Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократию дунявӣ буда, барои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тариқи қонунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон  то соли 2015 ҳамчун ҳизби эътироф гардида, фаъолият бурда рӯи рост ва бо роҳи пинҳонӣ ба амнияту сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдидҳо ва ищвогарии зиёд менамуд. Баъди ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли 2015, террористӣ ва экстремистӣ будани ин ҳизб аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда шуд.

         Амалиётҳои собиқ муовини Вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода, ки 4-уми сентябри соли ҷорӣ ҳамчун кирдорҳои ҷиноятии террористӣ, экстримистӣ, ташкили дастаи ҷинояткорона, ки барои бо роҳи зӯровари ғабс намудани ҳокимияти давлатӣ равона шуда буданд, бори дигар ҳизби ифротӣ будани Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро исбот намуд.

         Аз ҷониби мақомоти қудрати муайян ва исбот карда шуд, ки ташкилкунандаи ин амали ҷинояткорона собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мебошад.

         Назарзода бо дастур ва супоришҳои бевоситаи М.Кабирӣ зиёда аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятиро ташкил ва роҳбарӣ намудааст, ки аъзоёни фаъоли ин гурӯҳҳо аз қабили сарсупурдагони ҳизби щайриқонунии Наҳзати ислом ба шумор мерафтанд.

         Кабирӣ оқибатҳои ин амалҳои ҳаммаслакони худро пешбинӣ намуда, барои саркаши  кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ  ба давлатҳои Аврупо фирор кард ва ҳамчун ҷинояткор дар тафтишоти байналмиллалӣ мебошад. Ӯ инчунин хуб медонист, ки рӯзе бо ин кирдорҳояш беватан мегардад ва дар Олмон молу мулк ва хонаҳои истиқоматӣ харида дар бонкҳои хориҷӣ маблағҳои аз ватан ҷамъ намудаашро гузоштааст. Муҳиддин Кабирӣ аз оғози давлатдории соҳибистиқлоламон сабабгори рехта шудани хуни чандин нафар бегуноҳон гардида, ин дафъа низ мехост худро бегуноҳ гирад. Баъди ҳамаи ин кирдорҳои ҷиноӣ Кабирӣ боз иғвоангезиашро давом дода, аз минбари донишгоҳи Ҳейлделберги Олмон ва дигар сомонаҳо баромад намуда, дасисаю фитнаангезӣ ва тӯҳматҳои беасоси худро давом дода истидааст. Собиқ сарвари Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон   Муҳиддин Кабирӣ агар қатрае виҷдон дошта бошад, бояд барои гуноҳҳои азиме, ки дар ҳаққи давлат ва миллати тоҷик содир намуда, муддати тӯлонӣ як гурӯҳ одамонро ба роҳгумӣ бурдааст ҷавоб диҳад.

         Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт. Мардуми сулҳҷӯву сулҳофари тоҷик ҳеҷ гоҳ ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯву ифротиро ва роҳбарони худбину мансабталоши онро намеписанданд. Ҳодисаҳои 4-уми сентябри соли равон, ки зери роҳбарии собиқ раиси ҲНИТ сурат гирифт, нафрати мардумро ба ин ҳизб ва роҳбаронаш боз ҳам зиёдтар намуд.  Мо тарафдори он ҳастем, ки ҷинояткорону хиёнаткорони Ватан чун Кабирию дигар аъзоёни ҲНИТ барои ин кирдорҳои нангину нобахшиданӣ дар назди қонун ва мардуми тоҷик ҷавоб гӯянд.

Насим Тошхӯҷаев,

устоди ДПДТТ

                                                                                                                                                                                                 дар шаҳри Хуҷанд