Зиёда аз 32 сол аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат рушд карда ба муваффақиятҳои беназир ноил гашт ва ба ҳайси кишвари намоен дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо кард.

Барои ҷавонон ҳар як ҷузъи фаъолияти ин шахсияти таърихӣ нишони таҷриба мебошад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба ҷавонон вобаста аст. Аз ин лоҳоз мебояд  аз  мактаби роҳбарии Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бархўрдор бошем.

Имрўз миллатҳо ва халқиятҳое вуҷуд доранд, ки давлати мустақил надоранд ва дар орзуи доштани давлати соҳибистиқлол ва ободу осудаанд.  Хатарҳои ҷаҳонӣ торафт инкишоф ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз қабили терроризм ва экстремизм, ҷангҳои иттилоотӣ, бархўрди тамаддунҳо, тағйирёбии иқлим ва ғайра, ки ба ҳалокати зиёди инсонҳо оварда истодааст.

Аз ин рў, моро мебояд, ки ҳарчи бештар ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ диққат дода, ҷиддитар ба омўзиши илмҳои муосир, забономўзӣ, ашъори бузургон, омодасозии мутахассисони хуб, пос доштани ойинҳои миллӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои истиқлоли давлатӣ саргарм бошем. Баҳри устувору поянда нигоҳдории истиқлоли миллӣ, тараққиёт ва рушди босуръати тамоми соҳаҳои давлатдорӣ аз натиҷаҳои мактаби роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ карда, нагузорем, ки касе ба рушди  сарзамини аҷдодӣ халал ворид созад.

Дар  ин замина донишу маърифати ҷавонон бояд ба талаботи ҷомеаи имрўз ҷавобгў бощад ва ҷиҳати рушди мамлакат, якпорчагӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босубот, амнияти кишвар, идомаи сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат ва ҳифзи истиқлоли миллӣ саҳми босазои худро гузоранд.

Ҳамин тавр, ҷавонон дар шароити кунунӣ метавонанд, пайрави  Пешвои миллат шуда, барои ягонагӣ, сарсабзӣ, рушди кишвари азизамон – Тоҷикистон, расидан ба ҳадафҳои олии  мамлакат, устувории пояҳои давлатдорӣ ва таҳкиму ҳифзи истиқлоли давлатӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.

 

Исмоилова С.К.

 ассистенти кафедраи МО ва Ф

 ДПДТТХ ба номи М.С.Осимӣ.