Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомали Раҳмон ҳар сол дар пайёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар, ҳамчун донандаи асрори хуби ҷаҳони сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавии кишвар иқдомеро баён месозанд, ки он бешак дар ҳаёти мардуми кишвар таккони хубе хоҳад шуд.

Соли 2017 – умро Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон намуда буданд, ки ҳадафи ташаббус он буд, ки пеш аз ҳама завқи ҷавононро ба давлату давлатдорӣ баланд намуда, онҳоро водор созанд, ки дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар фаъолу намунавӣ бошанд.

Бешак, ин тадбири оқилонаи Пешвои миллат бо муваффақият дар амал татбиқ гашта, дар ҳамаи зинаҳои фаъолияти меҳнатӣ, хониш, эҷодкорӣ ҷавонон фаъол буданд. Дар таҳсилу омӯзиш ҷавонон боз ҳам кӯшиш намуданд, ки хубтару аъло хонда, рафтори намунавӣ дошта бошанд ва дар натиҷа шумораи ҷавонони дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ иштирок мекардагиҳо бомаротиб зиёд гаштанд. Ҷавонон дар ширкатҳои хусусӣ ва давлатӣ ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гашта, дар натиҷа дар кишвар сафи корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ боз ҳам зиёд гардид.

Зимни ироаи Паёми навбати Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки он бешак барои пешрафти мамлакатамон замимаи хубе хоҳад гузошт. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон дорои манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунанда аст. Дар як муддати кӯтоҳ мо мушоҳида хоҳем кард, ки сафи ҷавонписарону ҷавондухтарони ба ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳзоҳирменамуда хело зиёд гашта, дар натиҷа сафи корхонаҳои ба ҳунарҳои мардумӣ майл дошта, меафзоянд. Дар натиҷа барои мардум ҷойҳои хело зиёди корӣ пайдо мешаванд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҷавонон ба ҳунару ҳунармандии мардумӣ рӯй оварда, зиндагиашонро беҳтар месозанд. Тоҷикистон, ки ватани кӯҳҳову обҳои мусаффоест диққати мардуми оламро аллакай ба худ кашидааст ва соли равон сафи сайёҳон ва дӯстдорони табиати зебои Тоҷикистон ҳазорҳо маротиба зиёд гашта, боз ҷойҳои корӣ, боз маблағи зиёд ба буҷа ворид хоҳад шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Яке аз ташаббусҳои созанда ҷиҳати дастгириву осон намудани кори косибону ҳунармандон ин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад.

Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи моро нисбат ба Паёми Пешвои миллат ҷалб кард, норасоии кадрҳои соҳаи фарҳанг мебошад.Фарҳанг муаррифгари таъриху тамаддун ва адабиёту санъати ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд ба ин соҳа аз маърифати баланд ва санъатдӯстии Сарвари давлат дарак медиҳад. Ва дар ин ҷода таъкиди Пешвои миллат барои ба муассисаҳои фарҳангӣ ҳар чи бештар ҷалб намудани мутахассисон ва бо ин роҳ таккон бахшидан ба раванди баланд бардоштани сатҳи маорифу маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон боиси дастгирист.

Аз ин лиҳоз, мебояд барои сари вақт амалӣ намудани иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат камари ҳиммат бандем.

 

Муслимахон Ҳакимова,

донишҷӯи гурӯҳи 2_25.01.04та