29 ноябри соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон вобаста ба рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон ироа намуданд, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
Боиси сарфарозист, ки лоиҳаи инноватсионии омӯзгори калони кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрокаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Мавзуна Ахмедова дар самти “Усулҳои инноватсионии парвариши занбӯруғи вешенка, коркард ва тадбиқи он дар маҳсулоти хӯрока” тибқи қарори ҳакамони озмун баҳогузорӣ шуда, бо нишон ва шаҳодатномаи Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки мақсади асосии Озмун ин дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварони кишвар, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди неруи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.
Дастоварди мазкур ба ҷомеаи меҳнатии донишкада муборак бошад!
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО