Нақшаи чорабиниҳо

оид ба амалишавии   Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 дар ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар ш.Ҳуҷанд

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлати иҷро

1

Таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимои  ва фарҳангии кормандон ва донишҷӯён

мунтазам

2

Таҳия ва ҷори намудани курси иловагии лексияҳо оид ба хавфи кори мафкуравии созмонҳои тундраву ифротгар ва тарзу усулҳои  аз  ҷониби онҳо  ҷазб намудани ҷавонон ба иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона

мунтазам

3

 Нашр ва паҳн намудани плакатҳо,  баннерҳо , брошюраҳо, варақаҳо ва дигар маводи тақсимотии хусусияти маърифатию зиддиэкстремистӣ дошта дар байни донишҷӯён ва кормандони донишкада

мунтазам

4

Баланд бардоштани сатҳи донишҳои омӯзгорон доир ба масъалаи пешгирии экстремизм ва терроризм. Таҳия намудани модулҳои дарсии “Моҳият ва хусусияти терроризм, муқовимат бо мафкураи терроризм”  ва ғайра

2016-2018

5

Ворид кардани фанни “Асосҳои дин”

2017-2018

6

Роҳандозӣ намудани соати алоҳидаи дарсӣ дар доираи фанни таърих ё дигар фанни ҷамъияти дар мавзӯи “ваҳдати миллӣ”

2017

7

Пурзӯр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба хусусиятҳои низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ, интихоби дурусти кластерҳо ва муассисаҳои таълимӣ

2016-2020

8

Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ амалӣ намудани тақсимоти такрории  довталабон ба ҷойҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосӣ холӣ мемонанд

Ҳар сол

9

Роҳандозӣ намудани чорабиниҳои густурдаи огоҳонӣ дар байни ҷавонон

2016-2020

10

Зиёд кардани гурӯҳҳои пешсаф (авангард) аз ҳисоби донишҷӯён ҷиҳати муқовимат бо паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон тавассути шабакаи Интернет

2016-2020

11

Баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён оид ба методҳои фаъолияти профилактикӣ  дар муқовимат бо экстремизм ва тундгароӣ, ташкили семинарҳо, лексияҳо, мизи мудаввар, вохӯриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

2016-2020

12

Мусоидат ба ташаккули малакаи соҳибкории донишҷӯён тавассути таъсиси низоми бизнес инкубаторҳои ҷамъиятӣ ва мусоидат намудан ба онҳо дар дарёфти воситаҳои пулӣ ҷиҳати маблағгузории фаъолияти ибтидоии онҳо

2016-2018

13

Дастгирии соҳибкорони ҷавон, маблағгузорӣ намудани барномаҳо оид ба додани грантҳо ва қарзҳо ба ҷавонон

2016-2018

14

Мусоидат намудан дар омодагии касбии ҷавонон ва таҷрибаомӯзии онҳо, пешниҳод намудани барномаи таҷрибаомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон , ки муассисаҳои таълимиро хатм карда истодаанд.

2016-2018

15

Бунёди иншоотҳои варзишӣ, китобхонаҳо, марказҳои маърифатӣ,  мақсаднок  ва самаранок  истифода бурдани иншоотӣ варзишӣ ва фарҳангӣ

2016-2020

16

Татбиқи чораҳои мушаххас оид ба ҷалб намудани духтарон ба таҳсил ва пешгирии ҳолатҳои аз раванди таҳсил  хориҷ намудани онҳо

2016-2020

17

Якҷоя бо ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронидани чорабиниҳо оид ба омузонидани таърихи фарҳанг, дин ва сиёсат ҷиҳати кумак ба дарки нодурустии назарияҳои экстремистӣ ва фарқ намудани  таълимоти аслии ислом аз тафсирҳои тундгароёнаи он ба занон

2016-2020

18

Гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани донишҳои ҷавонзанон доир ба чораҳои худмуҳофизаткунӣ, эҳтиёткорӣ дар муошират бо атрофиён, вокуниш ба таҳоҷуми экстремистӣ, инчунин тарзу усулҳои ҷазбкунии занон аз ҷониби созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ

2016-2020

19

Омӯзиши имкониятҳои омода намудани кадрҳои боихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ки ба бурдани  муборизаи босамара бо Интернет-экстремизм қодир мебошанд

2016-2020