Дурӯғ инсонро бефурӯғ месозад, ки ҳақ асту рост. Дар ин замона, ки техникаву технология ба суръати кайҳонӣ ба пеш меравад, дар сайтҳои интернетӣ баҳри ҷалби диққати мардум ва гумроҳ кардани ҷавонон иттилооти бардурӯғу иғвоангез бисёр сабт мегарданд. Лекин мо, ки ин истиқлолият ва ободиро бо хуни дил ба даст оварда, бунёд кардаем, набояд ба суханҳои ифротангез   бовар кунем ва оромии кишварро халалдор созем. Онҳое, ки ба ҳизбҳои гуногуни нораво ва гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҳамроҳ шудаанд, аксар ҷавонон мебошанд ва саводи кофӣ надоранд. Ин аст, ки маълумоти дурӯғини интернетиро хонда, аз худ чизҳои дигарро зам намуда, паҳн менамоянд, ки ин хиёнат ва иғвогарист. Худ қазоват кунед ва бингаред, ки тӯли зиёда аз 20 сол мо ба чӣ қадар пешравиҳо ноил гардидем ва зиндагонии мардуми Тоҷикистон хубу беҳтар гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ҳамон рӯзҳои сахти нооромии кишвар ҷонро ба гарав монда, миллатро аз парокандагию  Тоҷикистонро аз харобшавӣ боздоштанд. Аз сол ба соле дар чашми мо пешравию созандагӣ зиёда мегардад. Магар метавон инҳоро инкор ё нодида гирифт?! Албатта не! Пирони рӯзгордида даст ба дуо бардошта, мегӯянд, ки мо ин хел рӯзҳоро орзу мекардем. Зеро барои ҷавонон ҳама чиз дастрасу барои илму ҳунаромӯзӣ имкониятҳо фаровон. Ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар донишкадаҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсил доранд ва бо истифода аз техникаву технологияи нав  дар озмунҳои инноватсиониву ихтироъкорӣ ширкат варзида, ҷойҳои сазоворро ба даст меоранд. Дар ҳунаромӯзӣ низ ҷавонони имрӯза комёбу муваффақанд.

Масалан, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ихтисоси дизайн ва меъморӣ ҷавондухтарону ҷавонписарон дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ иштирок карда, ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд ва бо ҳунари хеш исбот намуданд, ки эшон пайрав ва давомдеҳи ҳунари ниёконамон мебошанд. Ин мисолҳоро мо баршумурдем, ки қатрае аз баҳр аст ва нишонаи бахти миллати мост. Дигар газофагӯиву жожхоии онҳое, ки пешравии кишварамонро нодида мегиранд, ҷое намеғунҷад ва ба онҳо боварӣ ҳам нест. Зеро онҳо дурӯғгӯву хиёнаткор ба ватан ҳастанд ва чизи мавҷудро нодида мегиранд. Аз худи мардуми меҳнакаш суол кунед, баъд мефаҳмед, ки ҳақиқат куҷост. Чунки танҳо дар фазои орому осуда метавон ризқу рӯзиро  дарёфт. Бинобар ин онҳо низ дар ҳайратанд, ки чаро ба баъзе нафарон тани сиҳату оромӣ номақбул асту ношукрӣ мекунанд. Мо хуб медонем, ки имрӯз тарбияи насли наврас аввал аз оила оғоз меёбад. Волидайни муҳтарамро лозим аст, ки сараввал худ соҳиби маърифат ва одоб бошанд.

Вақте ки фарзандони эшон ба муҳоҷират ва ё хондан мераванд, ба онҳо насиҳат намуда, аз ҳадафу мақсадашон бохабар бошанд. Ҷавононе ки ба ҳаракату  равияҳои номатлуб гаравида мешаванд, аксарашон аз назари падару модар дур буда, ё бесавод ё аз суҳбати ашхоси ғаразнок гумроҳ гардидаанд. Бинобар ин мо бояд ҳушёрии зиракиро аз даст надода,  дар тарбияи фарзандони худ боэҳтиёт бошем. Бисёр ҷавонон ба воситаи интернет наворҳои гуногуни  пурдурӯғро сабт карда, бовар мекунанд ва паҳн ҳам месозанд. Ҳол он ки барои исботи ростии он ягон санаду далеле оварда нашудааст ва ё баъзан аҳодиси набавиро нодуруст таҳрир намуда, афкори сиёҳи хешро талқин менамоянд. Имоми Аъзам дар таълимоти худ ба назар гирифтани 7 чизро дар ҳалли масоил ва мушкилот маслиҳат медиҳанд, ки яке аз онҳо урф ва истеҳсон аст. Яъне ба назар гирифтани урфу одати замона ва ҳусни тафоҳуми ҷомеа аст.

Масалан, ҷавонон суннати паёмбарамон гӯён риш мегузоранд ва пайравӣ ба либоси бегона мекунанд, аммо аз фарҳанги миллии  худ бехабар ҳастанд. Аз наомӯхтан ва надонистан ҳам гумроҳу ғофил мемонанд. Бинобар ин беҳтарин пироя ва хуштарин сармоя дар олам илму дониш аст, ки инсонро гиромӣ медорад. Дигар, аз адаб ва хасоили одаму одамгарӣ бохабар будан мебошад. Аз дуруғӯ иғвогарӣ парҳез бояд карду оромиву тинҷӣ ва истиқлолияти кишварро ҳифз бояд кард.     

Файзиева Ш.М. – омӯзгори ДПДТТ ба номи ак. М.Осимӣ