, пешгирии қонунвайронкуниҳо ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳифзу ҳаракатҳои тундрав мебошад.  .

НОМГӮИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРГУЗОРГАРДИДА ОИД БА ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТУНДРАВ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН

- Санаи 07.09.2018  намоиш ва муҳокимаи филми ҳуҷҷатии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” дар соати тарбиявӣ

- Санаи 13.09.2018 вохӯрӣ бо вакилони МНМО ҶТ Гулбаҳор Назирӣ ва Қудратов Рустам Раҳматович оид ба “Дастовардҳои ҶТ дар 27 соли истиқлолият” дар Маркази фарҳанги ш. Хуҷанд

- Санаи 14.09.2018 баргузории соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Нашъамандӣ, аломатҳо ва роҳҳои мубориза бо он”

- Санаи 05.12.2018 вохӯрӣ бо роҳбари ташкилоти “Сарчашма” Болтаева  М (бо духтарон) ва корманди иҷтимоӣ Ашӯров Б (бо писарон) оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, дар хобгоҳ

- Санаи 07.12.2018 дар ҳамаи гуруҳҳои академӣ дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа” соати тарбиявӣ гузаронида шуд.

 ВОХӮРИҲО БО НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

1. Бо мақсади боз ҳам бештар огоҳ гардидани ҷавонон аз оқибатҳои ин амали номатлуб санаи 08.12.2018 дар толори донишкада бахшида ба 9 декабр – Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар в. Суғд, подполковники адлия Зарифӣ Дилшод Неъматзода ва сардори шуъбаи ташкили кор, назорат ва иттилоотии Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ в.Суғд, капитани адлия Муҳаммади Сӯҳроб Раҳмонзода бо донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, санаи 04.01.2019  соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа”  низ дар ҳамаи факултетҳои донишкада баргузор гардид. 

2. Санаи 09.11.2018 мулоқот бо муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғони РКД дар вилояти  Суғд, подполковники милитсия Н. Турсунов ва сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ахмедов Ш. оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ баргузор гардид. 

3. Санаи 09.11.2018 вохӯрии донишҷӯдухтарон бо сиёсатмадор, фаъолзан, собиқадори меҳнат, депутати халқии Иттифоқи Шӯравӣ ва Тоҷикистон Бихоҷал Раҳимова баргузор гардид. 

4. Санаи 29.11.2018 мулоқот бо Мирмухамедов О.- сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Мавлонова М. О.–муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, Ахмедов Ш.– мутахассиси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав

5. Санаи 20.12.2018 мулоқот бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар толори донишкада бо намояндагони РВКД ҶТ

6. Санаи 11.02.2019 мулоқот бо муовини сардори шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили  РМЗҶМ ВКД ҶТ дар в. Суғд, подполковники милитсия Муҳиддинов Д.Ҳ. ва ваколатдори оперативии шуъбаи мазкур, майори милитсияи Бобоев М.М. оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика

7.  Санаи 20.02.2019 мулоқот бо сардори шуъбаи РВКД  ҶТ дар в. Суғд полковник Орифзода С.Н.,  намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши в.Суғд Ҷаъфаров Д. оиди пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб бо омӯзгорону донишҷӯёни факултети  муҳандисӣ-иқтисодӣ расм нест

8. Санаи 13.03.2019 вохӯрӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон” бо иштироки сардори маркази иттилоотии Раёсати вазорати корҳои дохилии ҶТ дар в. Суғд, подполковники милитсия Шомирсаидов Р.С. бо  омӯзгорону донишҷӯёни факултети сохтмон ва нақлиёт

9. Дар толори донишкада санаи 27 апрели соли 2019 вохӯрии Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони РВКД-и вилояти Суғд, полковники милитсия Саидзода Баҳром Раҷабалӣ бо донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини директор оид ба тарбия Довудов Гулшан, декани факултет Солиев Одилхӯҷа, Раиси ҷавонони донишкада Масаидов Ҷамшед, устодони факултет низ иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Саидзода Баҳром Раҷабалӣ зикр кард, ки мо бояд бетараф нагардида, аз пайи ободии ин миллату давлати худ гардем. Қайд карда шуд, ки аз гумроҳиву надонистани қонун бисёре аз ноболиғону ҷавонон ба корҳои беҳуда машғул гардида, даст ба ҷиноят мезананд. Аз рӯи ҳисоботҳои охир танҳо ба волидайни ноболиғон 1010 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” мебошад. Сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон бошад дар соли 2018 54 адад буда, дар соли 2019 18 адад ҷиноят кам шудааст.

Имрӯз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ барои ҷавонон тамоми шароит барои таҳсилу фаъолият фароҳам омадааст. Эълон гардидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” низ яке аз роҳҳои беҳтарини пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷиноякорӣ буда, малакаву ҷаҳонбинии онҳоро васеъ мегардонад. Муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мавриди баррасӣ фаро гирифта шуд. Мулоқоти мазкур ҳисси худшиносиву худогоҳии донишҷӯёнро баланд бардошта, тарбияи ватандӯстиашонро афзун намуд. 

 

10. Санаи 16.04.2019 вохӯрӣ бо намояндагони МИҲД, Раёсат ҷавонон, оид ба ВНМО ва пешгирии шомилшавӣ ба  ҳизбҳои тундрав ва даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар хобгоҳи донишкада 

11. Бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва мубориза бар зидди нашъамандӣ санаи 15.05.2019 бо донишҷӯёни донишкада вохӯрӣ гузаронида шуд. Мулоқотро муовини директор оид ба илм Мақсудов Хуршед оғоз намуда, зикр кард, ки нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар қатори дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа барои солимии шахс ва миллат хатари зиёд дорад.  Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин амали ногувор муборизаи қавӣ мебаранд. Тавсеаи якчанд қонуну барномаҳои стратегӣ барои коҳиш нашъамандӣ бешубҳа мусоидат намуд. Аммо ҳанӯз ҳам ин беморӣ хосса миёни ҷавонон зиёд паҳн шудааст. Азбаски Тоҷикистон дар сарҳади кишвари истеҳсолкунандаи маводи нашъаовар - мамлакати Афғонистон қарор дорад, интиқолу паҳни маводи мухаддир зиёд ба чашм мерасад. Хушбахтона, таъсиси  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садди роҳи қонуншиканиҳо мегардад.

Дар мулоқот намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷамшед Аҳмадзода ширкат варзида, оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷиаовари маводи нашъадор сухан ронд. Номбурда аз таҷрибаи кории худ мисолҳои мушаххас оварда, бо донишҷӯён мулоқоти озоду шаффоф намуд. Донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, ҳамзамон ба саволҳои намояндаи Раёсат ҷавобҳои қаноатманд доданд.

Ҷамшед Аҳмадзода зикр намуд, ки тибқи омори Маркази наркологии вилояти Суғд 1012 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 300 нафар  дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Мутаассифона, байни онҳо занону духтарон низ ҳастанд, ки 34 нафарро ташкил медиҳанд. Дар охир қйд намуд, ки ҷавонон зиракиро аз даст надода, ба дӯстону ҳамсолони худ ҳушдор диҳанд, ки аз ин доруи марговар даст кашида, рӯ ба зиндагии солим ниҳанд.

12.  Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароии экстримистиву террористӣ дар толори донишкада вохӯрӣ таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ” баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода А., намояндаи Кумитаи занон ва оилаи вилояти Суғд Умаршоева, муовини директор оид ба тарбия Довудов Гулшан  ва устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Темирова Хайриниссо ширкат доштанд. Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз ҷавонон бояд фирефтаи найранги дигарон нагардида, аз пайи донишандӯзӣ ва ҳамқадами технологияҳои муосири манфиатовар гарданд.

 Дар донишкада аз ҳисоби донишҷӯён дастаи донишкадавии гурӯҳи ҷавонони “Авангард” амал мекунад. Бо мақсади саривақт посухи воқеии додан ба мақолаҳои ғаразноки хоҷагони беруна тавассути шабакаи байналмилалии Фейсбук зиёд шарҳу вокунишҳо дар мавриди Истиқлолияти давлатӣ ва вазъи воқеии ҷамъияти мо ба табъ расидаанд.  Дар донишкада аз ҳисоби омӯзгорони пешқадам ва дониши баланди сиёсӣ дошта гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, мувофиқи дастури сарвари донишкада аъзоёни гурӯҳ оиди оқибатҳои нанговари шомилшавӣ ба ҳизбҳои тундрав ва аз рӯзгори ҷавононе, ки дар мамлакатҳои Сурияву Ироқ меҷанганд дар нашрияҳои даврӣ мунтазам мақолаҳо дарҷ менамоянд. Бояд қайд намуд, ки донишкада якҷоя бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ тариқи дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи  ҷамъиятии  шаҳри Хуҷанд хеле фаъол мебошанд.