Санаи 10-уми сентябри соли 2025 дар доираи созишномаи ҳамкорӣ намояндагони Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд дар ҳайати муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишкада Исмоил Буланов ва роҳбари шуъбаи байналмилалӣ Виктория Лямкина ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ташриф оварданд.
Зимни мулоқот бо раёсати донишкадаи политехникӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ баррасӣ гардид. Дар асоси музокироти судманд шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки мақсади он таҳияи барномаи муштараки таълимӣ дар ихтисосҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва иқтисод мебошад. Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба таҳким бахшидани барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон миёни муассисаҳо музокира намдуанд, ки заминаи устувор барои мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва рушди барномаҳои таълимӣ дар соҳаи саноати сабук хоҳад гузошт.
Дар фарҷом, ҷонибҳо барои мулоқоти пурмазмун изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, зикр гардид, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ояндаи наздик баргузории дарсҳои кушод, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳо тақвият хоҳанд ёфт.