Ҳар халқу миллатро бо таъриху тамаддунаш мешиносанд ва олимону мутафаккирон онро муаррифӣ менамоянд.

       Тоҷикон таърихи хеле қадима дошта он ба умқи асрҳо рафта мерасад. Таъриху тамаддуни халқи тоҷик шӯҳрати оламшумул пайдо намуда, боиси ифтихору сарфарозии ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

       Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки ба ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Ин миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

        Дар тақвияти андешаҳои Сарвари мамлакат доимо ба хонандагону толибилмон таъкид менамоям, ки халқи тоҷик диловарону қаҳрамонҳои ҷасур дорад, ки номи онҳо абадан дар саҳифаҳои таърих сабт гардидааст.

      Яке аз сарчашмаҳои муҳим ва мӯътамад китоби «Тоҷикон» - и академик Б.Ғафуров мебошад, ки он оид ба таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав маълумоти муфассал медиҳад.

       Дар Паёми Сарвари мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардида буд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси Ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

       Вобаста ба ин тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар гардид.

       Ин китоби арзишманди илмӣ ба оилаи мо низ дастрас гардид, ки онро ҳамроҳи наберагон мутолеа намуда, аз корнамоиҳои тоҷикон огоҳ мешавем.

        Инчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихорӣ миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад.

     Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии  «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ҷараён дорад. Банда низ ҳамарӯза ҳамроҳи наберагон ба хондани  шоҳасари илмӣ, китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров машғул мешавам.    

      Ҳамин тавр, шоҳасари «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, худшиносӣ ва меҳанпарастии ҳар як шаҳрванди мамлакат заминаи боэътимод мегузорад.

   Исмоилов Исмоилҷон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд