Вазъияти ҷаҳони имрӯза, бархӯри манфиатҳои кишварҳои абарқудрат аз ҳар як фарди масъулиятпешаву худогоҳ тақозо дорад, ки дар ҷомеа нақш ва мақоми худро дошта бошад. Зеро аҳлу тифоқ набудан, мавқеи сиёсӣ надоштан, бетарафӣ мамлакатҳои зиёдро ба вартаи ҷангу хунрезӣ овардааст. Имрӯз мамлакатҳои арабӣ чун монанди Ироқу Сурия маҳз аз костагии дониши сиёсӣ, набудани роҳбалади қавию ҳушманд ва гумроҳии ҷавонон наметавонанд низоми давлатдории худро пеш баранд ва «бозича»-и дасти абарқудратон гардидаанд.

Бадбахтона, ин зуҳуроти номатлуб сол то сол доман густурда, қувваҳои зиёди иртиҷоӣ мехоҳанд мамлакатҳои тинҷу осударо ба марзи ҷангу хунрезӣ кашанд.

Тоҷикистони озоду обод, ки дар минтақаи Осиёи Миёна аз лиҳози геополтикӣ мавқеи устуворро касб кардааст, пайваста дар мадди назари гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ қарор дорад. Азбаски имрӯз давлат қудрату тавононои ҳифзи марзу бумро дорад, хоҷагони беруна мехоҳанд авзои сиёсии кишварро аз дарун вайрон созанд. Мақсади ҳизби террористиву экстремистии наҳзати исломии Тоҷикистон, ки алҳол «бозича»-и давлатҳои исломӣ ҳастанд, маҳз ҳамин аст. Аз ин хотир онҳо як гуруҳ ҷавонон, рӯзноманигорони тоҷики муқими давлатҳои аврупоро ба даври худ кашида бо додани дастмояҳо барои сиёҳ кардани Тоҷикистон кӯшиш варзида истодаанд. Аммо тирашон ҳамвора хок мехӯрад. Зеро ҳизбе, ки пояи устувор, аъзои содиқ надорад, шикаст мехӯрад. ҲНИТ ҳизбе аст, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ мекӯшид манфиатҳои шахсии худро боло мегузоштанд. Онҳо замони Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ танҳо дар он сурат ба сулҳи бебозгашт имзо монда буданд, ки Ҳукумат курсиҳои мансабиро дар ҳаҷми 30 дар сад дод. Аммо худатон шоҳиди ҳол шудед, ки ягон нафари онҳо барои пешбурди кишвар заҳмат накашиданд. Ҳар яке бо «қаҳрамони»- ҳои худ аз вазифа рафтанд. Қазияи генерали ошӯбгар Ҳалим Назарзода парда аз рӯи бадкории ҲНИТ бардошта шуд. Пештар ин ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ва ошкоро зидии давлат ва Ҳукумат баромад. Зимни санҷиши фаъолияти ин ҳизб ошкор шуд, ки ҲНИТ ба ҷои пиёда сохтани барномаҳои таҳия кардааш, сокинонро ба шиапарастиву шахсиятпарастии Кабирӣ даъват кардааст. Онҳо бо истифода аз масҷиду маъракаҳои мардум нафароне, ки ришу ҳиҷоб намепӯшанд ба кофарӣ бароварда, ҳар касеро ки ба ҳизби наҳзат шомил намешуданд, ба  Худою расул душман эълон мекарданд. Мақомотҳои қудратӣ маҷбур шуданд, то чанде аз роҳбарони олии онҳоро бинобар паҳни иттилооти терроризму экстремизм ба маҳкама кашанд. Саркардагон ба  ҷои исботи бегуноҳии худ рӯ ба гурез ниҳода, имрӯз дар хориҷа бо истифода аз расонаҳои бардурӯғи хориҷа ба иғвою дасисаҳо машғуланд.

Як чиз айён аст, ки кӯшишҳои онҳо беҳуда аст. Зеро халқ заршинос аст. Сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИТ бохабаранд, бинобар ин ба дасисаҳои иғвогаронаи онҳо дигар бовар нахоҳанд кард. Зеро фардои ин миллат дурахшону ояндаи ин ҳизб тира аст.