Тибқи нақшаи кории идораи корҳои тарбиявии донишкада санаи 10-уми сентябри соли 2025 бо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, мулоқот баргузор шуд.
Зимни мулоқот муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Гулшан Довудов ҳадафи мулоқотро шиносоӣ бо талаботи истиқомат дар хобгоҳ, риояи қоидаҳои будубош дар он, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, либосҳои миллӣ ва тавсиявӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, парҳез аз ифротгароӣ, фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тозаву озода нигоҳ доштани макони зист ва ҳудуди донишкада ва ғайра унвон намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои расидани як миллат ба Истиқлолияти давлативу миллӣ танҳо истиқлолияти ҷисмонӣ, ҳудудиву марзӣ кам аст, агар истиқлолияти маънавии ӯ набошад. Барои расидан ба мақсадҳои наҷиб ва пирӯзиҳои миллӣ ҳар халқро зарур аст, ки истиқлолият аввалан дар андеша, тафаккур ва шуури он ба даст оварда шавад. Яъне, бояд аввал истиқлолияти руҳӣ ва маънавиро ба даст овард ва соҳиби он шуд. Истиқлолияти руҳӣ ва маънавӣ ҳамон аст, ки ҳар яки мо ва дар маҷмуъ миллати мо маъно ва мафҳуми ватандӯстиро дарк ва дар сиришташ ҷо карда бошад.
Фаъолият ва кӯшишҳои бузургони хирадманди мо, нобиғагони илму адаби мо барои ба даст овардани ҳамин истиқлолият, яъне, истиқлолияти маънавӣ ва ҳамин маънавиёти бузург буд, ки ҳосили заҳматҳои илмию эҷодии бузургони гузаштаи мо буда, давоми таърихи гарону хунин миллати моро аз маҳвшавӣ нигоҳ дошт. Ва имрӯз мо бо ин маънавиёти бузургамон ифтихор мекунем. Имрӯз мусаллам аст, ки дар ин замони таърихие, ки миллати мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ гардидааст, мо бештар аз ҳар вақт бояд такя ба маънавиёти баланди худ бикунем, ин маънавиётро пеш барем, ба пирӯзиҳои нави иҷтимоию сиёсӣ, ба фатҳи арзишҳои нав ва армонҳои тозаи миллӣ бирасем.
Моро мебояд, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигарро дар навбати аввал гузорем. Чун хоҳару додар ва бародар бо ҳам тифоқ бошем. Риштаи дӯстиву рафоқатро дар муҳити рӯзмарра созгор ва пойдор нигоҳ бидорем.
Таъкид шуд, ки масъалаи танзими фазои иттилоотӣ имрӯз ба яке аз мавзуъҳои ҳассоси ҷомеа мубаддал гашта, ба шаклгирии афкори умум таъсир мегузорад. Нодида гирифтани ин раванд, зоҳир кардани бетаваҷҷуҳӣ ба роҳу усулҳои шаклгирии он метавонад дар оянда ба суботу амнияти ҷомеа ва устувории вазъи сиёсии мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад. Ҷомеашиносон бар ин назар ҳастанд, ки сабаби зиёдшавии шумораи ҷинояткорӣ байни ҷавонон бештар рӯ овардани онҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарзи нодурусти истифода аз онҳо мебошад. Воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигаронро, ки ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо ва қабул мекунанд, омили асосии даст ба ҷиноят задани онҳо мегардад.
Мулоқот бо суолу ҷавоб анҷом пазируфт.