Санаҳои санаҳои 15-16 марти соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани Ҷоми академияи илмҳо баргузор гардид.  Дар олимпиада аз 24 муассисаҳои олии кишвар  251 нафар ғолибони олимпиадаҳои дохилидонишкадавӣ аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ ва астрономия  дониши худро санҷиданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯён ба илмҳои гуногуни муосир, васеъ намудани мафкураи илмӣ, ташаккули фикрронӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ба ин восита устувор гардонидани иқтидори илмии кишвар мебошад. 

Шарафи донишкадаи моро 7 нафар ғолибони дохилидонишкадавӣ ҳимоя намуданд. Дар натиҷа Худойқулов Шаҳбоз аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва Бобоҷонов Хуршед аз фанни физика мақоми сеюмро ишғол намуда, Дилшод Исмоилзод аз фанни технолоияи информатсионӣ ва Амирҷон Раҳимов аз фанни математика ҷойи чорумро ишғол намуда, соҳиби Ифтихорнома гардиданд. 

Шогирдонро ба ин озмуни бонуфуз Парвиз Солиев ва Тайиба Бобоева раҳнамоӣ намуданд.

Раёсат, кулли устодону шогирдони донишкада ҳамаи устодону иштирокчиёни олимпиадаро, ки тайи чанд рӯз дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо ин дастовард табрик намуда, ба онҳо дар кору таҳсил барор хоҳонанд.