ОМӮЗИШИ ПАЁМ: ОЯНДАИ ОБОД ВА ПЕШРАФТИ ВАТАН АЗ САТҲИ ДОНИШ, МАЪРИФАТ ВА ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН ВОБАСТА АСТ
Дар толори хурди раёсати донишкада бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоишро муовини директори донишкада Усмонҷон Ахмедов ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамешагӣ ба масъалаҳои калидии ҳаёти ҷомеа — рушди иқтисод, энергетика, илм, маориф, тарбияи ҷавонон, ҳифзи муҳити зист ва дигар масоили мубрами ҷомеа нигаронида шудааст. Барои мо, ҷомеаи меҳнатии донишкада ин ҳуҷҷат як дастури амал мебошад, ки вазифаҳои навро муайян мекунад ва ҳамагонро ба саъю кӯшиши бештар барои тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон водор месозад. Имрӯз мо на танҳо Паёмро меомӯзем, балки масъулияти худ ҳамчун омӯзгор дар татбиқи ҳадафҳои он эҳсос мекунем. Зеро Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки ояндаи обод ва пешрафтаи Ватан аз сатҳи дониш, маърифат ва ватандӯстии ҷавонон вобаста аст.
Сипас дар ҷараёни ҳамоиш устодон Шаҳзода Муъминова дар мавзуъҳои “Паём-раҳнамои фардои дурахшон” О. Раҳимов «Рушди энергетикаи мамлакат дар партави Паёмҳои Пешвои миллат», М. Аминҷонова «Нақши Паёми Пешвои миллат дар тақвияти иқтисоди кишвар», Н. Ҳомидова «Паём – раҳнамои ояндасоз», Ш. Шодиев «Аҳамияти фанҳои табиӣ-риёзӣ дар рушди илм ва техника ва пешрафти ҷомеа дар Паёми Президент» ва дигарон маърӯза намуданд.
Таъкид шуд, ки дар Паёми Роҳбари давлат рушди устувори иқтисод ҳамчун ҳадафи стратегӣ муайян гардида, ба нигоҳ доштани суръати баланди рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо панҷ соли охир, суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки рушди иқтисод бояд на танҳо аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокӣ, ҳосилнокӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ таъмин карда шавад. Воқеан ҳам саноатикунонии босуръат — омили калидии пешрафт. Яке аз меҳварҳои асосии Паём идомаи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Дар ин замина: таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ; коркарди ашёи хоми ватанӣ; коҳиш додани вобастагӣ аз воридот; афзоиши маҳсулоти содиротӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди иқтисод арзёбӣ мегарданд.
Дар анҷоми ҳамоиш изҳори умедворӣ карда шуд, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти кормандони соҳаи маорифро дучанд намуда, онҳоро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда ҳидоят менамоянд.
Бешубҳа, татбиқи пайгиронаи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат омили асосии таъмини ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол хоҳад буд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО