Ба диёри офтобию ҳамешабаҳори мо Наврӯзи ҳуҷастапай мерасад.

Ба ифтихори ин ҷашни бошукӯҳ  ва дар доираи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар факултети муҳандисӣ- технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон озмуни «Лоиҳасоз ва макетсози беҳтарин» доир гардид.

Саҳни бинои факултет идона оро дода шуда, наздики 50 тарҳи хонаҳо ба маърази тамошо гузошта буд. Онсӯтар духтарони чеҳрахандони факулта мувофиқ ба фасли баҳор либоси идона ба бар доштанд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ  бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи Раёсати донишкада шодбош гуфт. Таъкид гардид, ки факултети мазкур пайваста бо иқдомҳои наҷиби худ дар  баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, завқи зебоипарастӣ ва худшиносии ҷавонон ва амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар  саҳми муносиб мегузорад. Мавсуф аз баргузории чорабиниҳои «Рушди туризм аз нигоҳи ҷавонон» ва «Об манбаи ҳаёт» ёдовар шуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки минбаъд низ чунин навоварию ташаббускориро шеваи кори худ донанд.

Амиртемур Ваҳҳобов, декани факултети мазкур аз дастгириву ғамхориҳои Раёсати донишкада , шахсан сарвари он Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ёдовар шуда, баён дошт, ки маҳз фароҳам будани шароити мусоиди таълимӣ, мусоидат намудан барои баргузории машғулиятҳои амалист, ки донишҷӯён ва устодони донишкада пайваста дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявиву вилоятӣ ғолиб меоянд.

Бо муаррифии ҳайати ҳакамон озмун дар ду бахш – «Лоиҳасози беҳтарин» ва «Макетсози  беҳтарин» оғоз гардид. Ба ҳунари малакаи донишҷӯён меҳмонон аз идораи лоиҳасозӣ ва меъмории вилоят, мутахассисони корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН» баҳои воқеӣ доданд.

Дар ҷамъбаст дар бахши озмуни «Макетсози беҳтарин» дар номинатсияи «Макети ғайриматоӣ» донишҷӯ  Мунаввара Раҳматова ҷойи аввал, Заррина Рӯзиева ҷойи дуюм ва Зарифҷон Муқумов мақоми сеюмро касб намуданд. Дар номинатсияи «Макети матоӣ» бошад, Сурайё Раҳатқулова ҷои якум, Шоҳина Отабекова ҷойи дуюм ва Розия Ваҳҳобова мақоми сеюмро ишғол намуданд. 

Дар бахши «Лоиҳаи бехтарин» тарҳи хонаи сохтаи Муҳаммад Ҳикматов беҳтарин донишста шуд. Зинаҳои баъдиро Ғайрат Дӯсматов ва Далер Қурбонов ишғол намуданд.

Ба ҳамаи ғолибон Ифтихорнома ва  тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада, садорати факулта ва ширкати мобилии «Мегафон» дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин кулли иштирокдорон бо Сипосномаи факултет тақдиронида шуданд.