Дар толори китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳо баргузор шуд.
Дар намоиши китобҳо асарҳои илмӣ, публитсистӣ ва бадеӣ бахшида ба дастовардҳои Истиқлолият муаррифӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар бораи Истиқлоли давлатӣ, моҳияти он, дастовардҳои беназираш, дар бораи он ки истиқлол ба мо, ба миллати мо чӣ дод, дар тавсифу ситоиши Истиқлоли давлатӣ он қадарҳо гуфтанду гуфтем, ки ба назар чунин метобад, ки сухани ногуфта намондааст. Аммо истиқлол мафҳуми бисёр паҳновар ва фарогир аст, падидаест, ки пайваста дар инкишофу пешравист, аз ин рӯ назари мо, муносибати мо ҳам ба он, ба моҳияти он, ба ҳимояву пойдории он, ба рушду нумӯи он низ бояд пайваста пеш равад. Истиқлоли давлатӣ моро соҳиби Ватани таърихиямон намуд, истиқлол миллати моро аз коми фано наҷот дод, истиқлол моро ба мо шиносонд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон доир ба мақому манзалати китоб дар сарнавишти инсон изҳор намуданд, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Дар намоиши китобҳо ҳамчунин асарҳои пурғановати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайраҳо муаррифӣ карда шуд, ки устодону донишҷӯён аз онҳо дидан намуда, бо муҳтавои он шинос гардиданд.
Шуъбаи кор бо ВАО