Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбасти Озмуни шаҳриҳои видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook таҳти унвони «Миллӣ будан – зебо будан аст!» бо тантана баргузор гардид. Озмун дар саҳифаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, бо ҷалби зиёди иштирокчиён ва намоиши корҳои эҷодии ҷолиб ҷамъбаст шуд.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, Раиси Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, профессор Назира Ғаффорӣ, Амирҷон Нурзода — директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ, собиқадорони ҳизб, занони фаъоли ҷомеа ва иштирокчиёни озмун ҳузур доштанд.
Масъулин дар суханрониҳои худ зикр карданд, ки ҳадафи асосии озмун — таҳким бахшидани ҳисси худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ташвиқи ҳунари наврасон ва ҷавонон дар роҳи тарғиби фарҳанги миллӣ мебошад.
ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Шоҳҷоиза
Насиби Ташкилоти ибтидоии «Сино» дар назди
Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ" гардид.
Ҷойи якум
Ниёзова Матлубахон – тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд.
Ҷойи дуюм
Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Осимӣ» дар назди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ.
Ҷойи сеюм
Ташкилоти ибтидоии «Олами афсона» дар назди
Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и вилояти Суғд.
Ба ғолибон диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби масъулини ҲХДТ супорида шуд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, бо иштироки ҷомеаи бонувони фаъол ва ҳаводорони ҳунар ҷамъбаст гардида, таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳо минбаъд низ ҷиҳати тарғиби фарҳанг ва ҳунари миллӣ идома хоҳанд ёфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО