Варзиш қосиди сулҳ ва тараннумгари ҳаёти осоишта маҳсуб ёфта, ҳамзамон сипари боэътимод барои нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо маҳсуб меёбад. Солҳои охир дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ ва варзиш аҳамияти хосса дода мешавад. Ҳамаи мо худ шоҳидем, ки шинохти кишвару миллатҳо ба рушди соҳаи варзиш сахт марбут аст. Масалан кишварҳои Англияву Испанияро бо футболбозони хубаш мешиносанд. Ва чемпионатҳои футболи ин мамлакатҳоро миллионҳо нафар сокинони сайёра тамошо мекунанд. Кишвари Русияро хоккейбозони сатҳи ҷаҳонӣ ва варзишгарони соҳаи сабук муаррифӣ месозанд

Солҳои охир Тоҷикистонро варзишгарони номиаш Дилшод Назаров, Мавзуна Ҷориева, Ҷаҳон Қурбонов, Беҳрӯз Хоҷазод, Муҳаммадхӯҷа Ёқубов, Соҳиб Усаров ва даҳҳои дигар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Дар робита ба ин дирӯз бо мақсади мулоқоти озоду шаффоф бо ҷавонон ва варзишгарони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва сармутахассиси шуъбаи мазкур Дилшод Убайдуллоев ба донишкада ташриф оварданд.

Фаррух Аминов, муовини директор оид  ба тарбияи донишкада меҳмононро аз номи Раёсати донишкада ва шахсан аз номи сарвари донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми кишвар дар донишкада ба рушди соҳаи варзиш аҳамияти хосса дода мешавад. Соле қабл бо дастгирии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар назди хобгоҳи донишкада майдончаи футболбозӣ мутобиқ ба шроитҳои имрӯза мавриди истифода қарор гирифта, ду толори варзишӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.

Ҷамшед Масаидов, раиси созмони ҷавонони донишкада аз дастовардҳои варзишгарони донишкада ба монанди Орипов Мирзобаҳодур, Орипов Мирзоикром, Исобоев Хуршед, Рашилов Хуршед, Далатов Меҳроб, Воситзода Иқбол, Раҳмонов Юнус, Қурбонов Искандар ва Қурбонов Ислом  ёдовар шуда, таъкид намуд, ки варзишгарони донишкада мунтазам дар мусобиқаҳои сатҳи осиёиву дохилиҷумҳурӣ ширкати фаъолона дошта,  дар баъзе аз намудҳои варзишӣ шарафи вилоятро дар спартакиадаҳои ҷумҳурӣ ҳимоя мекунанд.

Бахтиёр Исматҷонов дар баромади худ саҳми донишкадаро дар рушди соҳаи варзиши шаҳри Хуҷанд нек арзёбӣ намуда, қайд намуд, ки фароҳам овардани шароити машқу тамрин барои донишҷӯён аз рӯи  намудҳои гуногуни варзиш худ гувоҳи он аст, ки имрӯз дар сатҳи роҳбарияти донишкада ба рушди соҳа аҳамияти хосса дода мешавад. Баргузории якчанд чорабиниҳои вилоятӣ дар толори варзишии донишкада гувоҳи онро медиҳад, ки толорҳои варзишӣ ҷавобгӯ ба меъёрҳо мебошад. Ӯ дар идомаи баромади худ таъкид дошт, ки дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 280 иншооҳои варзишӣ амал мекунанд, ки дар ин машқгоҳҳо наздики 6 ҳазор ҷавонону наврасон машқу тамрин мекунанд. Дастовардҳои варзишии варзишгарон хеле хуб буда, танҳо соли гузашта, варзишгарони Хуҷандшаҳр аз ҳамаи мусобиқаҳо 2811 медал гирифтанд, ки аз ин шумор 980 ададро медали тилло ташкил медиҳад. Номбурда аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар фурсатҳои холӣ ба мактабҳои варзишии шаҳр ва вилоят, ки онҳо 10 ададанд номнавис намуда, тарзи ҳаёти солимро пеш баранд. Ба варзиш машғул будан ҷавононро аз ҳама гуна амалҳои бад, аз қабили шомил шудан ба ҷараёнҳои ифротӣ боз медоранд.

Ҷавонони фаъоли донишкада зимни саволу ҷавоб зикр доштанд, ки минбаъд низ дастовардҳои варзишии донишкада ва шаҳрро боз ҳам зиёдтар менамоянд.

Бо ҳамин чорабинӣ анҷом ёфт.