Дар татбиқи муносибати босалоҳият бояд дар назар дошт, ки методҳои фаъол дар ҷараёни таълим ҳар як машғулият чӣ тавр истифода бурда мешаванд. Технологияҳои навро ҳамчун дастоварди таҷриба дар ҷойи зарурӣ дар раванди таълим ҷойгир бояд намуд. Ҳама гуна тағйирот дар муносибат ва ҳамкории иштирокчиёни раванди таълим зарур аст.

Дар замони муосир дар технологияи таълим муассисаҳои таҳсилоти олӣ тағйироти назаррас дар татбиқи муносибати босалоҳият ба назар мерасанд. Тавре таҳлилҳо нишон доданд, салоҳиятнокии хатмкунандагон дар навбати аввал дар касбияти онҳо ошкор мешаванд.

Технология ва методҳои ташаккули салоҳиятнокии донишҷӯён

Ташаккули салоҳияти умумӣ ва касбӣ ифодакунандаи фаъолияти донишҷӯён дар ҳалли вазифаҳои таълими ва аз худ намудани салоҳиятҳои алоҳидаи он мебошад. Компонентҳои асосии баланд бардоштани салоҳиятнокии данишҷӯён когнетивӣ, тамоилгарӣ ва амалиётӣ мебошад, ки минбаъд дар тарзи фаъолияти онҳо интегратсияро ба вуҷуд меорад. Давраи хотимавии ташаккули салоҳиятнокӣ пайдо намудани таҷрибаи ҳалли вазифаҳои амилӣ мебошад. Се гурӯҳ методҳои дар боло номбаргардида, ба монанди методҳои таълими ананавӣ, касби ва фаъолияти таълимӣ-касбӣ дар ташаккули компанентҳои салоҳиятнокӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Дарки моҳияти методҳо дар ташаккули компанентҳои салоҳиятнокӣ иқтидори ҳалли вазифаҳои интихобнамударо тавоно мегардонад.

Системаи таълими лексионӣ-семинарии то имрӯз амалкунанда ба баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати донишҷӯён равона шуда буд. Дар ин метод дараҷаи аз худ намудани мавод 40% ва бо истифода аз аёниятҳо, презинтатся ва видиероликҳо то 60%-ро дар бар мегирад. Дар ҳолати истифода намудани аёният, презентатсия ва видеороликҳо ва талафуз доираи дониш боз ҳам васеъ мегардад.

Л.С. Висотский кайд намудааст, ки «Худ ба худ хондани калима ва алокаманд гардидани он бо ашё ба дарки мафҳум оварда намерасонад, танҳо дар ҷараёни фаъолияти гуногунҷабҳаи маърифатӣ, ки баҳри ба даст овардани мақсади муайян равона гардидааст, фаҳмиш ҳосил мегардад».

Мавқеи технология ва методҳои таълим дар ташаккули қисматҳои салоҳият:

  • гурӯҳи технологияи методҳо;
  • мавқеи методҳо дар ташаккули қисматҳои салоҳиятнокӣ;
  • технология ва методҳои фаъолияти таълими анъанавӣ (лексия ва семинарҳо);
  • ташаккули дониш дар бораи асосҳои майлкунии иҷрои фаъолият, тарзи умумигардонӣ ва методҳо, усулҳои шахсии ҳалли масъала;
  • технология ва методҳои фаъолияти касбӣ
  • коркар ва азхуд намудани қисматҳои салоҳиятро ташаккулдиҳанда ва ҳамгироии минбаъдаи онҳо дар раванди таълим ва инкишофдиҳандаи фаъолияти касбӣ;
  • технология ва методҳои фаъолияти таълимӣ-касбӣ;
  • коркард ва аз худ намудани қисмати ҷудогонаи ташаккулдиҳандаи салоҳиятнокӣ ва ҳамгироии минбаъдаи он дар шароити махсуси фаъолияти таълимӣ-касбӣ ё дар таҷриба зери роҳбарии омӯзгор.

Бо вуҷуди маҳдудиятҳо низоми таълими лексионӣ-семинарӣ, фаъолияти инноватсионӣ, бешубҳа, мавқеи арзанда дорад. Мансубияти он ҳамчун яке аз технологияи ғунҷоиши ахборӣ ва ҳисоби сексия ва семинарҳои қисмати дарккуни  ва тафаккури умумӣ ва салоҳияти касбӣ пойдор мебошад. Дар робита бо зарурати тадӣиқи мақсадҳои нави таҳсилотӣ мансубияти вазифавӣ, шакл ва методи гузаронидани машғулияти лексионӣ бояд тағйир дода шавад. Инкишофи кисмати зеҳнӣ дар ташаккули омадагии донишҷӯ ва фаъолияти касбӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.

Дар раванди лексияҳои барқароркунӣ, воридшавӣ, фронталӣ ё умумигардонӣ проблемаҳои методологии дорои моҳияти мазмуннукӣ омухта, дониш ба танзим дароварда шуда, таркиби онҳо ҷудо карда мешавад. Лексияҳои барқароршавиро гузаронидан мақсаднок мебошад, он вазифаҳоро кушода, фаъолияти таълимро дар ҷараёни омӯзиш муайян ва таъмин менамояд.

Лексияҳои ҷамъмбастӣ аз фан ё гурӯҳи фанҳо дар давраи ба анҷом расидани фанни таълимӣ хонда мешаванд. Дар доираи он салоҳияти умумӣ ё касбӣ ташаккул ёфта, на танҳо вазифаи таштишотиро иҷро менамояд, балки донишҳоеро, ки донишҷӯ аз фанҳои гуногун ҳосил намудааст, мустаҳкам мегардонад. Дар ин ҳолат лексия на танҳо вазифаи ба донишҷӯ додани дониш, балки ифодакунандаи тасаввуроти чуқур ва фаврии илмӣ, методологӣ ва ахборӣ касбӣ мебошад.

Дар накша бештар лексияҳое самаранок мебошанд, ки тибқи талаботи шакли фаъоли таълими сохта шудаанд. Дар натиҷаи чунин муносибат он аз доираи лексияҳои ахборотӣ мебарояд.

Шералӣ Қоидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Солҳои охир ҷаҳони муосирро ба ғайр аз хатарҳои иқтисдиву сиёсӣ, ҳамчунин хатарҳои даҳшатфиканиву тарсонидан, ғасби ҳокимият, қатлу куштор, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ фаро гирифта истодааст. Дар чунин марҳилаи ҳассос танҳо он кишвар эмин аз ин хатарҳо мегардад, ки соҳи маърифат, ақлу заковат ва дониши баланди сиёсӣ бошад. Зеро воқеияти рӯз инро исбот кардааст. Махсусан дар такя ба эҳсоси мардум  таблиғу ташвиқ намудани ғояҳои ноҷо миллатҳоро ба иллат оварда истодааст.

Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.

Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд: – ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳитииҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба дастовардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон; – ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда; – ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа; – баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ; – ба ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон; – баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон; – таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд; – баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Мо, аҳли устодон набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Мо зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти бачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем.

Фирӯза Рашидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳар яки мо шоҳиди онем, ки бо шарофати баҳои Истиқлолияти давлатӣ ва устувории Ваҳдати миллӣ Ватани азизамон Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёфтааст. Бо саъй уталошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои хоксоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарикони стратегии он Ватани мо рӯз аз рӯз ободтар шудаистодааст. Бунёди нақбҳо таҷдиду ободии роҳҳо, бунёди неругоҳҳои бузургу хурд, муассисаҳои таълимию маишӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, этибори махсус ба соҳаи маориф, рушди иқтисодиёт, бехтар шудани сатҳи зиндагӣ, хизматрасонӣ ва амсоли он моро ба пуррагӣ қонеъ карда метавонад.

       Ҳар яки мо ба тавассути оинаи ҷаҳоннамо ва расонаҳои хабарӣ ваъзи ноороми кишварҳои даргири Шарқи наздик иттилоъ дорем. Рӯзи сиёҳе, ки ба сари мардуми одӣ ва осоиштаи он мамолик омодааст мурғони ҳаво ва моҳиёни дарёро ба гиряву фиғоновардааст.

       Неъмати беҳтарине, ки ҳар як инсон ба он ниёзмандаст, пеш аз ҳама сулҳу оромист. Мо шукр аз он дорем, ки имрӯз дар оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем, бо хотири ҷамъу дили беғам машғули кору фаъолият ҳастем. Аммо афсӯс, ки як падидаи номатлуб моро ором намегузорад. Имрӯз дар ҷомеаи шаҳрвандии мо нисбати дину диндорӣ ақоиди мухталиф ба миён омадаанд. Мо ҳамчун омӯзгор шаҳрванди ҳамин кишвар шоҳиди он будем, ки замоне ҳизби наҳзати бо ҷомаи ислом чӣ мусибате ба сари мардум овард.  Мардум дар оғози таъсиси ҲНИ гумон доштанд, ки ҳадафи асосии он танҳо тарғибу ташвишҳои арзишҳои дини мубини ислом аст. Аз ҳамин лиҳоз, сафи аъзои он афзуд.

       Мутаассифона, ҲНИ дар солҳои охир принсипи кори худро дигар карда, ҳадафҳои сиёсӣ ва тундгароии худро пеш гирифт. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта фоҷеаҳо ва мусибатҳои ҷанги бародаркушро дида буданд, талхии заҳри ҷанг ҳанӯз дар комашон боқӣ монда буд, аз аҳдофи муғризонаш роҳбарияти ҲНИ огоҳ шуданд ва дилашон аз ин ҳизб монд. Онҳо ба таври оммавӣ нобоварии худро нисбати ҲНИ дар интихоботи 1 марти соли 2015 иброз доштанд. Ҳамин буд, ки ин ҳизб аз ҷониби мардум дастгирӣ наёфт.

 

       Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар қатъ намудани фаъолияти ҲНИ тадбири одилона буда, мардуми мусалмон ба фаъолият ва мавҷудияти чунин ҳизби экстремистӣ ва террористӣ ниёзе надоранд.

       Мо нисбати собиқ аъзои қатории ҳизби мавсуф, ки пас аз фаҳмидани хатоҳои худ аз узвияти он даст кашидаанд, эҳтиром дорем ва бо онҳо софдилона меҳнат карда, баҳри шукуфоию пешрафти Тоҷикистони азиз, пояндагии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон қадам мегузорем. Албатта, барои муваффақ шудан ба он ҳар яки моро зарураст, ки аз як гиребон сар бароварда, дар зери як парчам, ки он Парчами Тоҷикистон буда, барои ҳар яки мо муқаддас аст, муттаҳид шавем. Ба ихтилофоту зиддиятҳо роҳ надиҳем ва насли наврасу ҷавонро, ки ояндаи кишвари мо дар дасти онҳост, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ватанпарварию меҳнатдӯстӣ, инсондӯстию маърифатпарварӣ тарбия намоем.

       Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ муаззафаст, ки бо ҳисси масъулият пойдории сулҳу Ваҳдат ва ҷовидонии Истиқлолияти давлатӣ саҳми инсонӣ ва шаҳрвандии худро гузорад. Ҳар яки мо бояд сади роҳи ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ шавем. Ба он муваффақ шавем, ки насли имрӯзу фардо сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат ва талошҳои пайгиронаи ӯро барои ободии кишвар дуруст ва саҳеҳ дарк кунанд, шукри он кунанд, ки дар замони истиқлолият аз меваи шаҳдбори дарахти Ваҳдат баҳраманданд. 

Фирӯза Рашидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд       

 

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 сол муқаддам бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини сулҳу субот ба имзо расида буд, ҳамчун санади сарнавиштсозу саодатбахши миллӣ мақоми хосса  пайдо намудааст.  

Табиист, ки раванди сулҳсозӣ амали саҳлу осон набуд ва сарсупурдагиҳову талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки халқи мо аз вартаи ҳалокату фоҷиа раҳо ёфт. Президенти мамлакат тавонистанд, дар арсаи байналхалқӣ роҳи ҳалли мусолиҳатомези дохилиро ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин таҷриба ва дастовард  барои дигарон намуна ва барои миллати тоҷик роҳнамо гардид.

Баъд аз  ба тасвиб расидани ин санади таърихӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо марҳилаи созандагӣ оғоз гардида, Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат ба шоҳроҳи тараққиёт ворид шуда, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд пайдо намуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавқеашро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуд ва нуфузу ҷойгоҳи он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд гашт, ки ҳамаи ин аз файзу баракати Ваҳдати миллист.

Тӯли 27 соли Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарвари мо марҳалаи бобарор ва пурифтихор буда, дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва заҳмату фаъолияти пурсамари сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ, дар ин ҷараён садҳо муассисаҳои замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди дигар иншоотҳои гуногун идома доранд, ки ин ҳама неъмати соҳибистиқлолӣ ва файзи Ваҳдати миллӣ мебошанд.

                Шукри замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб, Пешвои муаззами кишвар, сулҳу амонӣ, ки имрӯз халқи азизи ман ба ин  ободиву шукуфоӣ расидааст. Ҳамаи ин пешравию ободиҳо муъҷизаи табиат не, балки маҳсули ақлу хиради воло,  арақи ҷабину ҷидду ҷаҳд ва талошҳои созандаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст.

                Ҳамватанони ман муъҷизакоранд. Онҳо роҳҳои васеъ, бо тарҳи дилчаспу замонавӣ иморатҳои нав месозанду шаҳрҳо обод мекунанд, заминҳои нав мекушоянд, маҷрои дарёҳоро баста, неругоҳҳои бемисл бунёд намуда, ба зиндагии шоиста мерасанд. Бахту саодат ва иқболи баланд худ аз худ насиб намешавад, онро худи кас бояд ҷустуҷӯ намуда ёбад.

                Тоҷикистони азиз, эй Ватани маҳбуб! Ту бароям беҳтарин бахту давлат, сарвату саодат ҳастӣ. Аз тамошои сабзаву боғҳои дилкушоят чашмонам нур мегиранду чаҳ – чаҳи булбулону мурғони хушнавоят сафои ботинамро мефизоянд. Ба атроф менигарам, кӯҳҳои сарбаландатро дида, ифтихорам дучандон мегардад, онҳо рамзи устуворию сарбаландии халқи бузургворам ҳастанд. 

         Мо бояд дастҷамъона арзишҳои бузурги миллиро ҳифз намуда, дар пойдорию таҳкими суботи сиёсӣ, сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми муносиби хешро гузорем ва ба наслҳои ояндаи ин миллат кишвари ободу пуриқтидорро мерос гузорем.

Фирӯза Рашидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Яке аз калимаҳое, ки барои фарзанди инсон ошною муқаддас ин - муаллим, омӯзгор мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид медоранд:

 Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва тарбиятгари миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурди инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд: “тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии мамлакат ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконоту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имконот дастгирӣ менамоям».

Воқеан ҳам, дар давраи Истиқлолият аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шудани нақшаи ислоҳоти соҳаи маориф, Барномаҳои давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рушди соҳаи тарбияи томактабӣ, гузаштани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шакли нави идора ва маблағгузории сарикасӣ натиҷаҳои хуб доданд.

Дар ин фосила нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа хеле боло рафт. Мисли солҳои пешин омӯзгоре, ки дониш дорад, малака дорад, миёни ҷомеа ҳарфу суханаш вазн дорад, боз ҳамон мартабаи пешинаро дарёфтааст.  Муҳим он аст, ки устодро аҳли ҷомеа мисли падар эътироф ва ҳурмат мекунанд

 Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст 

    Муаллимро имрӯз метавон ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ дод. Ӯ нуре аст, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилии роҳи ҳаётро осон мегардонад.

 Ҳар киро устод набвад кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

 

   Сарчашмаи хамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани шогирдони баркамол маҳз ба маҳорати омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.

   Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳии инсон аст. Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти ояндаи солим омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгори касби нихоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.

Расад ҷон бар лаби бечора устод.

Ки ҳарферо ба шогирде дихад ёд.

   Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро руйи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталабаш имрӯз руйи об аст.

 

 

 

Рашидова Ф.М омӯзгори ДПДТТХ

 

Миллати тоҷик баъди ҳазор сол бо заҳматҳои бениҳоят зиёди фарзандони фарзонааш ба мисли Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ чун миллати соҳибтамаддун ном бароварда, тавонист ба ҷанги бемаънӣ хотима диҳад. Ба бешарфон, хиёнаткорон бори дигар собит шуд, ки мо миллати воҳидем ва ҳаргиз дасисаву авомфиребҳи монеаи рушди кишвар нахоҳад шуд. 

Амо воқеияти рӯз нишон медиҳад, ки агар маърифати ҷавононамон боло наравад, сатҳи худшинсоиро хуб дарк накунанд   кишвар боз дар кучаи сарбаста мемонад. Ҷавонони мо бояд аз наслҳои гузаштаамон илҳом бигиранд ва пайрави онҳо бошанд, чунки миллати тоҷик хеле шахсиятҳои бузург дорад, ба монанди: Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Абуали ибни Сино, Умари Хайём, Имом Абуҳанифа, Абулқосим Фирдавсӣ, Имом Бухорӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигар.

Ин шахсиятҳои бузург хизматашон на танҳо ба миллати мо, балки ба дигар халқиятҳо ва ҳатто ба тамоми башарият расиддаст. Масалан китобҳои Абуалӣ ибни Синоро тамоми табибони дунё истифода мебаранд, Абуабдуллоҳ Рудакӣ сардафтари адабиёти тамоми форсизабонони дунё мебошад, мисраҳои Саъдӣ дар болои дари Созмони Миллали Муттаҳид, ки қариб 200 давлати дунё аъзои ин созмон мебошанд ва ин созмон созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад, навишта шудааст. Имоми Аъзам соҳиби мазҳаби мо, ки қариб 60 фоизи мусулмонони дунё пайрави ин имоми бузург мебошанд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст. Имом Бухорӣ муаллифи китоби Саҳеҳи Бухорӣ мебошад, ки ин китоб муътабартарин китоб баъди Қуръони Карим аст ва тамоми донишгоҳҳои исломии дунё аз он истифода мебаранд.

Пас имруз айб аст, ки ҷавони тоҷик яъне наберагони ин шахсиятҳои бузург ҷоҳилу бесавод бошаду ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дохил шуда, гумроҳ шаванд.

Мо ҷавонон имрӯз дигар наметавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ғафуров бошем, аммо мо метавонем мисли онҳо шавем. Яъне аз мероси илмӣ ва ашъори пурғановати ин бузургонамон истифода бурда, мо метавонем Сино, Рудакӣ, Абуҳанифа, Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ғафурови замон бошем.

Имрӯз, ки асри 21, асри илму теника ва технология мебошад, мо ҷавонон бояд фарҳанги техникӣ дошта бошем, яъне барои пешрафти илму техника саҳмгузор бошем.

Интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро боманфиат истифода барем, на барои сарфи беҳудаи вақту бар зарари худ.

Фарҳанги тоҷиконаи худамонро ҳам дар либоспӯшӣ, ҳам дар ахлоқ ва ҳам дар фарҳанг гум накунем. Мо кӯшиш намоем, ки фарҳанги худамонро ба дараҷаи аъло расонем ва дигарон ба мо тақлид кунанду пайрав шаванд. Яъне фарҳанги волои худамонро ба дигар миллатҳо муаррифӣ намуда, паҳн намоем.

Хулоса, ҷавонон коре кунанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ватани азизамонро дар ин замони пурҳассос пуштибонӣ кунанд ва ба давлати муттарққии ҷаҳон табдил диҳанд. Ҳамаи ин бо роҳи илму дониш, амалӣ намудани он ва ахлоқи хуби инсонӣ ба даст оварда мешавад.

Барои он ки аз даст наравад пеш аз ҳама ба ин неъматҳо шукрона бояд кард. Шукронаи фақат ба забон гуфтан не, зеро фақат ба забон шукр гуфтан ин шукри комил ҳисобида намешавад. Мо бояд ҳадафи ин неъматҳоро, ки Худо додааст фаҳмида онҳоро бо ҳадафҳои хуб истифода барем бар акси он истфода бурдан ношукрӣ мебошад. Шукр куни неъматат афзун шавад, вар накунӣ аз кафат берун шавад.

  Низомадинова Р. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Шахсе, ки тавонист тани танҳо, дар як давраи парешониву парокандагӣ ва дар рӯзҳои даҳшатбору фоҷиабори кишвар ҷони худро ба гарав гузошта, аз як сарзамини ҷангзада бо ном Афғонистон бо суханҳои самимиву меҳри падарона тамоми ҳамватанонро ба Ватани аҷдодии худ баргардонид, Пешвои миллат, кафили сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Лаҳзаҳои мудҳише буданд, ки аз чашми модарону хоҳарон ашки ҳасрат ҷорӣ буд. Падар дар ҳасрати дидори фарзанд буду фарзанд чашм дар роҳи бозгашти падар. Албатта, фаромӯш кардани он рӯзҳои сангини миллат фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Зеро он шабу рӯз аз ҳар самт ба амнияти миллат ва якпорчагии давлат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Бартараф намудани ин бесару сомониҳо ва ба Ватан даъват кардани гурезагонро ягон нафар намехост ба уҳдаи худ гирад. Зеро ҳама ҷоҳу ҷалоли худро муҳимтар аз манфиати миллату давлат медонистанд. Танҳо ҷасорату ғайрат ва мардонагии ҷавонмарди асили миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин масъулияти бузургро ба дӯши худ гирифта, манфиати давлату миллатро дар мадди аввал гузошт.

Қавлу қасам,  вафодорӣ, меҳрубонӣ, ҷасорату шуҷоат, ҷавонмардӣ, садоқату муҳаббат ва нияту қалби поки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки санаи 8-уми декабри соли 1992 ба тамоми гурезагони берун аз марзи Ватан муроҷиати бозгашт ба Ватанро намуд, ки дар он чунин омада буд: “Падару модарони меҳрубон ва хоҳарону додарони гиромӣ! Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраҳои таърихиро аз сар гузаронида истодааст. Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллат гаштанд. Ман ба ҳар яки Шумо муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…”

Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар азми кардааш устувор монда, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии давлат бо саркардагони гурӯҳҳои мухолифин панҷ давра гуфтушунид ва ҳафт мулоқот ороста, ба мақсади адолатпарваронаи худ муваффақ гашт. Ин ҳама азму талошҳо ба осонӣ ба даст наомада, шуҷоату қаҳрамониро барои расидан ба мақсадҳои нек талаб мекард. Барои расидан ба ҳадаф ва муваффақ шудан дар ин роҳи душвор барои боз намудани саҳифаи навини таърихӣ бо иқдомҳои бунёдкоронаву созандагӣ боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки ҳамаи инро Сарвари поксиришти мо дар як муддати кӯтоҳ соҳиб шуд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназири Сарвари давлат нақбу пулҳо ва роҳҳои наву ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шуданд, ки дар равуои мардуми кишвар аз як минтақа ба минтақаи дигар тамоми мушкилотро бартараф  намуд. Барои бартараф  намудани камбудиҳо ва беҳбуд бахшидан ба рӯзгори мардум садҳо корхонаву фабрикаҳо сохта ба истифода дода шуданд. Ба ҷоннисору хизматкардаҳои миллат унвони олии қаҳрамонӣ доданд ва ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанд.

Ҳар як инсони комил бояд дар зиндагии худ нафареро ҳамчун шахсият эътироф намуда, кӯшиш намояд, ки ба монанди ӯ сухан гӯяд, рафтор кунад ва ҳатто шакли зоҳирияшро мутобиқ созад. Яъне, ҳар як инсон намунаи ибрати худро дошта бошад. Танҳо он нафаре намунаи ибрат шуда метавонад, ки бо рафтор, гуфтор ва кирдори нек арзандаи пайравӣ бошад. Хирадмандию ҷасурӣ, ростқавлию бовиҷдонӣ, дастгиру мададгори ниёзмандон будани Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хурду калони тоҷику тоҷикистонӣ ин марди ҷасури миллатро намунаи ибрати худ ҳисобида, аз мактаби сулҳофариву ватандӯстии ӯ таълим ва тарбия гирифта истодаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ман ҳамчун як ҷавони даврони истиқлолият тамоми сокинони Тоҷикистони азиз ва дар симои онҳои ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод  менамоям.

 

Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар замони ҷаҳонишавии босуръат мо амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамон вақт пурра таъмин карда метавонем, ки барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ пайваста саъю талош варзем ва кӯшиш намоем, ки арзишҳои диниамон барои рушди давлатамон хизмат намоянд ва ба ҳаёти маънавии мо ранги тоза бахшанд.

Бояд эътироф кард, ки тамоми пешрафт ва саодати бегазанди мардум аз иттиҳоду сарҷамъист, зеро муттаҳидӣ ҳамеша нусрату баракатро дар зиндагӣ по бар ҷо месозад. Асоси пойдеворӣ мустаҳкамии ҳар як давлат бевосита аз якдиливу ҳамбастагии қавму миллатҳо замимаи худро гузоштааст. Хеле ҷолибу хушҳолкунанда аст, ки вақте мепурсанд аз куҷоӣ мо бо ифтихору сарбаландӣ тоҷику тоҷикнасаб буданамонро муаррифӣ менамоем. Албатта мо тоҷикем, тоҷики асил. Дар куҷое, ки қарор надошта бошем, хуни тоҷиамон ҳасту решаи мо ориёист. Хоҳ дар Хуҷанду Кӯлоб ва хоҳ дар ғарбу шарқи олам бошам ҳам муҳим аст, ки ман тоҷики тоҷдорам! Маҳз чунин ақидаҳо моро иттиҳод намуда, замина мегузорад, ки дар оянда миллатамонро сарбаланд гардонида бошем.

Ҳамаи муваффақият ва чунин иттиҳодиро на ҳар шаҳрванди кишварамон дар ниҳоди худ парварида метавонад, ки ин боиси таассуф аст. Зеро имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои тамоми мардуми кишварамон шароити мусоидеро барои барои зиндагонии шоиста фароҳам овардааст. Пас моро мебояд, ки дар эъмори чунин давлати мустақил ва мардумони озоду хушбахт, роҳу равиши тарбияи ватанпарастиамонро дучанд гардонида, мардумонро ба ягонагӣ ва дӯстӣ даъват намоем. Ин аст қарзи ҳар як шаҳрванди фахрии миллати азизамон Тоҷикистон.

Миллати тоҷик миллионҳо сол қабл арзи ҳастӣ дошт ва имрӯз мақому манзалаташ дар тамоми олам беш аз пеш баланд гардида, ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки кишварамон рушду нумӯъ ёфтааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки мардумони миллати тоҷик то ба имрӯзи озодӣ расидан аз беиттиҳодиву қасду нифоқи душман рӯзгори ниҳоят сахту сангинро аз сар гузаронида, азоби дарбадарию бечорагӣ кашидаанд ва хушбахтӣ матонату ҷасорат ва тамкини онҳо ғалаба карду имрӯз фазои орому осудаҳолӣ дар мамлакат ҳукмрон гардид.

Ифтихор аз ватану ватандорӣ, рисолати худро донистану гиромӣ доштани арзишҳои милливу маънавӣ аз ҷониби мардум ин нишонаи саодати бузурги давлатдорист. Вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номус аст, ки ҳар як порчаи ватани азизамонро ҳифзу ҳимоя намоем. 

Низомадинова Р. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат аст, ки инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки халқ барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолият дар кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омада, харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард ва хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат Пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳм карда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.

Мардуми Тоҷикистон, ки табиати азалии сулҳхоҳона ва сиришти ваҳдатофар доранд, атрофи Ҳукумат ва Сарвари маҳбуби халқ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз майдони мухолифат ба арсаи созандагиву бунёдкорӣ қадами устувор гузоштанд. Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати бебаҳои халқамон- ваҳдат ва ягонагист. Вазифаи мост, ки ин ваҳдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.   

Ваҳдати миллӣ ба давлати тозаистиқлоли мо эҳёи дубора бахшида, дар мамлакат марҳилаи нави ҳаёти созанда оғоз ва бунёди неругоҳҳои хурду бузург, корхонаҳои саноатӣ, роҳу нақбҳо, сохтмони иншоотҳои мухталифи хоҷагии халқ амалӣ гардид  ва ин раванди созанда идома дорад. Дар ин замина Ҳукумати кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ давра ба давра шароити мусоид фароҳам оварда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифт ва чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофар пазируфта шуд.

Бо шарофати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавзӯи вобаста ба мушкилоти обро ба миён гузошта, дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро комёб гардид.

Ҷаҳон ва ободиву оромии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки Ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта истодаанд. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бонангу номус бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзи Ваҳдати миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.

Сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо арзёбӣ гардида, таҳдиди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва амалиётҳои мусаллаҳонаи террористӣ хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, танҳо муттаҳидиву ҳамдилӣ моро аз тафриқаву низоъ эмин нигоҳ медорад. Рӯйдодҳои пуртазоди ҷаҳон моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузорем, ки амният ва Ваҳдати миллии Тоҷикистонро терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ халалдор созанд.

Аз ин хотир, ҷиҳати таҳкими сулҳу амонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва якпорчагии сарзамини муқаддас ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият моро мебояд кӯшиш ба харҷ диҳем ва баҳри шукуфоии Ватан софдилона меҳнат намоем. Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат фармудаанд: «Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон нияту нақшаҳои неки оғоз кардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем”.

Итминони комил дорем, ки сокинони меҳнатдӯсти диёрамон бо рӯҳияи баланди созандагӣ, дасту дили пок ва нияти нек меҳнат намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

 

Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Соли равон ба соҳибистиқлолии мамлакатамон 33 сол пур мешвад. Истиқлоли Тоҷикистон барои ҳар кадоми мо гавҳари ноёб аст. Онро ҳифзу  ҳимоя намудан вазифаи ҳар кадоми мост. Ҷахони пурталотум дар замони муосир  бар  сари  мардуми  олам  рӯи  ҳодисаву  вокеаҳои  басо  муташанниҷу гушнашудеро рӯ ба рӯ сохт.

Мо  ҳама  хуб  медонем,  ки  ташкилотхои  оппозитсионӣ  дар  ҳама  давру замон  алайҳи  ҳар  қавму  миллат  мухолифат  нишон  дода,  боис  ба  сар  задани моҷаро ва хатто ҷангҳои хунину даҳшатвор гардида буданд. Ва маҳз дар чунин ҳодисаву  воқеаҳои  нобасомонихо  нафароне  ҷоннисори  мекунанд,  ки  дар хақиқат ватандору ватандӯст ва сулхофару зидди душман ҷанговаронанд.

Кайд кардан бамаврид аст, ки агар имрӯзи мо ободиву озодии кишвар биҳиштосо бошад, маҳз  ба  шарофати  ҷонфидоёни Ватан ба даст омадааст, зеро хамаи моро маълум аст, ки дар  ҷанги шаҳрвандии бародар бо бародар мо чӣ кадар  нафарони  барумандеро  аз  даст  дода  будем  ва  ҳамаи  он  ба  рушди минбаъдаи  Точикистон  хеле  таъсири  манфӣ  расонидааст.  Аммо  боиси  хеле фараҳманд  гардидани  кулли  мардуми  шарафманди  тоҷик  буд,  ки  мо тавонистем  бар  зидди  мухолифини  кишварамон  дастболо  гардида,  миллати хешро аз дасти хоинону носипосон наҷот диҳем.

Масъалаи  шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгарою тундрав имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бисёр ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ таъсис ёфтаанд, ки дар ин ё он давлат зуҳур намуда, ҷавонони соддаю ноогоҳро ба доми фиреби худ  мекашанд.  Афсӯс, ки дар байни онҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо ҳам ҳастанд. Аз ҳамин лиҳоз барои мухолифони кишвар, ки бо ҳар гуна суханони авомфиребона суӣ мардуми мо тӯҳмат мезананд гуфтаниам, ки хар мухолифе бар зиддди қоидаву қонуниятҳои кишвар амалкарда бошад, кардааст. Ин барои кори касе ва ба миллате монеа набуд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик аз азал бомаданияту бофарҳанг ва меҳандӯсту Ватанпарвар буд. Қаҳрамонҳое, дошт ки  ба хотири ояндаи миллати худ, машаққатщои зиёд кашида буданд, яъне имрӯзи моро бар ивази ҷони хеш хариданд. Муҳимтар аз ҳама мо озоду соҳибиқболем. Ва Истиқлоли давлатиро дорем.

Пешвои муаззами миллат бошанд, сарвари арзандаву оқили кишвари мост. Сарваре, ки умри миллатро наҷот бахшидаву халқро ба озодӣ бароварда. Мардумони дар замони ҷанг гурезаҳоро аз хоки Афғонистон баргардонида ва ба зиндагониашон саодат бахшиданд. Ва хушбахтиовар он аст, ки бо нисори чунин ғамхориҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даҳҳо нафар фарзандоне, ки ҳамроҳи волидон ба хоки миллати ҷангзадаи Суриёву Ироқ пайвастаанд, бо ташаббусҳои башардӯстонаву меҳрубонона ба Ватан баргардониданд. Ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он дар љомеаи мо шароити мусоид фароњам оварда шудааст. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик имрӯз хушиқболу босаодат зиндагонии орому осударо паси сар мекунанд. Ба ҳамин хотир ҳифзу нигоҳдошти зарраи хоки Ватан қарзи ҳар як шаҳрванди баору номус ва поквиҷдонаш аст.

Давлату Ҳукумати кишвар бо талоши зиёде барои интихоби равиши зиндагонии шоиста камари ҳиммат баста, барои мардум ва некӯаҳволии онон кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд, то мардум аз чизе танқиси надошта бошанд.

Мо медонем, ки дар баробари ин ҳама заҳмату талошҳои бевосита дар кишвар бархе нерӯҳи сохтае пайдо шуда истодаанду ҷавонони моро ба ташкилоти ифротии худ мегараванд. Дар ҳамин раванд вазифаи мо аз он иборат аст, ки бояд худро шиносем ва гузаштагони худро шиносем, ки онҳо хело Ватандӯсту зиррак буданд ва манфиатҳои миллиро аз манфиати хеш боло медиданд.

Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем.

Инсони Ватандӯсту ватанпараст аз азал на ба хотири манфиати худ, балки ба хотири манфиати халқу миллат болотар аз хама арзиши олӣ  дошта бошад, зеро  инсони  комилақл  дарк  карда  метавонад,  ки  фазои  оромиву  озоди  худ тахкимбахши ақидахои солим буда, хидоятгари сулҳпарварист. Сулх, ки дар тамоми олам ҷовидону хукмрон бошад, хама хотирчамъу бепарешонӣ зиндагӣхоханд кард.

Бори дигар бо итминони комил гуфта метавонам, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дасти мост. Онро бояд гиромӣ  дошт ва ба қадри осудаҳоли бояд расид.

 

 

Низомадинова Р. А. . устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки вожаҳои ифротгароӣ – экстремизм ва тундгароӣ- радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

Мавзӯи муқовимат бо экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талошҳои чиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала рушанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намуданд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила роҳандозӣ менамуданд.

Рӯйдодҳои чанд моҳи охири ҷаҳон, тезу тунд гардидани вазъ дар кишварҳои  Украина, Афғонистон, Озарбайҷону Армаистон ва дигар кишварҳои дунё  терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари аввалияи умумибашарӣ эътироф шудааст. Кишварҳои дунёро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ пой бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.

Вагарна истиқлолияи побарҷо фурӯ хоҳад рафт.

Тоҷибой Бойматов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд